Сура 39 Аз-Зумар (Ҷамоъатҳо), оят 32 – 41

  1. فَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنْ كَذَبَ عَلَى اللَّهِ وَكَذَّبَ بِالصِّدْقِ إِذْ جَاءَهُ ۚ أَلَيْسَ فِي جَهَنَّمَ مَثْوًى لِلْكَافِرِينَ

    Ва кист ситамгортар аз он ки ба Аллоҳ таоло, дурӯғ нисбат медиҳад ва сухани ростеро, ки ба вай расидааст, дурӯғ мешуморад? Оё дар дузах ҷойгоҳе барои кофирон нест?

    39:32
  2. وَالَّذِي جَاءَ بِالصِّدْقِ وَصَدَّقَ بِهِ ۙ أُولَٰئِكَ هُمُ الْمُتَّقُونَ

    Аммо онон, ки паёми ростин биёваранд [ва дигаронро ба пазириши он даъват кунанд] ва худ низ онро тасдиқ намоянд, ба ростӣ, парҳезгоранд

    39:33
  3. لَهُمْ مَا يَشَاءُونَ عِنْدَ رَبِّهِمْ ۚ ذَٰلِكَ جَزَاءُ الْمُحْسِنِينَ

    Ҳар чи бихоҳанд, назди Парвардигорашон доранд. Подоши некукорон ҳамин аст

    39:34
  4. لِيُكَفِّرَ اللَّهُ عَنْهُمْ أَسْوَأَ الَّذِي عَمِلُوا وَيَجْزِيَهُمْ أَجْرَهُمْ بِأَحْسَنِ الَّذِي كَانُوا يَعْمَلُونَ

    То Аллоҳ таоло бадтарин рафторашонро аз [корномаи] онон бизудояд ва бар асоси беҳтарин аъмолашон ба эшон подош диҳад

    39:35
  5. أَلَيْسَ اللَّهُ بِكَافٍ عَبْدَهُ ۖ وَيُخَوِّفُونَكَ بِالَّذِينَ مِنْ دُونِهِ ۚ وَمَنْ يُضْلِلِ اللَّهُ فَمَا لَهُ مِنْ هَادٍ

    Оё Аллоҳ таоло барои дифоъ аз бандааш кофӣ нест? Аммо мушрикон туро аз бутҳо ва маъбудонашон метарсонанд ва ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, ҳеҷ ҳидоятгаре нахоҳад дошт

    39:36
  6. وَمَنْ يَهْدِ اللَّهُ فَمَا لَهُ مِنْ مُضِلٍّ ۗ أَلَيْسَ اللَّهُ بِعَزِيزٍ ذِي انْتِقَامٍ

    Ва ҳар киро, ки Аллоҳ таоло ҳидоят кунад, ҳеҷ кас гумроҳаш нахоҳад сохт. Оё Аллоҳ таоло шикастнопазиру додситон нест?!

    39:37
  7. وَلَئِنْ سَأَلْتَهُمْ مَنْ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ لَيَقُولُنَّ اللَّهُ ۚ قُلْ أَفَرَأَيْتُمْ مَا تَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ إِنْ أَرَادَنِيَ اللَّهُ بِضُرٍّ هَلْ هُنَّ كَاشِفَاتُ ضُرِّهِ أَوْ أَرَادَنِي بِرَحْمَةٍ هَلْ هُنَّ مُمْسِكَاتُ رَحْمَتِهِ ۚ قُلْ حَسْبِيَ اللَّهُ ۖ عَلَيْهِ يَتَوَكَّلُ الْمُتَوَكِّلُونَ

    [Эй Паёмбар] Агар аз мушрикон бипурсӣ: «Чи касе осмонҳо ва заминро офаридааст»? Мусалламан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло». Ба онон бигӯ: «Пас, ба назари шумо, агар Аллоҳ таоло нохушӣ ва ранҷе бароям бихоҳад, оё он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонед, метавонанд осебашро бартараф кунанд? Ё агар Аллоҳ таоло раҳмате барои ман бихоҳад, оё метавонанд монеаш шаванд?» Бигӯ: [Пуштибонии] Аллоҳ таоло бароям кофӣ аст. Аҳли таваккал танҳо бар Ӯ таваккал мекунанд»

    39:38
  8. قُلْ يَا قَوْمِ اعْمَلُوا عَلَىٰ مَكَانَتِكُمْ إِنِّي عَامِلٌ ۖ فَسَوْفَ تَعْلَمُونَ

    Бигӯ: «Эй қавми ман, шумо бар ҳол [ва вазъи ширкомез]-и худ бошед, ман низ [ба вазоифи худ] амал мекунам. Ба зудӣ хоҳед донист,

    39:39
  9. مَنْ يَأْتِيهِ عَذَابٌ يُخْزِيهِ وَيَحِلُّ عَلَيْهِ عَذَابٌ مُقِيمٌ

    [Ба зудӣ хоҳед донист, ] ки кист он ки [дар дунё] гирифтори азоби расвогар мешавад ва [дар охират] азоби поянда бар сараш меборад»

    39:40
  10. إِنَّا أَنْزَلْنَا عَلَيْكَ الْكِتَابَ لِلنَّاسِ بِالْحَقِّ ۖ فَمَنِ اهْتَدَىٰ فَلِنَفْسِهِ ۖ وَمَنْ ضَلَّ فَإِنَّمَا يَضِلُّ عَلَيْهَا ۖ وَمَا أَنْتَ عَلَيْهِمْ بِوَكِيلٍ

    Ин китоби осмониро барои [ҳидояти] мардум, барҳақ бар ту нозил кардем. Ҳар ки ҳидоят шавад, ба суди худи ӯст ва ҳар ки гумроҳ гашт, ба зиёни хеш гумроҳ шудааст ва ту [нигаҳбон ва] корсозашон нестӣ [ки ононро ба ҳидоят иҷбор кунӣ]

    39:41

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»