Сура 39 Аз-Зумар (Ҷамоъатҳо), оят 1 – 4

  1. تَنْزِيلُ الْكِتَابِ مِنَ اللَّهِ الْعَزِيزِ الْحَكِيمِ

    Нузули ин китоб аз ҷониби Аллоҳи шикастнопазири ҳаким аст

    39:1
  2. إِنَّا أَنْزَلْنَا إِلَيْكَ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ فَاعْبُدِ اللَّهَ مُخْلِصًا لَهُ الدِّينَ

    Ин китобро ба ҳақ бар ту нозил кардем, пас, Аллоҳро бо хулуси эътиқод парастиш кун

    39:2
  3. أَلَا لِلَّهِ الدِّينُ الْخَالِصُ ۚ وَالَّذِينَ اتَّخَذُوا مِنْ دُونِهِ أَوْلِيَاءَ مَا نَعْبُدُهُمْ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَا إِلَى اللَّهِ زُلْفَىٰ إِنَّ اللَّهَ يَحْكُمُ بَيْنَهُمْ فِي مَا هُمْ فِيهِ يَخْتَلِفُونَ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي مَنْ هُوَ كَاذِبٌ كَفَّارٌ

    Огоҳ бошед, ки дини холис [ва холӣ аз ширк] аз они Аллоҳ таоло аст ва афроде, ки ғайри Аллоҳро [дӯст ва] корсози худ интихоб кардаанд [пиндорашон ин аст, ки]: «Онҳоро фақат ба ин далел мепарастем, ки моро ба Аллоҳ таоло наздик гардонанд [ва манзалатамонро бештар кунанд]». Аллоҳ таоло дар мавориди ихтилофашон миёни онон [ва муваҳҳидони ростин] доварӣ хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ таоло касеро, ки дурӯғгӯи носипос бошад, ҳидоят нахоҳад кард

    39:3
  4. لَوْ أَرَادَ اللَّهُ أَنْ يَتَّخِذَ وَلَدًا لَاصْطَفَىٰ مِمَّا يَخْلُقُ مَا يَشَاءُ ۚ سُبْحَانَهُ ۖ هُوَ اللَّهُ الْوَاحِدُ الْقَهَّارُ

    Агар Аллоҳ таоло мехост фарзанде баргузинад, аз миёни офаридагони худ ҳар чи мехост, бармегузид. Ӯ муназзаҳ [аз ин нисбатҳо] аст ва Ӯст Аллоҳи ягонаи пирӯзманд

    39:4

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»