Сура 38 Сод, оят 65 – 88
-
قُلْ إِنَّمَا أَنَا مُنْذِرٌ ۖ وَمَا مِنْ إِلَٰهٍ إِلَّا اللَّهُ الْوَاحِدُ الْقَهَّارُ
[Эй Паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Ман фақат бимдиҳандаам ва ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Аллоҳи ягонаи пирӯзманд нест
38:65 -
رَبُّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا الْعَزِيزُ الْغَفَّارُ
Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи миёни онҳост. [Он] Шикастнопазири омурзанда»
38:66 -
قُلْ هُوَ نَبَأٌ عَظِيمٌ
[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ин [Қуръон] хабаре бузург аст,
38:67 -
أَنْتُمْ عَنْهُ مُعْرِضُونَ
шумо аз он рӯйгардонед
38:68 -
مَا كَانَ لِيَ مِنْ عِلْمٍ بِالْمَلَإِ الْأَعْلَىٰ إِذْ يَخْتَصِمُونَ
[Агар ба ман ваҳй намешуд] Аз олами болотар он гоҳ, ки фариштагон [дар мавриди офариниши инсон] ҷидол мекарданд, ҳеҷ иттилое надоштам
38:69 -
إِنْ يُوحَىٰ إِلَيَّ إِلَّا أَنَّمَا أَنَا نَذِيرٌ مُبِينٌ
Танҳо аз он рӯй ба ман ваҳй мешавад, ки бимдиҳандае ошкорам»
38:70 -
إِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَائِكَةِ إِنِّي خَالِقٌ بَشَرًا مِنْ طِينٍ
[Ёд кун аз] Ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман башаре аз гил меофаринам
38:71 -
فَإِذَا سَوَّيْتُهُ وَنَفَخْتُ فِيهِ مِنْ رُوحِي فَقَعُوا لَهُ سَاجِدِينَ
Он гоҳ ки ӯро сомон додам ва аз рӯҳи хеш дар ӯ дамидам, дар баробараш саҷда кунед»
38:72 -
فَسَجَدَ الْمَلَائِكَةُ كُلُّهُمْ أَجْمَعُونَ
Пас, [чун Одам халқ шуд] фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд
38:73 -
إِلَّا إِبْلِيسَ اسْتَكْبَرَ وَكَانَ مِنَ الْكَافِرِينَ
Магар Иблис, ки такаббур варзид ва кофир шуд
38:74 -
قَالَ يَا إِبْلِيسُ مَا مَنَعَكَ أَنْ تَسْجُدَ لِمَا خَلَقْتُ بِيَدَيَّ ۖ أَسْتَكْبَرْتَ أَمْ كُنْتَ مِنَ الْعَالِينَ
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Иблис, чи чиз муҷиб шуд, ки дар баробари он чи ба дастони худ офаридаам, саҷда накунӣ? Оё такаббур варзидӣ ё бартариҷӯӣ кардӣ»?
38:75 -
قَالَ أَنَا خَيْرٌ مِنْهُ ۖ خَلَقْتَنِي مِنْ نَارٍ وَخَلَقْتَهُ مِنْ طِينٍ
Гуфт: «Ман аз ӯ бартарам: Маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил»
38:76 -
قَالَ فَاخْرُجْ مِنْهَا فَإِنَّكَ رَجِيمٌ
Аллоҳ таоло фармуд: «Аз биҳишт берун шав, ки ту [манфуру] рондашудаӣ
38:77 -
وَإِنَّ عَلَيْكَ لَعْنَتِي إِلَىٰ يَوْمِ الدِّينِ
Ва лаънати Ман то рӯзи қиёмат бар ту хоҳад буд»
38:78 -
قَالَ رَبِّ فَأَنْظِرْنِي إِلَىٰ يَوْمِ يُبْعَثُونَ
[Иблис] Гуфт: «Парвардигоро, пас то рӯзе, ки [бандагонат] барангехта мешаванд, ба ман муҳлат бидеҳ»
38:79 -
قَالَ فَإِنَّكَ مِنَ الْمُنْظَرِينَ
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Муҳлат хоҳӣ дошт
38:80 -
إِلَىٰ يَوْمِ الْوَقْتِ الْمَعْلُومِ
То [рӯзи қиёмат] он вақти муайян»
38:81 -
قَالَ فَبِعِزَّتِكَ لَأُغْوِيَنَّهُمْ أَجْمَعِينَ
[Иблис] Гуфт: «Ба иззатат савганд, ки ҳамаи ононро гумроҳ хоҳам кард
38:82 -
إِلَّا عِبَادَكَ مِنْهُمُ الْمُخْلَصِينَ
Магар бандагони холиси Ту аз [миёни] онон [ки ҳидояташон кардаӣ]»
38:83 -
قَالَ فَالْحَقُّ وَالْحَقَّ أَقُولُ
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Пас, [сухани Ман] ҳақ аст ва ҳақро мегӯям
38:84 -
لَأَمْلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنْكَ وَمِمَّنْ تَبِعَكَ مِنْهُمْ أَجْمَعِينَ
Қатъан, ҷаҳаннамро аз ту ва ҳар ки аз ту пайравӣ кунад, анбошта хоҳам сохт»
38:85 -
قُلْ مَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ مِنْ أَجْرٍ وَمَا أَنَا مِنَ الْمُتَكَلِّفِينَ
[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам ва фиребкор нестам [ва ба дурӯғ иддаои нубувват намекунам]»
38:86 -
إِنْ هُوَ إِلَّا ذِكْرٌ لِلْعَالَمِينَ
Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест
38:87 -
وَلَتَعْلَمُنَّ نَبَأَهُ بَعْدَ حِينٍ
Ва қатъан, пас аз марг аз хабари [ҳаққоният ва ростии] он огоҳ хоҳед шуд
38:88
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»