Сура 39 Аз-Зумар (Ҷамоъатҳо), оят 71 – 75

  1. وَسِيقَ الَّذِينَ كَفَرُوا إِلَىٰ جَهَنَّمَ زُمَرًا ۖ حَتَّىٰ إِذَا جَاءُوهَا فُتِحَتْ أَبْوَابُهَا وَقَالَ لَهُمْ خَزَنَتُهَا أَلَمْ يَأْتِكُمْ رُسُلٌ مِنْكُمْ يَتْلُونَ عَلَيْكُمْ آيَاتِ رَبِّكُمْ وَيُنْذِرُونَكُمْ لِقَاءَ يَوْمِكُمْ هَٰذَا ۚ قَالُوا بَلَىٰ وَلَٰكِنْ حَقَّتْ كَلِمَةُ الْعَذَابِ عَلَى الْكَافِرِينَ

    Кофирон гурӯҳ-гурӯҳ ба сӯйи дузах ронда мешаванд. Ҳамин ки ба он ҷо мерасанд, дарҳояш кушода мегардад ва нигаҳбононаш мегӯянд: «Оё паёмбароне аз миёни худи шумо ба суроғатон наомаданд, ки оёти Парвардигоратонро барои шумо мехонданд ва дар бораи дидори ин рӯз ҳушдор медоданд? Онон [дар посух] мегӯянд: Оре, вале [мо инкорашон кардем ва] фармони муҷозот сазои кофирон аст»

    39:71
  2. قِيلَ ادْخُلُوا أَبْوَابَ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا ۖ فَبِئْسَ مَثْوَى الْمُتَكَبِّرِينَ

    [Ба онон] Гуфта мешавад: «Аз дарҳои дузах ворид шавед ва ҷовидона дар он ба сар баред. Ва [ба ростӣ] ҷойгоҳи мутакаббирон чи бад [ҷойгоҳе] аст!»

    39:72
  3. وَسِيقَ الَّذِينَ اتَّقَوْا رَبَّهُمْ إِلَى الْجَنَّةِ زُمَرًا ۖ حَتَّىٰ إِذَا جَاءُوهَا وَفُتِحَتْ أَبْوَابُهَا وَقَالَ لَهُمْ خَزَنَتُهَا سَلَامٌ عَلَيْكُمْ طِبْتُمْ فَادْخُلُوهَا خَالِدِينَ

    Ва касоне, ки аз Парвардигорашон парво доштанд, гурӯҳ-гурӯҳ ба сӯйи биҳишт ҳидоят мешаванд. Ҳамин ки ба он ҷо мерасанд, дар ҳоле ки дарҳои биҳишт кушода шудааст, [бо иззату эҳтиром ворид мешаванд] ва нигаҳбонони он ҷо мегӯянд: «Салом бар шумо. Хуш омадед. Ҷовидона ба биҳишт дароед»

    39:73
  4. وَقَالُوا الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي صَدَقَنَا وَعْدَهُ وَأَوْرَثَنَا الْأَرْضَ نَتَبَوَّأُ مِنَ الْجَنَّةِ حَيْثُ نَشَاءُ ۖ فَنِعْمَ أَجْرُ الْعَامِلِينَ

    Биҳиштиён мегӯянд: «Ситоиш ва сипос махсуси Аллоҳ таоло аст, ки ваъдаи хешро дар мавриди мо таҳаққуқ бахшид ва сарзамин [-и биҳишт]-ро ба мо мерос дод, ки дар ҳар ҷойи он бихоҳем, манзил мегирем. Ва [ба ростӣ] подоши аҳли амал чи некуст»

    39:74
  5. وَتَرَى الْمَلَائِكَةَ حَافِّينَ مِنْ حَوْلِ الْعَرْشِ يُسَبِّحُونَ بِحَمْدِ رَبِّهِمْ ۖ وَقُضِيَ بَيْنَهُمْ بِالْحَقِّ وَقِيلَ الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ

    [Дар он рӯз] Фариштагонро хоҳӣ дид, ки перомуни Арш ҳалқа задаанд ва Парвардигорашонро ба покӣ меситоянд. Ва миёни мардум ба ҳаққу адолат доварӣ хоҳад шуд ва гуфта мешавад: «Ситоишу сипос махсуси Аллоҳ таоло Парвардигори ҷаҳониён аст»

    39:75

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»