Сура 34 Сабо, оят 22 – 30
-
قُلِ ادْعُوا الَّذِينَ زَعَمْتُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ ۖ لَا يَمْلِكُونَ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ فِي السَّمَاوَاتِ وَلَا فِي الْأَرْضِ وَمَا لَهُمْ فِيهِمَا مِنْ شِرْكٍ وَمَا لَهُ مِنْهُمْ مِنْ ظَهِيرٍ
[Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Касонеро, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло [ёвар ва шафоатгари худ] мепиндоред, [ба фарёд] бихонед. Онон ҳатто ҳамсанги заррае дар осмонҳо ва замин молики чизе нестанд ва на дар [офариниш ва тадбири] он ду [замину осмон] ширкате доранд ва на Ӯ [ Аллоҳ таоло] аз ҷониби онон ҳеҷ пуштибоне дорад
34:22 -
وَلَا تَنْفَعُ الشَّفَاعَةُ عِنْدَهُ إِلَّا لِمَنْ أَذِنَ لَهُ ۚ حَتَّىٰ إِذَا فُزِّعَ عَنْ قُلُوبِهِمْ قَالُوا مَاذَا قَالَ رَبُّكُمْ ۖ قَالُوا الْحَقَّ ۖ وَهُوَ الْعَلِيُّ الْكَبِيرُ
Шафоат [ҳеҷ кас] назди Ӯ [Аллоҳ таоло] суде надорад; магар барои он ки [Аллоҳ таоло] ба ӯ иҷозат дода бошад. [Дар он рӯз фариштагон аз хавф ва ҳайбати илоҳӣ тарсонанд] то онгоҳ, ки изтироб [ва ташвиш] аз дилҳояшон бартараф мегардад, [гурӯҳе аз онон ба гурӯҳи дигар] мегӯянд: «Парвардигоратон чӣ гуфт?» [Онон дар посух] мегӯянд: «ҳақро [фармуд] ва Ӯ баланмартабаи бузург аст»
34:23 -
قُلْ مَنْ يَرْزُقُكُمْ مِنَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ قُلِ اللَّهُ ۖ وَإِنَّا أَوْ إِيَّاكُمْ لَعَلَىٰ هُدًى أَوْ فِي ضَلَالٍ مُبِينٍ
[Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Чи касе аз осмонҳо ва замин ба шумо рӯзӣ медиҳад?» [Дар посух] бигӯ: «Аллоҳ таоло; ва яқинан [як гурӯҳ аз байни] мо ва шумост ё бар [роҳи] ҳидоят ё дар гумроҳии ошкор»
34:24 -
قُلْ لَا تُسْأَلُونَ عَمَّا أَجْرَمْنَا وَلَا نُسْأَلُ عَمَّا تَعْمَلُونَ
Бигӯ: «[Рӯзи қиёмат] Шумо аз гуноҳе, ки мо муртакиб шудаем, бозхост намешавед ва моро [низ] ба хотири он чи шумо анҷом медиҳед, бозхост намекунанд
34:25 -
قُلْ يَجْمَعُ بَيْنَنَا رَبُّنَا ثُمَّ يَفْتَحُ بَيْنَنَا بِالْحَقِّ وَهُوَ الْفَتَّاحُ الْعَلِيمُ
Бигӯ: «[Он рӯз] Парвардигорамон [ҳамаи] моро гирд меоварад, сипас миёни мо ба ҳақ [ва адолат] доварӣ мекунад ва Ӯ довари доност»
34:26 -
قُلْ أَرُونِيَ الَّذِينَ أَلْحَقْتُمْ بِهِ شُرَكَاءَ ۖ كَلَّا ۚ بَلْ هُوَ اللَّهُ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ
Бигӯ: «Касонеро, ки [дар қудрат ва тадбир] шарики Ӯ [Аллоҳ таоло] сохтаед, нишонам диҳед. Ҳаргиз [чунин нест, ки мепиндоред], балки Ӯ шикастнопазири ҳаким аст
34:27 -
وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا كَافَّةً لِلنَّاسِ بَشِيرًا وَنَذِيرًا وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ
[Эй Паёмбар] Мо туро ҷуз башоратбахш ва бимдиҳандае барои ҳамаи мардум нафиристодаем; аммо бештари мардум [ин ҳақиқатро] намедонанд
34:28 -
وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا الْوَعْدُ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ
Ва [кофирон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин ваъда [қиёмат] кай хоҳад буд?»
34:29 -
قُلْ لَكُمْ مِيعَادُ يَوْمٍ لَا تَسْتَأْخِرُونَ عَنْهُ سَاعَةً وَلَا تَسْتَقْدِمُونَ
Бигӯ: «Ваъдагоҳатон рӯзест, ки на соате аз он таъхир мекунед ва на [бар он] пешӣ мегиред»
34:30
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»