Сура 36 Ё Син, оят 33 – 50

  1. وَآيَةٌ لَهُمُ الْأَرْضُ الْمَيْتَةُ أَحْيَيْنَاهَا وَأَخْرَجْنَا مِنْهَا حَبًّا فَمِنْهُ يَأْكُلُونَ

    Барои онон [ки қиёматро бовар надоранд] замини хушк нишонае [ибратомӯз] аст: Мо он [замин]-ро зинда кардем ва аз [хоки] он донаҳое рӯёнидем, ки [махлуқоти илоҳӣ] аз он мехӯранд

    36:33
  2. وَجَعَلْنَا فِيهَا جَنَّاتٍ مِنْ نَخِيلٍ وَأَعْنَابٍ وَفَجَّرْنَا فِيهَا مِنَ الْعُيُونِ

    Ва дар он [замин] боғҳое аз нахл ва ангур падид овардем ва дар он чашмаҳо равон сохтем

    36:34
  3. لِيَأْكُلُوا مِنْ ثَمَرِهِ وَمَا عَمِلَتْهُ أَيْدِيهِمْ ۖ أَفَلَا يَشْكُرُونَ

    То мардум аз мевааш бихӯранд, дар ҳоле ки ин [маҳсулот, ҳосили талоши онҳо нест ва онҳо]-ро бо дастони худ амал наовардаанд. Пас, оё сипос намегузоранд?

    36:35
  4. سُبْحَانَ الَّذِي خَلَقَ الْأَزْوَاجَ كُلَّهَا مِمَّا تُنْبِتُ الْأَرْضُ وَمِنْ أَنْفُسِهِمْ وَمِمَّا لَا يَعْلَمُونَ

    Пок ва муназзаҳ аст, он [Парвардигоре] ки ҳамаи нару модаҳоро офарида аст; аз он чи замин мерӯёнад [гиёҳону дарахтон] ва аз худашон [инсонҳо] ва аз он чи намедонанд

    36:36
  5. وَآيَةٌ لَهُمُ اللَّيْلُ نَسْلَخُ مِنْهُ النَّهَارَ فَإِذَا هُمْ مُظْلِمُونَ

    Ва шаб барои онон нишонае [дигар аз қудрати илоҳӣ] аст, [ки] рӯзро аз он барканор мекунем ва ногаҳон [ҳама] дар торикӣ фуру мераванд

    36:37
  6. وَالشَّمْسُ تَجْرِي لِمُسْتَقَرٍّ لَهَا ۚ ذَٰلِكَ تَقْدِيرُ الْعَزِيزِ الْعَلِيمِ

    Ва хуршед [низ пайваста] ба сӯйи қароргоҳаш дар ҳаракат аст. Ин тақдири [Парвардигори] шикастнопазиру доност

    36:38
  7. وَالْقَمَرَ قَدَّرْنَاهُ مَنَازِلَ حَتَّىٰ عَادَ كَالْعُرْجُونِ الْقَدِيمِ

    Ва барои моҳ [низ] манзилгоҳҳое муқаррар намудаем, то [саранҷом аз қурси комил ба ҳилол ва] ба шакли шохаи хушки хурмо бозгардад

    36:39
  8. لَا الشَّمْسُ يَنْبَغِي لَهَا أَنْ تُدْرِكَ الْقَمَرَ وَلَا اللَّيْلُ سَابِقُ النَّهَارِ ۚ وَكُلٌّ فِي فَلَكٍ يَسْبَحُونَ

    На хуршедро сазовор аст, ки [дар сайри худ] ба моҳ бирасад в на шаб бар рӯз пешӣ мегирад; ва ҳар як аз [ситораву сайёра] дар мадоре шиноваранд

    36:40
  9. وَآيَةٌ لَهُمْ أَنَّا حَمَلْنَا ذُرِّيَّتَهُمْ فِي الْفُلْكِ الْمَشْحُونِ

    Нишонае [дигар аз қудрати Парвардигор] барои онон ин аст, ки падаронашонро дар киштӣ анбошта [аз сарнишин ва бор] ҳамл кардем

    36:41
  10. وَخَلَقْنَا لَهُمْ مِنْ مِثْلِهِ مَا يَرْكَبُونَ

    Ҳамчунин, барояшон чизе ҳаммонанди он [киштӣ] офаридаем, ки савораш шаванд

    36:42
  11. وَإِنْ نَشَأْ نُغْرِقْهُمْ فَلَا صَرِيخَ لَهُمْ وَلَا هُمْ يُنْقَذُونَ

    Агар бихоҳем, ғарқашон мекунем; дар ин сурат, на фарёдрасе доранд ва на [аз тақдири илоҳӣ] раҳоӣ меёбанд

    36:43
  12. إِلَّا رَحْمَةً مِنَّا وَمَتَاعًا إِلَىٰ حِينٍ

    Магар ин ки раҳмате аз ҷониби Мо [бинанд] ва баҳрамандӣ [аз неъматҳои дунё] то замоне [муайян шомили ҳолашон шавад]

    36:44
  13. وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ اتَّقُوا مَا بَيْنَ أَيْدِيكُمْ وَمَا خَلْفَكُمْ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ

    Ва чун ба онон [мушрикон] гуфта мешавад: «Аз он чи пешорӯи шумост [азоби охират] ва он чи пушти сар мегузоред [сахтиҳои дунё] парво кунед; бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред», [итоат намекунанд]

    36:45
  14. وَمَا تَأْتِيهِمْ مِنْ آيَةٍ مِنْ آيَاتِ رَبِّهِمْ إِلَّا كَانُوا عَنْهَا مُعْرِضِينَ

    Ҳеҷ нишонае аз нишонаҳои [қудрат ва бузургии] Парвардигорашон бар онон арза намегардад, магар он ки аз он рӯй мегардонанд

    36:46
  15. وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ أَنْفِقُوا مِمَّا رَزَقَكُمُ اللَّهُ قَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا لِلَّذِينَ آمَنُوا أَنُطْعِمُ مَنْ لَوْ يَشَاءُ اللَّهُ أَطْعَمَهُ إِنْ أَنْتُمْ إِلَّا فِي ضَلَالٍ مُبِينٍ

    Ва чун ба онон гуфта мешавад: «Аз он чи Аллоҳ таоло рӯзиятон кардааст, инфоқ кунед», касоне, ки куфр варзидаанд, ба онон, ки имон овардаанд мегӯянд: «Оё ба касе ғизо бидиҳем, ки агар Аллоҳ таоло мехост, [Худ] ба ӯ ғизо медод? Шумо ҷуз дар гумроҳии ошкор нестед»

    36:47
  16. وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا الْوَعْدُ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ

    Ва [бо тамасхур ба муъминон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин ваъда [қиёмат] кай хоҳад буд»?

    36:48
  17. مَا يَنْظُرُونَ إِلَّا صَيْحَةً وَاحِدَةً تَأْخُذُهُمْ وَهُمْ يَخِصِّمُونَ

    [Ин мункирони қиёмат] ҷуз дар интизори як бонги маргбор нестанд, ки ногаҳон, дар ҳоле ки саргарми ҷидол [дар умури дунё] ҳастанд, ононро фаро гирад

    36:49
  18. فَلَا يَسْتَطِيعُونَ تَوْصِيَةً وَلَا إِلَىٰ أَهْلِهِمْ يَرْجِعُونَ

    Пас, [дар он ҳангом] наметавонанд [ба касе] васият кунанд ва на ба сӯи хонаводаи худ бозгарданд

    36:50

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»