Сура 33 Ал-Азҳоб (Гуруҳҳо), оят 69 – 73

  1. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ آذَوْا مُوسَىٰ فَبَرَّأَهُ اللَّهُ مِمَّا قَالُوا ۚ وَكَانَ عِنْدَ اللَّهِ وَجِيهًا

    Эй касоне, ки имон овардаед, [Паёмбарро наёзоред ва] монанди касоне набошед ки Мӯсоро [бо тӯҳматҳои нораво] озурданд, сипас Аллоҳ таоло ӯро [аз он чи дар ҳаққаш мегуфтанд] табриа намуд; ва [Мӯсо] ҳамвора назди Аллоҳ обрӯманд аст.

    33:69
  2. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَقُولُوا قَوْلًا سَدِيدًا

    Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва сухани рост ва дуруст бигӯед

    33:70
  3. يُصْلِحْ لَكُمْ أَعْمَالَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ ۗ وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ فَازَ فَوْزًا عَظِيمًا

    [Парҳезгор ва ростгӯ бошед] то Аллоҳ таоло корҳоятонро ислоҳ кунад ва гуноҳонатонро биёмурзад ва [бидонед] ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва Паёмбараш итоат кунад, яқинан ба комёбии бузурге даст ёфтааст

    33:71
  4. إِنَّا عَرَضْنَا الْأَمَانَةَ عَلَى السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَالْجِبَالِ فَأَبَيْنَ أَنْ يَحْمِلْنَهَا وَأَشْفَقْنَ مِنْهَا وَحَمَلَهَا الْإِنْسَانُ ۖ إِنَّهُ كَانَ ظَلُومًا جَهُولًا

    Мо амонати [анҷоми амрҳои шаръӣ] – ро бар осмонҳо ва замин ва кӯҳсорон арза доштем ва онҳо аз таҳаммулаш сар боз заданд ва аз он тарсиданд ва [-ле] инсон онро пазируфт. Ҳаққо, ки ӯ [дар ҳаққи хеш] ҳамвора ситамгор ва нодон аст

    33:72
  5. لِيُعَذِّبَ اللَّهُ الْمُنَافِقِينَ وَالْمُنَافِقَاتِ وَالْمُشْرِكِينَ وَالْمُشْرِكَاتِ وَيَتُوبَ اللَّهُ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ ۗ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا

    [Инсон чунин кард] то Аллоҳ таоло мардону занони мунофиқ ва мардону занони мушрикро азоб кунад ва тавбаи мардону занони муъминро [ки амонатдорони шоистае буданд] бипазирад; ва Аллоҳ таоло ҳамвора омурзандаи меҳрубон аст

    33:73

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»