Сура 36 Ё Син, оят 51 – 67

  1. وَنُفِخَ فِي الصُّورِ فَإِذَا هُمْ مِنَ الْأَجْدَاثِ إِلَىٰ رَبِّهِمْ يَنْسِلُونَ

    Ва [ҳангоме ки барои дувумин бор] дар сур дамида шавад ва ногаҳон аз қабрҳояшон [берун меоянд ва] ба сӯи Парвардигорашон мешитобанд

    36:51
  2. قَالُوا يَا وَيْلَنَا مَنْ بَعَثَنَا مِنْ مَرْقَدِنَا ۜ ۗ هَٰذَا مَا وَعَدَ الرَّحْمَٰنُ وَصَدَقَ الْمُرْسَلُونَ

    [Ва бо нобоварӣ] Мегӯянд: «Вой бар мо! Чи касе моро аз қабрҳоямон барангехт?» [Ба онон гуфта мешавад] «Ин ҳамон [рӯзе] аст, ки [Парвардигори] Раҳмон ваъда дода буд; ва паёмбарон [дар ин бора] рост мегуфтанд

    36:52
  3. إِنْ كَانَتْ إِلَّا صَيْحَةً وَاحِدَةً فَإِذَا هُمْ جَمِيعٌ لَدَيْنَا مُحْضَرُونَ

    [Барангехтани мурдагон аз гӯр] Ҷуз як бонги ҳавлнок [дувумин дамидани сур] нест ва ногаҳон ҳамаро назди Мо ҳозир мекунанд

    36:53
  4. فَالْيَوْمَ لَا تُظْلَمُ نَفْسٌ شَيْئًا وَلَا تُجْزَوْنَ إِلَّا مَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ

    Пас, [бидонед, ки] имрӯз, ба ҳеҷ кас ситаме намешавад ва ҷуз дар баробари он чи [дар дунё] кардаед, ҷазо намебинед

    36:54
  5. إِنَّ أَصْحَابَ الْجَنَّةِ الْيَوْمَ فِي شُغُلٍ فَاكِهُونَ

    Бе тардид, аҳли биҳишт имрӯз бо шодмонӣ саргарм [-и неъматҳои илоҳӣ] ҳастанд

    36:55
  6. هُمْ وَأَزْوَاجُهُمْ فِي ظِلَالٍ عَلَى الْأَرَائِكِ مُتَّكِئُونَ

    Онон ва ҳамсаронашон дар сояҳо [-и густурдаи биҳиштӣ] бар тахтҳо такя задаанд

    36:56
  7. لَهُمْ فِيهَا فَاكِهَةٌ وَلَهُمْ مَا يَدَّعُونَ

    Дар он ҷо [ҳар гуна] мева ва ҳар чи бихоҳанд, барояшон [фароҳам] ҳаст

    36:57
  8. سَلَامٌ قَوْلًا مِنْ رَبٍّ رَحِيمٍ

    [Бартар аз ин неъматҳо] саломест, ки сухани Парвардигори меҳрубон аст

    36:58
  9. وَامْتَازُوا الْيَوْمَ أَيُّهَا الْمُجْرِمُونَ

    [Он гоҳ ба мушрикон хитоб мешавад] «Эй гунаҳкорон, имрӯз [аз муъминон] ҷудо шавед

    36:59
  10. أَلَمْ أَعْهَدْ إِلَيْكُمْ يَا بَنِي آدَمَ أَنْ لَا تَعْبُدُوا الشَّيْطَانَ ۖ إِنَّهُ لَكُمْ عَدُوٌّ مُبِينٌ

    Эй фарзандони Одам, оё бо шумо паймон набастам [ва фармон надодам], ки шайтонро напарастед, [ки] қатъан ӯ душмани ошкори шумост?

    36:60
  11. وَأَنِ اعْبُدُونِي ۚ هَٰذَا صِرَاطٌ مُسْتَقِيمٌ

    Ва ин ки [танҳо] Маро бипарастед, [ки] роҳи рост ҳамин аст?

    36:61
  12. وَلَقَدْ أَضَلَّ مِنْكُمْ جِبِلًّا كَثِيرًا ۖ أَفَلَمْ تَكُونُوا تَعْقِلُونَ

    Ва бе тардид, шайтон бисёре аз шуморо гумроҳ сохт. Оё андеша намекардед?

    36:62
  13. هَٰذِهِ جَهَنَّمُ الَّتِي كُنْتُمْ تُوعَدُونَ

    Ин [ҳамон] дузахест, ки ба шумо ваъда дода мешуд

    36:63
  14. اصْلَوْهَا الْيَوْمَ بِمَا كُنْتُمْ تَكْفُرُونَ

    Имрӯз ба сазои он ки куфр меварзидед, ба он [оташ] ворид шавед»

    36:64
  15. الْيَوْمَ نَخْتِمُ عَلَىٰ أَفْوَاهِهِمْ وَتُكَلِّمُنَا أَيْدِيهِمْ وَتَشْهَدُ أَرْجُلُهُمْ بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ

    Имрӯз бар даҳонҳояшон муҳр мениҳем ва дастҳояшон бо Мо сухан мегӯянд ва пойҳояшон ба он чи мекарданд, гувоҳӣ медиҳанд

    36:65
  16. وَلَوْ نَشَاءُ لَطَمَسْنَا عَلَىٰ أَعْيُنِهِمْ فَاسْتَبَقُوا الصِّرَاطَ فَأَنَّىٰ يُبْصِرُونَ

    Ва агар бихоҳем, бе тардид, чашмонашонро маҳв мекунем, пас, [бо чашми баста] ба сӯйи [пули] сирот [аз якдигар] пешӣ мегиранд [то ба биҳишт роҳ ёбанд]; аммо магар куҷоро мебинанд?

    36:66
  17. وَلَوْ نَشَاءُ لَمَسَخْنَاهُمْ عَلَىٰ مَكَانَتِهِمْ فَمَا اسْتَطَاعُوا مُضِيًّا وَلَا يَرْجِعُونَ

    Ва агар бихоҳем [зоҳирашонро тағйир медиҳем ва чунон] ононро дар ҷои худ масх [ва замингир] мекунем, ки натавонанд гоме ба пеш бигузоранд ё ба ақиб бозгарданд

    36:67

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»