Сура 35 Фотир (Офаринанда), оят 30 – 34
-
لِيُوَفِّيَهُمْ أُجُورَهُمْ وَيَزِيدَهُمْ مِنْ فَضْلِهِ ۚ إِنَّهُ غَفُورٌ شَكُورٌ
То [Аллоҳ таоло] подошашонро ба тамомӣ бидиҳад ва аз фазли хеш бар [ҳаққи] онон биафзояд. Бе тардид, Ӯ омурзандаи сипосгузор аст
35:30 -
وَالَّذِي أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ مِنَ الْكِتَابِ هُوَ الْحَقُّ مُصَدِّقًا لِمَا بَيْنَ يَدَيْهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ بِعِبَادِهِ لَخَبِيرٌ بَصِيرٌ
[Эй Паёмбар] он чи аз ин китоб ба ту ваҳй кардем ҳақ аст ва он [китобҳои осмонӣ]-ро, ки пештар будааст, тасдиқ мекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба [ҳоли] бандагонаш огоҳ ва биност
35:31 -
ثُمَّ أَوْرَثْنَا الْكِتَابَ الَّذِينَ اصْطَفَيْنَا مِنْ عِبَادِنَا ۖ فَمِنْهُمْ ظَالِمٌ لِنَفْسِهِ وَمِنْهُمْ مُقْتَصِدٌ وَمِنْهُمْ سَابِقٌ بِالْخَيْرَاتِ بِإِذْنِ اللَّهِ ۚ ذَٰلِكَ هُوَ الْفَضْلُ الْكَبِيرُ
Онгоҳ ин китоб [Қуръон]-ро ба гурӯҳе аз бандагонамон, ки баргузидем [уммати Муҳаммад] ба мерос додем; пас, [бархе] аз онон дар ҳаққи хеш ситамгоранд ва [бархе дигар] аз онон миёнарав ҳастанд ва [бархе] аз онон ба фармони Аллоҳ таоло дар некиҳо пештозанд. Ин [мусулмонӣ ва баҳрамандӣ аз Қуръон, фазилат ва] бахшоиши бузург аст
35:32 -
جَنَّاتُ عَدْنٍ يَدْخُلُونَهَا يُحَلَّوْنَ فِيهَا مِنْ أَسَاوِرَ مِنْ ذَهَبٍ وَلُؤْلُؤًا ۖ وَلِبَاسُهُمْ فِيهَا حَرِيرٌ
[Подошашон] боғҳои ҷовидон [-и биҳиштӣ] аст, ки ба он ворид мешаванд. Дар он ҷо ба дастбандҳое аз тилло ва марворид ороста мегарданд ва либосашон аз ҳарир аст
35:33 -
وَقَالُوا الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي أَذْهَبَ عَنَّا الْحَزَنَ ۖ إِنَّ رَبَّنَا لَغَفُورٌ شَكُورٌ
[Онон пас аз вуруд] мегӯянд: «Сипос [ва ситоиш] аз они Аллоҳ таоло аст, ки андӯҳро аз мо дур кард. Ба ростӣ, ки Парвардигорамон омурзандаи сипосгузор аст
35:34
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»