Сура 33 Ал-Азҳоб (Гуруҳҳо), оят 21 – 27

  1. لَقَدْ كَانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ لِمَنْ كَانَ يَرْجُو اللَّهَ وَالْيَوْمَ الْآخِرَ وَذَكَرَ اللَّهَ كَثِيرًا

    Бе тардид, дар [ рафтор ва гуфтори] Расулуллоҳ, барои шумо сармашқи некуе аст; барои ҳар ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи охират умед дорад ва Аллоҳро бисёр ёд мекунад

    33:21
  2. وَلَمَّا رَأَى الْمُؤْمِنُونَ الْأَحْزَابَ قَالُوا هَٰذَا مَا وَعَدَنَا اللَّهُ وَرَسُولُهُ وَصَدَقَ اللَّهُ وَرَسُولُهُ ۚ وَمَا زَادَهُمْ إِلَّا إِيمَانًا وَتَسْلِيمًا

    Ва чун муъминон [лашкари] аҳзобро диданд, гуфтанд: «Ин [имтиҳони илоҳӣ ва пирӯзии ниҳоияш] ҳамон чизе аст, ки Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ба мо ваъда додаанд ва [бар ҳақ ] Аллоҳ таоло ва Паёмбараш рост гуфтанд» ва [мушоҳидаи анбӯҳи душман] ҷуз бар имон ва таслимашон [дар муқобили Парвардигор] наяфзуд

    33:22
  3. مِنَ الْمُؤْمِنِينَ رِجَالٌ صَدَقُوا مَا عَاهَدُوا اللَّهَ عَلَيْهِ ۖ فَمِنْهُمْ مَنْ قَضَىٰ نَحْبَهُ وَمِنْهُمْ مَنْ يَنْتَظِرُ ۖ وَمَا بَدَّلُوا تَبْدِيلًا

    Аз миёни муъминон мардоне ҳастанд ба аҳд ва паймоне, ки бо Аллоҳ таоло баста буданд, [содиқона] вафо карданд; бархе аз онон то охир бар аҳд ва паймони худ истоданд [ ва дар ин роҳ даргузаштанд ё шаҳид шуданд] ва бархе дигар ҳануз чашминтизор [шаҳодат] ҳастанд ва ҳаргиз [паймони худро] дигаргун насохтаанд

    33:23
  4. لِيَجْزِيَ اللَّهُ الصَّادِقِينَ بِصِدْقِهِمْ وَيُعَذِّبَ الْمُنَافِقِينَ إِنْ شَاءَ أَوْ يَتُوبَ عَلَيْهِمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ كَانَ غَفُورًا رَحِيمًا

    [Ин рӯйдодҳо пеш меояд] то Аллоҳ таоло ростгӯёнро ба [поси поймардӣ ва] ростгӯияшон подош диҳад ва мунофиқонро – агар бихоҳад – азоб кунад ё тавбаашонро бипазирад. Бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

    33:24
  5. وَرَدَّ اللَّهُ الَّذِينَ كَفَرُوا بِغَيْظِهِمْ لَمْ يَنَالُوا خَيْرًا ۚ وَكَفَى اللَّهُ الْمُؤْمِنِينَ الْقِتَالَ ۚ وَكَانَ اللَّهُ قَوِيًّا عَزِيزًا

    Ва Аллоҳ таоло [сипоҳи ] касонеро, ки куфр варзида буданд бо [тамоми нокомӣ ва] хашмашон [аз ин ки] ба ҳеҷ ғанимате даст наёфта буданд, [аз атрофи Мадина] бозгардонд ва [пуштибонии] Аллоҳ таоло дар ҷанг, муъминонро кифоят кард; ва Аллоҳ таоло ҳамвора тавонову шикастнопазир аст

    33:25
  6. وَأَنْزَلَ الَّذِينَ ظَاهَرُوهُمْ مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ مِنْ صَيَاصِيهِمْ وَقَذَفَ فِي قُلُوبِهِمُ الرُّعْبَ فَرِيقًا تَقْتُلُونَ وَتَأْسِرُونَ فَرِيقًا

    [Аллоҳ таоло] Гурӯҳе аз аҳли китоб [яҳудиёни Бани Қурайза]- ро, ки аз онон [мушрикон] пуштибонӣ карда буданд, аз қалъаҳояшон ба зер кашид ва дар дилҳояшон ваҳшат андохт; [чунон ки шумо] гурӯҳе [аз онон] –ро мекуштед ва гурӯҳеро ба асорат мегирифтед

    33:26
  7. وَأَوْرَثَكُمْ أَرْضَهُمْ وَدِيَارَهُمْ وَأَمْوَالَهُمْ وَأَرْضًا لَمْ تَطَئُوهَا ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرًا

    Ва заминҳои кишоварзӣ ва хонаҳо ва амволашон ва [ҳамчунин] сарзаминеро, ки ҳаргиз по ба он ҷо нагузошта будед [Хайбар], дар ихтиёратон ниҳод; ва Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност

    33:27

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»