Сура 34 Сабо, оят 31 – 36

  1. وَقَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا لَنْ نُؤْمِنَ بِهَٰذَا الْقُرْآنِ وَلَا بِالَّذِي بَيْنَ يَدَيْهِ ۗ وَلَوْ تَرَىٰ إِذِ الظَّالِمُونَ مَوْقُوفُونَ عِنْدَ رَبِّهِمْ يَرْجِعُ بَعْضُهُمْ إِلَىٰ بَعْضٍ الْقَوْلَ يَقُولُ الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا لِلَّذِينَ اسْتَكْبَرُوا لَوْلَا أَنْتُمْ لَكُنَّا مُؤْمِنِينَ

    Ва касоне, ки куфр варзиданд мегӯянд: «Мо ҳаргиз ба ин Қуръон ва ба он [китобҳое], ки пеш аз он будааст, имон намеоварем». Кош медидӣ он вақтро, ки ин ситамгорон дар пешгоҳи Парвардигорашон нигоҳ дошта мешаванд [ва] сухани якдигарро рад мекунанд [ва ҳар як гуноҳро ба гардани дигаре меандозад]. Онон, ки [дар дунё] ба нотавонӣ кашида шуда буданд ба касоне, ки гарданкашӣ мекарданд, мегӯянд: «Агар шумо набудед, мо ҳатман, имон меовардем»

    34:31
  2. قَالَ الَّذِينَ اسْتَكْبَرُوا لِلَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا أَنَحْنُ صَدَدْنَاكُمْ عَنِ الْهُدَىٰ بَعْدَ إِذْ جَاءَكُمْ ۖ بَلْ كُنْتُمْ مُجْرِمِينَ

    Онон, ки гарданкашӣ мекарданд, [дар посух ба] касоне, ки ба нотавонӣ кашида шуда буданд, мегӯянд: «Оё мо [будем, ки] шуморо аз ҳидоят-пас аз он ки ба сӯятон омад- боздоштем? [Ҳаргиз] Балки шумо худ гунаҳгор [ва аҳли фасод] будед»

    34:32
  3. وَقَالَ الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا لِلَّذِينَ اسْتَكْبَرُوا بَلْ مَكْرُ اللَّيْلِ وَالنَّهَارِ إِذْ تَأْمُرُونَنَا أَنْ نَكْفُرَ بِاللَّهِ وَنَجْعَلَ لَهُ أَنْدَادًا ۚ وَأَسَرُّوا النَّدَامَةَ لَمَّا رَأَوُا الْعَذَابَ وَجَعَلْنَا الْأَغْلَالَ فِي أَعْنَاقِ الَّذِينَ كَفَرُوا ۚ هَلْ يُجْزَوْنَ إِلَّا مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ

    Онон, ки ба нотавонӣ кашида шуда баданд, ба касоне, ки гарданкашӣ мекарданд, мегӯянд: «[Чунин нест] балки найранги шабу рӯз [-и шумо сабаб шуд, ки аз ҳидоят бозмонем] онгоҳ, ки ба мо дастур медодед, ба Аллоҳ таоло кофир шавем ва барояш [дар қудрат ва парастиш] ҳамтоёне қарор диҳем». Онон ҳангоме ки азоб [-и илоҳӣ]-ро мебинанд, пушаймонии худро [дар дил] пинҳон мекунанд ва Мо ғулу занҷирҳоро дар гардани ононе, ки куфр варзидаанд, меандозем. Оё ҷуз [ба кайфари] он чи мекарданд, муҷозот мешаванд?

    34:33
  4. وَمَا أَرْسَلْنَا فِي قَرْيَةٍ مِنْ نَذِيرٍ إِلَّا قَالَ مُتْرَفُوهَا إِنَّا بِمَا أُرْسِلْتُمْ بِهِ كَافِرُونَ

    Ва дар ҳеҷ шаҳре бимдиҳандае нафиристодем, магар ин ки сарватмандони саркаши онҷо гуфтанд: «Паёмеро, ки маъмур ба [расидани] он шудаед, ҳатман, инкор мекунем»

    34:34
  5. وَقَالُوا نَحْنُ أَكْثَرُ أَمْوَالًا وَأَوْلَادًا وَمَا نَحْنُ بِمُعَذَّبِينَ

    Онон мегуфтанд: «Амвол ва фарзандони мо [аз шумо] бештар аст ва ҳаргиз муҷозот нахоҳем шуд»

    34:35
  6. قُلْ إِنَّ رَبِّي يَبْسُطُ الرِّزْقَ لِمَنْ يَشَاءُ وَيَقْدِرُ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ

    [Эй Паёмбар] бигӯ: «Бе тардид, Парвардигорам [барои озмоиши мардум, неъмат ва] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад, густурда медорад ва [ё] танг мегирад; вале бештари мардум намедонанд

    34:36

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»