Сура 33 Ал-Азҳоб (Гуруҳҳо), оят 9 – 20
-
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اذْكُرُوا نِعْمَةَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ جَاءَتْكُمْ جُنُودٌ فَأَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ رِيحًا وَجُنُودًا لَمْ تَرَوْهَا ۚ وَكَانَ اللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرًا
Эй касоне, ки имон овардаед, неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред; он гоҳ ки сипоҳиёне [аз қабоили араб] ба сӯятон омаданд. Пас, Мо тундбоде [сахт] ва лашкаре [аз фариштагон] ки онҳоро намедидед, бар онон фиристодем [ва ба сахти шикасташон додем]; ва ҳамвора Аллоҳ таоло ба он чи мекунед биност
33:9 -
إِذْ جَاءُوكُمْ مِنْ فَوْقِكُمْ وَمِنْ أَسْفَلَ مِنْكُمْ وَإِذْ زَاغَتِ الْأَبْصَارُ وَبَلَغَتِ الْقُلُوبُ الْحَنَاجِرَ وَتَظُنُّونَ بِاللَّهِ الظُّنُونَا
Вақте [дар ғазваи Хандақ] душманон аз боло ва поён [ва аз шарқ ва ғарби шаҳр] ба сӯятон омаданд [ва Мадинаро муҳосира карданд]; он гоҳ ки чашмҳо [ба фаровонии душман] хира гашта ва ҷонҳо [аз шиддат ва ваҳшат] ба гулугоҳ расида буд ва шумо ба Аллоҳ таоло гумонҳо [-и гуногун] мебурдед
33:10 -
هُنَالِكَ ابْتُلِيَ الْمُؤْمِنُونَ وَزُلْزِلُوا زِلْزَالًا شَدِيدًا
Онҷо буд, ки муъминон озмоиш шуданд ва шадидан ба ваҳшат ва изтироб афтоданд
33:11 -
وَإِذْ يَقُولُ الْمُنَافِقُونَ وَالَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ مَا وَعَدَنَا اللَّهُ وَرَسُولُهُ إِلَّا غُرُورًا
Ва [низ ба ёд оваред] ҳангоме ки мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ [шак ва тардид] буд, мегуфтанд: «Он чи Аллоҳ таоло ва Паёмбараш [дар бораи пирӯзӣ бар кофирон] ваъда додаанд, ҷуз фиребе беш нест»
33:12 -
وَإِذْ قَالَتْ طَائِفَةٌ مِنْهُمْ يَا أَهْلَ يَثْرِبَ لَا مُقَامَ لَكُمْ فَارْجِعُوا ۚ وَيَسْتَأْذِنُ فَرِيقٌ مِنْهُمُ النَّبِيَّ يَقُولُونَ إِنَّ بُيُوتَنَا عَوْرَةٌ وَمَا هِيَ بِعَوْرَةٍ ۖ إِنْ يُرِيدُونَ إِلَّا فِرَارًا
Ва [низ] ҳангоме ки гурӯҳе аз онон гуфтанд: «Эй аҳли Ясриб, инҷо ҷойи мондани шумо нест; пас, [ба хонаҳоятон] бозгардед»; ва бархе аз онон аз Паёмбар иҷозати [бозгашт] мехостанд ва мегуфтанд: «Хонаҳои мо бе ҳифзкунанда аст»; дар ҳоле ки бе ҳифзкунанда набуд. Онон чизе ҷуз фирор [аз ҷиҳод] намехостанд
33:13 -
وَلَوْ دُخِلَتْ عَلَيْهِمْ مِنْ أَقْطَارِهَا ثُمَّ سُئِلُوا الْفِتْنَةَ لَآتَوْهَا وَمَا تَلَبَّثُوا بِهَا إِلَّا يَسِيرًا
Агар [лашкари душманон] аз атрофи он [шаҳр] бар онон ворид мешуданд [ва хонаҳояшонро муҳосира мекарданд] ва аз онон хоста мешуд, ба куфр ва ширк бозгарданд, ҳатман чунин [тааҳҳуде ба душман] доданд ва ҷуз теъдоде андак [дар баробари ин дархост] муқовимат намекарданд
33:14 -
وَلَقَدْ كَانُوا عَاهَدُوا اللَّهَ مِنْ قَبْلُ لَا يُوَلُّونَ الْأَدْبَارَ ۚ وَكَانَ عَهْدُ اللَّهِ مَسْئُولًا
Ва пеш аз ин [вақте ҳамин мунофиқон дар ҷанги Уҳуд аз муқобили кофирон гурехтанд] бо Аллоҳ таоло паймон бастанд, ки [ҳаргиз ба душман] пушт накунанд [ва аз майдон нагурезанд]; ва ҳамвора паймони илоҳӣ бозхост дорад
33:15 -
قُلْ لَنْ يَنْفَعَكُمُ الْفِرَارُ إِنْ فَرَرْتُمْ مِنَ الْمَوْتِ أَوِ الْقَتْلِ وَإِذًا لَا تُمَتَّعُونَ إِلَّا قَلِيلًا
[Эй Паёмбар, ба мунофиқон] бигӯ: « Агар аз марг ё кушта шудан фирор кунед, ҳаргиз суде ба ҳолатон надорад; ва дар он сурат низ [аз зиндагии дунё] ҷуз андаке баҳраманд намешавед»
33:16 -
قُلْ مَنْ ذَا الَّذِي يَعْصِمُكُمْ مِنَ اللَّهِ إِنْ أَرَادَ بِكُمْ سُوءًا أَوْ أَرَادَ بِكُمْ رَحْمَةً ۚ وَلَا يَجِدُونَ لَهُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ وَلِيًّا وَلَا نَصِيرًا
Бигӯ: «Агар Аллоҳ таоло бароятон мусибат ё раҳмате хоста бошад, кист, ки шуморо дар баробари [иҷрои фармони] Ӯ ҳифз кунад?» ва онон барои хеш ба ҷуз Аллоҳ таоло ҳеҷ корсоз ва ёригаре намеёбанд
33:17 -
قَدْ يَعْلَمُ اللَّهُ الْمُعَوِّقِينَ مِنْكُمْ وَالْقَائِلِينَ لِإِخْوَانِهِمْ هَلُمَّ إِلَيْنَا ۖ وَلَا يَأْتُونَ الْبَأْسَ إِلَّا قَلِيلًا
Аллоҳ таоло касонеро аз шумо, ки боздоранда [-и мардум аз ҷиҳод] ҳастанд ва ба бародаронашон мегӯянд: «Ба мо бипайвандед» ба хубӣ мешиносад. [Онон сустбоваранд] ва ҷуз андаке ба майдони ҷанг намеоянд
33:18 -
أَشِحَّةً عَلَيْكُمْ ۖ فَإِذَا جَاءَ الْخَوْفُ رَأَيْتَهُمْ يَنْظُرُونَ إِلَيْكَ تَدُورُ أَعْيُنُهُمْ كَالَّذِي يُغْشَىٰ عَلَيْهِ مِنَ الْمَوْتِ ۖ فَإِذَا ذَهَبَ الْخَوْفُ سَلَقُوكُمْ بِأَلْسِنَةٍ حِدَادٍ أَشِحَّةً عَلَى الْخَيْرِ ۚ أُولَٰئِكَ لَمْ يُؤْمِنُوا فَأَحْبَطَ اللَّهُ أَعْمَالَهُمْ ۚ وَكَانَ ذَٰلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرًا
[Мунофиқон дар ҳама чиз] бар шумо бухл меварзанд; ва ҳангоме ки бим [ҷанг пеш] меояд, дар ҳоле ки чашмҳояшон [аз ваҳшат дар косахона] мечархад, ҳамчун касе, ки аз [сахтии] марг беҳуш шуда бошад, туро нигоҳ мекунанд; ва чун [буҳрон ва] тарс бартараф шуд, ба хотири ҳирс ва тамаъе, ки ба ғаноим доранд, бо забонҳои тунд ва нешдор шуморо меранҷонанд. Онон [ҳаргиз] имон наёвардаанд; пас, Аллоҳ таоло аъмолашонро табоҳ мегардонад ва ин [кор] ҳамвора бар Аллоҳ таоло осон аст
33:19 -
يَحْسَبُونَ الْأَحْزَابَ لَمْ يَذْهَبُوا ۖ وَإِنْ يَأْتِ الْأَحْزَابُ يَوَدُّوا لَوْ أَنَّهُمْ بَادُونَ فِي الْأَعْرَابِ يَسْأَلُونَ عَنْ أَنْبَائِكُمْ ۖ وَلَوْ كَانُوا فِيكُمْ مَا قَاتَلُوا إِلَّا قَلِيلًا
[Мунофиқон] мепиндоранд [ки лашкариён] аҳзоб [ҳануз аз атрофи Мадина] нарафтаанд; ва агар аҳзоб бозгарданд, [ин сустбоварон] орзу мекунанд, ки миёни бодиянишинон [пинҳон] бошанд [ва аз ҳамон ҷо] ахбори [даргирии] шуморо ҷӯё шаванд; ва [ҳатто] агар байни [сипоҳи] шумо буданд, ҷуз андаке намеҷангиданд
33:20
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»