Сура 39 Аз-Зумар (Ҷамоъатҳо), оят 10 – 21

  1. قُلْ يَا عِبَادِ الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا رَبَّكُمْ ۚ لِلَّذِينَ أَحْسَنُوا فِي هَٰذِهِ الدُّنْيَا حَسَنَةٌ ۗ وَأَرْضُ اللَّهِ وَاسِعَةٌ ۗ إِنَّمَا يُوَفَّى الصَّابِرُونَ أَجْرَهُمْ بِغَيْرِ حِسَابٍ

    [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Эй бандагони боимони ман, аз Парвардигоратон парво кунед. Афроде, ки некуӣ мекунанд [илова бар охират дар ин дунё низ] подоши неку доранд. Замини Аллоҳ таоло густурдааст [пас, агар барои ҳифзи ақидаи худ дучори мушкил шудед, ҳиҷрат кунед]. Қатъан, подоши пойдорон комилу бедареғ ато хоҳад шуд»

    39:10
  2. قُلْ إِنِّي أُمِرْتُ أَنْ أَعْبُدَ اللَّهَ مُخْلِصًا لَهُ الدِّينَ

    Бигӯ: «Ман маъмурам бо хулуси эътиқод Аллоҳро бипарастам

    39:11
  3. وَأُمِرْتُ لِأَنْ أَكُونَ أَوَّلَ الْمُسْلِمِينَ

    Ва маъмур шудаам нахустин касе [дар ин уммат] бошам, ки таслим [маҳз дар муқобили Парвардигор] аст»

    39:12
  4. قُلْ إِنِّي أَخَافُ إِنْ عَصَيْتُ رَبِّي عَذَابَ يَوْمٍ عَظِيمٍ

    Бигӯ: «Агар дар баробари Парвардигорам нофармон бошам, аз азоби рӯзи бузург [қиёмат] метарсам»

    39:13
  5. قُلِ اللَّهَ أَعْبُدُ مُخْلِصًا لَهُ دِينِي

    [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ман Аллоҳро бо хулуси эътиқоди худ мепарастам

    39:14
  6. فَاعْبُدُوا مَا شِئْتُمْ مِنْ دُونِهِ ۗ قُلْ إِنَّ الْخَاسِرِينَ الَّذِينَ خَسِرُوا أَنْفُسَهُمْ وَأَهْلِيهِمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۗ أَلَا ذَٰلِكَ هُوَ الْخُسْرَانُ الْمُبِينُ

    Шумо низ ғайр аз Аллоҳ таоло ҳар чиро мехоҳед, бипарастед». Бигӯ: «Зиёнкорон [-и воқеӣ] касоне ҳастанд, ки [ба тамаъи дунё] худ ва хонаводаашонро дар растохез ба зиён андохтаанд. Огоҳ бошед, ки ин ҳамон зиёни ошкор аст

    39:15
  7. لَهُمْ مِنْ فَوْقِهِمْ ظُلَلٌ مِنَ النَّارِ وَمِنْ تَحْتِهِمْ ظُلَلٌ ۚ ذَٰلِكَ يُخَوِّفُ اللَّهُ بِهِ عِبَادَهُ ۚ يَا عِبَادِ فَاتَّقُونِ

    Бар болои сар ва зери пояшон табақоте аз оташ аст. Ин аст он чи Аллоҳ таоло бандагонашро аз он метарсонад. Эй бандагони Ман, аз [нофармонии] Ман парво кунед

    39:16
  8. وَالَّذِينَ اجْتَنَبُوا الطَّاغُوتَ أَنْ يَعْبُدُوهَا وَأَنَابُوا إِلَى اللَّهِ لَهُمُ الْبُشْرَىٰ ۚ فَبَشِّرْ عِبَادِ

    Башорат барои касонест, ки аз парастиши тоғут [бутҳо] иҷтиноб варзиданд ва [тавбакунон] ба даргоҳи илоҳӣ бозгаштанд. Пас, [эй паёмбар] ба бандагонам [биҳиштро] башорат бидеҳ

    39:17
  9. الَّذِينَ يَسْتَمِعُونَ الْقَوْلَ فَيَتَّبِعُونَ أَحْسَنَهُ ۚ أُولَٰئِكَ الَّذِينَ هَدَاهُمُ اللَّهُ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمْ أُولُو الْأَلْبَابِ

    [Ҳамон] Касоне, ки сухан [-ҳои мухталиф]-ро мешунаванд ва аз беҳтарини он пайравӣ мекунанд. Онон касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло ҳидояташон карда ва хирадманданд

    39:18
  10. أَفَمَنْ حَقَّ عَلَيْهِ كَلِمَةُ الْعَذَابِ أَفَأَنْتَ تُنْقِذُ مَنْ فِي النَّارِ

    Оё касеро, ки фармони муҷозот бар ӯ қатъӣ шудааст [метавон ҳидоят намуд]? Оё ту метавонӣ касеро, ки дар оташ аст, наҷот диҳӣ?

    39:19
  11. لَٰكِنِ الَّذِينَ اتَّقَوْا رَبَّهُمْ لَهُمْ غُرَفٌ مِنْ فَوْقِهَا غُرَفٌ مَبْنِيَّةٌ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ ۖ وَعْدَ اللَّهِ ۖ لَا يُخْلِفُ اللَّهُ الْمِيعَادَ

    Аммо касоне, ки аз Парвардигорашон парво доранд, [дар биҳишт] ғурфаҳое доранд, ки бар фарози онҳо ғурфаҳое [дигар] сохта шудааст [ва] аз зери онҳо ҷӯйборҳо ҷорист. Аллоҳ таоло [ба дурустӣ] ваъда додааст ва ваъдахилофӣ намекунад

    39:20
  12. أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّهَ أَنْزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَسَلَكَهُ يَنَابِيعَ فِي الْأَرْضِ ثُمَّ يُخْرِجُ بِهِ زَرْعًا مُخْتَلِفًا أَلْوَانُهُ ثُمَّ يَهِيجُ فَتَرَاهُ مُصْفَرًّا ثُمَّ يَجْعَلُهُ حُطَامًا ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَذِكْرَىٰ لِأُولِي الْأَلْبَابِ

    Оё надидаӣ, ки Аллоҳ таоло бороне аз осмон фиристод ва онро [ба сурати] чашмаҳое дар замин ҷорӣ сохт. Он гоҳ ба василаи он киштзоре бо рангҳои гуногун падид меоварад. Сипас пажмурда мегардад ва мебинӣ, ки зард шудааст. Он гоҳ онро хурду хошок месозад? Бе тардид, дар ин [дигаргуниҳо] панде барои хирадмандон аст

    39:21

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»