Сура 33 Ал-Азҳоб (Гуруҳҳо), оят 53 – 58

  1. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَدْخُلُوا بُيُوتَ النَّبِيِّ إِلَّا أَنْ يُؤْذَنَ لَكُمْ إِلَىٰ طَعَامٍ غَيْرَ نَاظِرِينَ إِنَاهُ وَلَٰكِنْ إِذَا دُعِيتُمْ فَادْخُلُوا فَإِذَا طَعِمْتُمْ فَانْتَشِرُوا وَلَا مُسْتَأْنِسِينَ لِحَدِيثٍ ۚ إِنَّ ذَٰلِكُمْ كَانَ يُؤْذِي النَّبِيَّ فَيَسْتَحْيِي مِنْكُمْ ۖ وَاللَّهُ لَا يَسْتَحْيِي مِنَ الْحَقِّ ۚ وَإِذَا سَأَلْتُمُوهُنَّ مَتَاعًا فَاسْأَلُوهُنَّ مِنْ وَرَاءِ حِجَابٍ ۚ ذَٰلِكُمْ أَطْهَرُ لِقُلُوبِكُمْ وَقُلُوبِهِنَّ ۚ وَمَا كَانَ لَكُمْ أَنْ تُؤْذُوا رَسُولَ اللَّهِ وَلَا أَنْ تَنْكِحُوا أَزْوَاجَهُ مِنْ بَعْدِهِ أَبَدًا ۚ إِنَّ ذَٰلِكُمْ كَانَ عِنْدَ اللَّهِ عَظِيمًا

    Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонаҳои Паёмбар дохил нашавед; магар он ки барои [сарфи] ғизое ба шумо иҷозат диҳанд; бе он ки [зудтар аз вақти ғизо биравед ва] мунтазири омода шуданаш шавед; вале ҳангоме ки шуморо фаро хонданд, ворид шавед ва чун ғизо хӯрдед, пароканда гардед ва саргарми [баҳс ва] гуфтугӯ нашавед. Ин [рафторатон] Паёмбарро меозорад ва ӯро аз [ибрози ин мавзӯъ дар баробари] шумо шарм дорад; [вале] Аллоҳ таоло аз [баёни] ҳақ шарм надорад. Ва ҳангоме ки аз ҳамсарони ӯ дархосте доред, [ниёзатонро] аз пушти пардае аз онон бихоҳед [ва дар чеҳраи онон нанигаред; чаро ки] ин [кор] барои дилҳои шумо ва эшон поктар аст; ва [ҳамчунин] бароятон сазовор нест, ки Расулуллоҳро биёзоред ва ҳаргиз шоистаи шумо нест, ки пас аз ӯ бо ҳамсаронаш издивоҷ кунед. Ба ростӣ, ки ин [кор] назди Аллоҳ таоло [гуноҳе] бузург аст

    33:53
  2. إِنْ تُبْدُوا شَيْئًا أَوْ تُخْفُوهُ فَإِنَّ اللَّهَ كَانَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمًا

    Агар чизеро ошкор кунед ё пинҳон доред, [бидонед, ки] бетардид, Аллоҳ таоло ба ҳар чизе огоҳ аст

    33:54
  3. لَا جُنَاحَ عَلَيْهِنَّ فِي آبَائِهِنَّ وَلَا أَبْنَائِهِنَّ وَلَا إِخْوَانِهِنَّ وَلَا أَبْنَاءِ إِخْوَانِهِنَّ وَلَا أَبْنَاءِ أَخَوَاتِهِنَّ وَلَا نِسَائِهِنَّ وَلَا مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُنَّ ۗ وَاتَّقِينَ اللَّهَ ۚ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدًا

    Бар онон [занони мусулмон] гуноҳе нест [дар надоштани ҳиҷоб] назди падаронашон ва писаронашон ва бародаронашон ва писарони бародаронашон ва писарони хоҳаронашон ва занон [ҳамдин]-ашон ва бардагонашон; ва [эй занони мусулмон] аз Аллоҳ таоло парво кунед. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳама чиз гувоҳ аст

    33:55
  4. إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ ۚ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا

    Ба ростӣ, Аллоҳ таоло ва фариштагонаш бар Паёмбар дуруд мефиристанд; [пас] эй касоне, ки имон овардаед [шумо низ] бар ӯ дуруд фиристед ва ба шоистагӣ салом гӯед

    33:56
  5. إِنَّ الَّذِينَ يُؤْذُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ لَعَنَهُمُ اللَّهُ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ وَأَعَدَّ لَهُمْ عَذَابًا مُهِينًا

    Касоне ки Аллоҳ таоло ва Паёмбарашро меозоранд, Аллоҳ таоло дар дунё ва охират ононро аз раҳмати хеш дур мекунад ва барояшон азоби хоркунанда омода кардааст

    33:57
  6. وَالَّذِينَ يُؤْذُونَ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ بِغَيْرِ مَا اكْتَسَبُوا فَقَدِ احْتَمَلُوا بُهْتَانًا وَإِثْمًا مُبِينًا

    Ва онон, ки мардон ва занони муъминро бе он ки муртакиби [амали зиште] шуда бошанд, [бо иттиҳомоти нораво] меозоранд, бори дурӯғ ва гуноҳи ошкорро бар дӯш мекашанд

    33:58

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»