Сура 39 Аз-Зумар (Ҷамоъатҳо), оят 53 – 63
-
قُلْ يَا عِبَادِيَ الَّذِينَ أَسْرَفُوا عَلَىٰ أَنْفُسِهِمْ لَا تَقْنَطُوا مِنْ رَحْمَةِ اللَّهِ ۚ إِنَّ اللَّهَ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ جَمِيعًا ۚ إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ
[Эй Паёмбар] Ба бандагонам, ки [дар иртикоб ба ширку гуноҳ] зиёдаравӣ кардаанд, бигӯ: «Аз раҳмати илоҳӣ маъюс набошед, чаро ки [агар тавба кунед] Аллоҳ таоло ҳамаи гуноҳонатонро мебахшад. Ба ростӣ, ки Ӯ бисёр омурзанда ва меҳрубон аст
39:53 -
وَأَنِيبُوا إِلَىٰ رَبِّكُمْ وَأَسْلِمُوا لَهُ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَأْتِيَكُمُ الْعَذَابُ ثُمَّ لَا تُنْصَرُونَ
Пеш аз он ки азоб ба суроғатон биёяд ва ҳеҷ кас натавонад ёриатон кунад, ба сӯйи Парвардигоратон бозгардед ва таслими [фармони] Ӯ гардед
39:54 -
وَاتَّبِعُوا أَحْسَنَ مَا أُنْزِلَ إِلَيْكُمْ مِنْ رَبِّكُمْ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَأْتِيَكُمُ الْعَذَابُ بَغْتَةً وَأَنْتُمْ لَا تَشْعُرُونَ
Ва пеш аз он ки ногаҳон, дар ҳоле ки ғофилед, азоб ба суроғатон биёяд, аз беҳтарин дастурҳое, ки аз ҷониби Парвардигоратон ба шумо нозил шудааст, пайравӣ кунед
39:55 -
أَنْ تَقُولَ نَفْسٌ يَا حَسْرَتَا عَلَىٰ مَا فَرَّطْتُ فِي جَنْبِ اللَّهِ وَإِنْ كُنْتُ لَمِنَ السَّاخِرِينَ
[Ҳам акнун барҳазар бошед] то касе [дар рӯзи қиёмат] нагӯяд: «Эй дареғ бар ман, ки дар ҳаққи Аллоҳ таоло кӯтоҳӣ намудам ва [муъминонро] масхара мекардам»!
39:56 -
أَوْ تَقُولَ لَوْ أَنَّ اللَّهَ هَدَانِي لَكُنْتُ مِنَ الْمُتَّقِينَ
Ё [гуноҳи худро бар гардани тақдир наандозад ва] нагӯяд: «Агар Аллоҳ таоло маро ҳидоят карда буд, қатъан, парҳезкор будам»
39:57 -
أَوْ تَقُولَ حِينَ تَرَى الْعَذَابَ لَوْ أَنَّ لِي كَرَّةً فَأَكُونَ مِنَ الْمُحْسِنِينَ
Ё ҳангоме ки азобро мебинад, нагӯяд: «Эй кош, бозгаште [ба дунё] доштам, то дар зумраи некукорон қарор мегирифтам»
39:58 -
بَلَىٰ قَدْ جَاءَتْكَ آيَاتِي فَكَذَّبْتَ بِهَا وَاسْتَكْبَرْتَ وَكُنْتَ مِنَ الْكَافِرِينَ
[Аллоҳ таоло мефармояд] «Оёти Ман бароят омад ва ту онҳоро дурӯғ пиндоштӣ ва такаббур намудӣ ва куфр варзидӣ»
39:59 -
وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ تَرَى الَّذِينَ كَذَبُوا عَلَى اللَّهِ وُجُوهُهُمْ مُسْوَدَّةٌ ۚ أَلَيْسَ فِي جَهَنَّمَ مَثْوًى لِلْمُتَكَبِّرِينَ
Ва рӯзи қиёмат касонеро, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ бастаанд, сияҳрӯй мебинӣ. Оё дар дузах ҷойгоҳе барои мутакаббирон нест»?
39:60 -
وَيُنَجِّي اللَّهُ الَّذِينَ اتَّقَوْا بِمَفَازَتِهِمْ لَا يَمَسُّهُمُ السُّوءُ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ
Аллоҳ таоло парҳезкоронро бо ворид кардан ба макони комёбиашон, [аз азоб] наҷот медиҳад. [Дар биҳишт] На ранҷе ба онон мерасад ва на андуҳгин мешаванд
39:61 -
اللَّهُ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍ ۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ وَكِيلٌ
Аллоҳ таоло офаридгори ҳар чизест ва Ӯ бар ҳама чиз [нигаҳбону] корсоз аст
39:62 -
لَهُ مَقَالِيدُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۗ وَالَّذِينَ كَفَرُوا بِآيَاتِ اللَّهِ أُولَٰئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ
Калиди ганҷинаҳои осмонҳо ва замин аз они Ӯст ва касоне, ки ба оёти илоҳӣ кофир шуданд, қатъан, зиёнкоранд
39:63
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»