Сура 32 Ас-Саҷда (Саҷда), оят 12 – 22
-
وَلَوْ تَرَىٰ إِذِ الْمُجْرِمُونَ نَاكِسُو رُءُوسِهِمْ عِنْدَ رَبِّهِمْ رَبَّنَا أَبْصَرْنَا وَسَمِعْنَا فَارْجِعْنَا نَعْمَلْ صَالِحًا إِنَّا مُوقِنُونَ
Ва чун [дар қиёмат] гунаҳгоронро дар пешгоҳи Парвардигорашон бубинӣ, сар ба зер афкандаанд [ва мегӯянд] «Парвардигоро, [акнун ҳақиқатро] дидем ва шунидем, пас, моро бозгардон, то кори шоистае анҷом диҳем. Бе тардид, мо [ба қиёмат] яқин дорем»
32:12 -
وَلَوْ شِئْنَا لَآتَيْنَا كُلَّ نَفْسٍ هُدَاهَا وَلَٰكِنْ حَقَّ الْقَوْلُ مِنِّي لَأَمْلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنَ الْجِنَّةِ وَالنَّاسِ أَجْمَعِينَ
Агар мехостем, ба ҳар касе [тавфиқ ва] ҳидояташро арзонӣ медоштем, вале ин сухан [-у ваъдаи] ман ҳақ аст, ки: «Дузахро аз ҳамаи ҷинниён ва одамиён [-и кофир] анбошта хоҳам кард»
32:13 -
فَذُوقُوا بِمَا نَسِيتُمْ لِقَاءَ يَوْمِكُمْ هَٰذَا إِنَّا نَسِينَاكُمْ ۖ وَذُوقُوا عَذَابَ الْخُلْدِ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ
[Ба онон гуфта мешавад] «Ба сазои он ки дидори имрӯзатонро фаромӯш кардед, [азоби сӯзонро] бичашед. Яқинан, мо [низ] шуморо [дар оташ] раҳо кардаем ва [акнун] ба сазои он чи мекардед, азоби ҷовидонро бичашед
32:14 -
إِنَّمَا يُؤْمِنُ بِآيَاتِنَا الَّذِينَ إِذَا ذُكِّرُوا بِهَا خَرُّوا سُجَّدًا وَسَبَّحُوا بِحَمْدِ رَبِّهِمْ وَهُمْ لَا يَسْتَكْبِرُونَ ۩
Фақат касоне ба оёти Мо имон меоваранд, ки чун ба онҳо панд дода шавад, ба саҷда меафтанд ва Парвардигорашонро ба покӣ меситоянд ва такаббур намекунанд
32:15 -
تَتَجَافَىٰ جُنُوبُهُمْ عَنِ الْمَضَاجِعِ يَدْعُونَ رَبَّهُمْ خَوْفًا وَطَمَعًا وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنْفِقُونَ
[Дар дили шаб] Аз бистарҳо бармехезанд ва Парвардигорашонро бо биму умед [ба ниёиш] мехонанд ва аз он чи ба онон рӯзӣ додаем, инфоқ мекунанд
32:16 -
فَلَا تَعْلَمُ نَفْسٌ مَا أُخْفِيَ لَهُمْ مِنْ قُرَّةِ أَعْيُنٍ جَزَاءً بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ
Пас, ҳеҷ кас намедонад, ба [поси] он чи [ин муъминон дар дунё] анҷом медиҳанд, чи [бисёр мояи] равшании чашмҳо барояшон нуҳуфта аст
32:17 -
أَفَمَنْ كَانَ مُؤْمِنًا كَمَنْ كَانَ فَاسِقًا ۚ لَا يَسْتَوُونَ
Оё [подоши] касе, ки муъмин аст, ҳамчун касест, ки нофармон аст? Ҳаргиз баробар нестанд
32:18 -
أَمَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ فَلَهُمْ جَنَّاتُ الْمَأْوَىٰ نُزُلًا بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ
Аммо касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ҷойгоҳашон боғҳо [-и биҳишт] аст. Подошест ба [поси] он чи мекарданд
32:19 -
وَأَمَّا الَّذِينَ فَسَقُوا فَمَأْوَاهُمُ النَّارُ ۖ كُلَّمَا أَرَادُوا أَنْ يَخْرُجُوا مِنْهَا أُعِيدُوا فِيهَا وَقِيلَ لَهُمْ ذُوقُوا عَذَابَ النَّارِ الَّذِي كُنْتُمْ بِهِ تُكَذِّبُونَ
Ва аммо касоне, ки нофармонӣ карданд, ҷойгоҳашон оташ [-и дузах] аст. Ҳар гоҳ бихоҳанд аз он хориҷ шаванд, ба дарунаш бозгардонда мешаванд ва ба онон гуфта мешавад: «Бичашед азоби оташеро, ки ҳамвора дурӯғаш меангоштед»
32:20 -
وَلَنُذِيقَنَّهُمْ مِنَ الْعَذَابِ الْأَدْنَىٰ دُونَ الْعَذَابِ الْأَكْبَرِ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ
Яқинан пеш аз азоби бузурги [охират] аз азоби наздик [ва сахтиҳои ин дунё] ба онон мечашонем, бошад, ки [ба даргоҳи илоҳӣ] бозгарданд
32:21 -
وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنْ ذُكِّرَ بِآيَاتِ رَبِّهِ ثُمَّ أَعْرَضَ عَنْهَا ۚ إِنَّا مِنَ الْمُجْرِمِينَ مُنْتَقِمُونَ
Кист ситамгортар аз он ки ӯро ба оёти Парвардигораш панд дода мешавад, сипас аз он рӯй мегардонад? Бе тардид, Мо аз гунаҳгорон интиқом мегирем
32:22
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»