Сура 33 Ал-Азҳоб (Гуруҳҳо), оят 41 – 52

  1. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اذْكُرُوا اللَّهَ ذِكْرًا كَثِيرًا

    Эй касоне, ки имон овардаед, Аллоҳро бисёр ёд кунед

    33:41
  2. وَسَبِّحُوهُ بُكْرَةً وَأَصِيلًا

    Ва бомдод ва шомгоҳ Ӯро ба покӣ биситоед

    33:42
  3. هُوَ الَّذِي يُصَلِّي عَلَيْكُمْ وَمَلَائِكَتُهُ لِيُخْرِجَكُمْ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ ۚ وَكَانَ بِالْمُؤْمِنِينَ رَحِيمًا

    Ӯст, ки бар шумо дуруд [ва раҳмат] мефиристад ва фариштагонаш [низ дуоятон мекунанд], то шуморо аз торикиҳо ба сӯйи нур берун оварад ва [Аллоҳ таоло] ҳамвора нисбат ба муъминон меҳрубон аст

    33:43
  4. تَحِيَّتُهُمْ يَوْمَ يَلْقَوْنَهُ سَلَامٌ ۚ وَأَعَدَّ لَهُمْ أَجْرًا كَرِيمًا

    Рӯзе, ки бо Ӯ дидор мекунанд, дурудашон «Салом» аст ва [Аллоҳ таоло] бар эшон подоше арҷманд фароҳам сохтааст

    33:44
  5. يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ إِنَّا أَرْسَلْنَاكَ شَاهِدًا وَمُبَشِّرًا وَنَذِيرًا

    Эй Паёмбар, Мо туро гувоҳ ва башоратбахш ва бимдиҳанда фиристодаем

    33:45
  6. وَدَاعِيًا إِلَى اللَّهِ بِإِذْنِهِ وَسِرَاجًا مُنِيرًا

    Ва [туро] даъватгаре ба сӯйи Аллоҳ таоло ба фармони Ӯ ва чароғи равшанибахш [қарор додем]

    33:46
  7. وَبَشِّرِ الْمُؤْمِنِينَ بِأَنَّ لَهُمْ مِنَ اللَّهِ فَضْلًا كَبِيرًا

    Ва ба муъминон башорат бидеҳ, ки аз ҷониби Аллоҳ таоло бахшиши бузурге барояшон [дар пеш] аст

    33:47
  8. وَلَا تُطِعِ الْكَافِرِينَ وَالْمُنَافِقِينَ وَدَعْ أَذَاهُمْ وَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ ۚ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ وَكِيلًا

    Ва аз кофирон ва мунофиқон итоат накун ва ба озорашон бетаваҷчуҳ бош ва бар Аллоҳ таоло таваккал кун; ва ҳамин басанда аст, ки Аллоҳ таоло [ёвар ва] коргузори ту бошад

    33:48
  9. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا نَكَحْتُمُ الْمُؤْمِنَاتِ ثُمَّ طَلَّقْتُمُوهُنَّ مِنْ قَبْلِ أَنْ تَمَسُّوهُنَّ فَمَا لَكُمْ عَلَيْهِنَّ مِنْ عِدَّةٍ تَعْتَدُّونَهَا ۖ فَمَتِّعُوهُنَّ وَسَرِّحُوهُنَّ سَرَاحًا جَمِيلًا

    Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар гоҳ бо занони муъмин издивоҷ кардед, сипас пеш аз онки бо онон ҳамбистар шавед талоқашон додед, аз ҷониби шумо ҳеҷ иддае бар уҳдаи онон нест, ки ҳисобашро нигоҳ доред; аз ин рӯ, эшонро [бо ҳадяи муносиб] баҳраманд созед ва ба некутарин ваҷҳ раҳояшон созед

    33:49
  10. يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ إِنَّا أَحْلَلْنَا لَكَ أَزْوَاجَكَ اللَّاتِي آتَيْتَ أُجُورَهُنَّ وَمَا مَلَكَتْ يَمِينُكَ مِمَّا أَفَاءَ اللَّهُ عَلَيْكَ وَبَنَاتِ عَمِّكَ وَبَنَاتِ عَمَّاتِكَ وَبَنَاتِ خَالِكَ وَبَنَاتِ خَالَاتِكَ اللَّاتِي هَاجَرْنَ مَعَكَ وَامْرَأَةً مُؤْمِنَةً إِنْ وَهَبَتْ نَفْسَهَا لِلنَّبِيِّ إِنْ أَرَادَ النَّبِيُّ أَنْ يَسْتَنْكِحَهَا خَالِصَةً لَكَ مِنْ دُونِ الْمُؤْمِنِينَ ۗ قَدْ عَلِمْنَا مَا فَرَضْنَا عَلَيْهِمْ فِي أَزْوَاجِهِمْ وَمَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُمْ لِكَيْلَا يَكُونَ عَلَيْكَ حَرَجٌ ۗ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا

    Эй Паёмбар, Мо ҳамсаронат, ки маҳрашонро пардохтаӣ ва [низ] канизонеро, ки Аллоҳ таоло [аз баҳраи ҷанг] ба ту арзонӣ доштааст, бароят ҳалол кардаем ва [низ издивоҷ бо] духтари амуҳоят ва духтари аммаҳоят ва духтартағоҳоят ва духтархолаҳоят, ки бо ту ҳиҷрат кардаанд ва [ҳамчунин] агар зани муъмине худро [бидуни маҳрия] ба Паёмбар бибахшад, чунончи Паёмбар бихоҳад, [метавонад] бо вай издивоҷ кунад. [Ин ҳукм] Вижаи туст, на дигар муъминон. Бе тардид, Мо медонем барои онон дар мавриди ҳамсарон ва канизонашон чи ҳукме таъйин кардаем. [Ин ҳукми вижаро барқарор кардем] То ҳеҷ тангное [дар роҳи анҷоми вазифа] бар ту набошад; ва Аллоҳ таоло ҳамвора омурзандаи меҳрубон аст

    33:50
  11. تُرْجِي مَنْ تَشَاءُ مِنْهُنَّ وَتُؤْوِي إِلَيْكَ مَنْ تَشَاءُ ۖ وَمَنِ ابْتَغَيْتَ مِمَّنْ عَزَلْتَ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْكَ ۚ ذَٰلِكَ أَدْنَىٰ أَنْ تَقَرَّ أَعْيُنُهُنَّ وَلَا يَحْزَنَّ وَيَرْضَيْنَ بِمَا آتَيْتَهُنَّ كُلُّهُنَّ ۚ وَاللَّهُ يَعْلَمُ مَا فِي قُلُوبِكُمْ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَلِيمًا

    [Навбати] ҳар як аз онон [ҳамсаронат]- ро, ки бихоҳӣ [метавонӣ] ба таъхир андозӣ ва ҳар кадомро бихоҳӣ, [метавонӣ] назди хеш ҷой диҳӣ; ва агар ҳар як аз ононро, ки аз ӯ канора гирифтаӣ [ва навбаташ ба таъхир афтодааст] талаб кунӣ, [дар ҳар ҳол] ҳеҷ гуноҳе бар ту нест. Ин [ихтиёр дар интихоб] наздиктар аст ва ин ки чашмашон равшан шавад ва андӯҳгин набошанд ва ҳамагиашон аз он чи ба онон бахшидаӣ хушнуд гардидаанд; ва Аллоҳ таоло медонад, ки шумо [мардон дар бораи муҳаббати бештар ба бархе занонатон] чи дар дил доред; ва Аллоҳ таоло ҳамвора донои бурдбор аст

    33:51
  12. لَا يَحِلُّ لَكَ النِّسَاءُ مِنْ بَعْدُ وَلَا أَنْ تَبَدَّلَ بِهِنَّ مِنْ أَزْوَاجٍ وَلَوْ أَعْجَبَكَ حُسْنُهُنَّ إِلَّا مَا مَلَكَتْ يَمِينُكَ ۗ وَكَانَ اللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ رَقِيبًا

    Аз ин пас [дигар издивоҷ бо] ҳеҷ зане бароят ҳалол нест ва набояд [бархе аз ҳамсаронатро талоқ диҳӣ, то] ҳамсаронеро ҷойнишини онон кунӣ, ҳатто агар зебоии онон [занони ҷадид] туро хуш ояд. Магар он ки [ба сурати каниз] дар ихтиёрат бошад; ва Аллоҳ таоло ҳамвора бар ҳар чизе нигаҳбон аст

    33:52

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»