Сура 32 Ас-Саҷда (Саҷда), оят 1 – 11

  1. الم

    Алиф, лом, мим.

    32:1
  2. تَنْزِيلُ الْكِتَابِ لَا رَيْبَ فِيهِ مِنْ رَبِّ الْعَالَمِينَ

    Нузули ин китоб, ки дар [ҳаққонияти] он ҳеҷ шакке нест, аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст

    32:2
  3. أَمْ يَقُولُونَ افْتَرَاهُ ۚ بَلْ هُوَ الْحَقُّ مِنْ رَبِّكَ لِتُنْذِرَ قَوْمًا مَا أَتَاهُمْ مِنْ نَذِيرٍ مِنْ قَبْلِكَ لَعَلَّهُمْ يَهْتَدُونَ

    [Кофирон] Мегӯянд: «[Муҳаммад] Онро ба дурӯғ [ба Парвардигораш] нисбат медиҳад». [Ҳаргиз чунин нест] Балки он [оёт сухани] ҳаққе аз ҷониби Парвардигори туст, то ба қавме, ки пеш аз ту барояшон [ҳеҷ] бимдиҳандае наомадааст, ҳушдор диҳӣ, бошад, ки ҳидоят шаванд

    32:3
  4. اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ ثُمَّ اسْتَوَىٰ عَلَى الْعَرْشِ ۖ مَا لَكُمْ مِنْ دُونِهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا شَفِيعٍ ۚ أَفَلَا تَتَذَكَّرُونَ

    Аллоҳ таоло аст, ки осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, дар шаш рӯз офарид, он гоҳ, [ки шоистаи шукӯҳи Ӯст] бар Арш қарор гирифт. Шумо ба ҷуз Ӯ ҳеҷ корсозу шафоатгаре надоред. Оё панд намегиред?

    32:4
  5. يُدَبِّرُ الْأَمْرَ مِنَ السَّمَاءِ إِلَى الْأَرْضِ ثُمَّ يَعْرُجُ إِلَيْهِ فِي يَوْمٍ كَانَ مِقْدَارُهُ أَلْفَ سَنَةٍ مِمَّا تَعُدُّونَ

    Кор [-и ҷаҳони ҳастӣ]-ро аз осмон то замин тадбир мекунад. Он гоҳ дар рӯзе, ки миқдори он барои шумо [инсонҳо] ҳазор сол аст, [ин корҳо] ба сӯи Ӯ боло меравад

    32:5
  6. ذَٰلِكَ عَالِمُ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ

    Ин [Парвардигори шумост] донои пинҳону ошкор, шикастнопазири меҳрубон

    32:6
  7. الَّذِي أَحْسَنَ كُلَّ شَيْءٍ خَلَقَهُ ۖ وَبَدَأَ خَلْقَ الْإِنْسَانِ مِنْ طِينٍ

    [Ҳамон] Касе, ки ҳар чи офарид, ба накутарин [шакл] офарид ва офариниши [нахустини] инсонро аз гил оғоз кард

    32:7
  8. ثُمَّ جَعَلَ نَسْلَهُ مِنْ سُلَالَةٍ مِنْ مَاءٍ مَهِينٍ

    Сипас насли ӯро аз чакидаи оби беарзиш падид овард

    32:8
  9. ثُمَّ سَوَّاهُ وَنَفَخَ فِيهِ مِنْ رُوحِهِ ۖ وَجَعَلَ لَكُمُ السَّمْعَ وَالْأَبْصَارَ وَالْأَفْئِدَةَ ۚ قَلِيلًا مَا تَشْكُرُونَ

    Он гоҳ [андоми] ӯро сомон дод ва аз руҳи хеш [руҳе, ки худ офарид] дар вай дамид ва барои шумо [неъмати] гӯшу чашм ва дил қарор дод. Чи андак сипос мегузоред!

    32:9
  10. وَقَالُوا أَإِذَا ضَلَلْنَا فِي الْأَرْضِ أَإِنَّا لَفِي خَلْقٍ جَدِيدٍ ۚ بَلْ هُمْ بِلِقَاءِ رَبِّهِمْ كَافِرُونَ

    [Мушрикон] Мегӯянд: «Оё вақте [мурдем ва] дар замин нопадид шудем, офариниши ҷадиде хоҳем ёфт»? Балки онон дидори Парвардигорашонро мункиранд

    32:10
  11. قُلْ يَتَوَفَّاكُمْ مَلَكُ الْمَوْتِ الَّذِي وُكِّلَ بِكُمْ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّكُمْ تُرْجَعُونَ

    [Эй паёмбар] бигӯ: «Фариштаи марг, ки бар шумо гумошта шудааст, ҷонатонро мегирад, он гоҳ ба сӯйи Парвардигоратон бозгардонда мешавед»

    32:11

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»