Сура 33 Ал-Азҳоб (Гуруҳҳо), оят 59 – 68
-
يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُلْ لِأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِنْ جَلَابِيبِهِنَّ ۚ ذَٰلِكَ أَدْنَىٰ أَنْ يُعْرَفْنَ فَلَا يُؤْذَيْنَ ۗ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا
Эй Паёмбар, ба ҳамсарон ва духтаронат ва дигар занони муъмин бигӯ, ки чодарҳояшонро ба шоистагӣ бар [сар ва синаи] хеш бияфкананд. Ин [гуна пӯшиш] муносибтар аст ба ин ки [дар ҷомеа матонат ва виқор] шинохта шаванд ва [дар натиҷа] мавриди озор [ҳарзагон] қарор нагиранд, Ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
33:59 -
لَئِنْ لَمْ يَنْتَهِ الْمُنَافِقُونَ وَالَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ وَالْمُرْجِفُونَ فِي الْمَدِينَةِ لَنُغْرِيَنَّكَ بِهِمْ ثُمَّ لَا يُجَاوِرُونَكَ فِيهَا إِلَّا قَلِيلًا
Агар мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ [нифоқ] аст ва овозасозӣ дар Мадина [аз дурӯғгӯӣ ва шоеасозӣ] даст барнадоранд, яқинан туро бар онон мусаллат мегардонем. Дар ин сурат ҷуз муддати кӯтоҳе наметавонанд дар ин шаҳр дар канори ту бимонанд
33:60 -
مَلْعُونِينَ ۖ أَيْنَمَا ثُقِفُوا أُخِذُوا وَقُتِّلُوا تَقْتِيلًا
Лаънатшудагонанд ва ҳар ҷо ки ёфта шаванд, бояд бемуҳобо дастгир ва кушта шаванд
33:61 -
سُنَّةَ اللَّهِ فِي الَّذِينَ خَلَوْا مِنْ قَبْلُ ۖ وَلَنْ تَجِدَ لِسُنَّةِ اللَّهِ تَبْدِيلًا
[Ин] Суннати Аллоҳ таоло дар мавриди афроде [аз мунофиқон] , ки пештар будаанд, ҷорӣ гаштааст; ва ҳаргиз дар суннати Аллоҳ таоло дигаргунӣ [ва тағйире] намеёбӣ
33:62 -
يَسْأَلُكَ النَّاسُ عَنِ السَّاعَةِ ۖ قُلْ إِنَّمَا عِلْمُهَا عِنْدَ اللَّهِ ۚ وَمَا يُدْرِيكَ لَعَلَّ السَّاعَةَ تَكُونُ قَرِيبًا
[Эй Паёмбар] Мардум дар бораи [замони вуқуъи] қиёмат аз ту мепурсанд; бигӯ: «Дониши он танҳо назди Аллоҳ таоло аст»; ва ту чи медонӣ? Шояд қиёмат наздик бошад
33:63 -
إِنَّ اللَّهَ لَعَنَ الْكَافِرِينَ وَأَعَدَّ لَهُمْ سَعِيرًا
Бе тардид, Аллоҳ таоло кофиронро аз раҳмати хеш дур карда ва барояшон оташи афрӯхта муҳайё кардааст
33:64 -
خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۖ لَا يَجِدُونَ وَلِيًّا وَلَا نَصِيرًا
[Оташе] Ки ҷовидона дар он хоҳанд монд [ва барои дифоъ аз худ] ҳеҷ корсоз ва ёригаре намеёбанд
33:65 -
يَوْمَ تُقَلَّبُ وُجُوهُهُمْ فِي النَّارِ يَقُولُونَ يَا لَيْتَنَا أَطَعْنَا اللَّهَ وَأَطَعْنَا الرَّسُولَا
Рӯзе, ки чеҳраҳояшон дар оташи дузах дигаргун мешавад, [бо пушаймонӣ] мегӯянд: «Эй кош, аз Аллоҳ таоло ва Паёмбар итоат карда будем
33:66 -
وَقَالُوا رَبَّنَا إِنَّا أَطَعْنَا سَادَتَنَا وَكُبَرَاءَنَا فَأَضَلُّونَا السَّبِيلَا
[Онон баҳона меоваранд ва] мегӯянд: «Парвардигоро, мо аз раҳбарон ва бузургони худ итоат кардем ва онон [буданд], ки моро гумроҳ карданд
33:67 -
رَبَّنَا آتِهِمْ ضِعْفَيْنِ مِنَ الْعَذَابِ وَالْعَنْهُمْ لَعْنًا كَبِيرًا
Парвардигоро! Азобашонро дучандон кун ва ба лаънати бузург [ва сахт] лаънат бифармо!»
33:68
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»