Сура 36 Ё Син, оят 1 – 12
-
يس
Ё, син.
36:1 -
وَالْقُرْآنِ الْحَكِيمِ
Савганд ба Қуръони ҳаким
36:2 -
إِنَّكَ لَمِنَ الْمُرْسَلِينَ
Бе тардид, ту аз паёмбарон [-и Мо] ҳастӣ
36:3 -
عَلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ
[Ва] Бар роҳи рост [Ислом қарор дорӣ]
36:4 -
تَنْزِيلَ الْعَزِيزِ الرَّحِيمِ
[Ин Қуръон] Фуруфиристодаи [Парвардигори] шикастнопазири меҳрубон аст
36:5 -
لِتُنْذِرَ قَوْمًا مَا أُنْذِرَ آبَاؤُهُمْ فَهُمْ غَافِلُونَ
То мардумеро [дар бораи азоби қиёмат] бим диҳӣ, ки падаронашон ҳушдор наёфтаанд ва [бад-ин сабаб] онҳо низ ғофиланд
36:6 -
لَقَدْ حَقَّ الْقَوْلُ عَلَىٰ أَكْثَرِهِمْ فَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ
Яқинан, фармон [-и азоби илоҳӣ] бар бештарашон таҳаққуқ ёфтааст; пас, [лаҷоҷат мекунанд ва] имон намеоваранд
36:7 -
إِنَّا جَعَلْنَا فِي أَعْنَاقِهِمْ أَغْلَالًا فَهِيَ إِلَى الْأَذْقَانِ فَهُمْ مُقْمَحُونَ
[Мисоли гумроҳии кофирон, чунон аст, ки гӯӣ] Мо бар гарданҳояшон занҷирҳое ниҳодаем, ки то зери манаҳҳояшон [печидашуда] аст, чунонки сарҳояшон боло мондааст [ва аз анҷоми ҳар хайре оҷизанд ва роҳи ҳидоятро намеёбанд]
36:8 -
وَجَعَلْنَا مِنْ بَيْنِ أَيْدِيهِمْ سَدًّا وَمِنْ خَلْفِهِمْ سَدًّا فَأَغْشَيْنَاهُمْ فَهُمْ لَا يُبْصِرُونَ
Ва аз пеши рӯяшон деворе ва аз пушти сарашон низ деворе ниҳодаем ва чашмонашонро бо пардае пӯшонидаем; аз ин рӯст, ки [ҳақиқатро] намебинанд
36:9 -
وَسَوَاءٌ عَلَيْهِمْ أَأَنْذَرْتَهُمْ أَمْ لَمْ تُنْذِرْهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ
[Эй Паёмбар] барояшон яксон аст, ки ононро бим диҳӣ ё надиҳӣ; [дар ҳар ҳол] имон намеоваранд
36:10 -
إِنَّمَا تُنْذِرُ مَنِ اتَّبَعَ الذِّكْرَ وَخَشِيَ الرَّحْمَٰنَ بِالْغَيْبِ ۖ فَبَشِّرْهُ بِمَغْفِرَةٍ وَأَجْرٍ كَرِيمٍ
Ҷуз ин нест, ки ту ба касе бим медиҳӣ [ва ин кор барои касе суд дорад], ки пайрави Қуръон бошад ва дар ниҳон аз [Парвардигори] Раҳмон битарсад; пас, Ӯро [ки чунин аст] ба омурзиш ва подоши арҷманд башорат бидеҳ
36:11 -
إِنَّا نَحْنُ نُحْيِي الْمَوْتَىٰ وَنَكْتُبُ مَا قَدَّمُوا وَآثَارَهُمْ ۚ وَكُلَّ شَيْءٍ أَحْصَيْنَاهُ فِي إِمَامٍ مُبِينٍ
Яқинан, Моем, ки мурдагонро зинда мекунем ва он чиро, ки аз пеш фиристодаанд ва осори [боқимонда аз] эшонро менависем; ва ҳама чизро дар Китоби равшан [Лавҳ-ул-маҳфуз] ба шумор овардаем
36:12
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»