Сура 31 Луқмон, оят 20 – 30

  1. أَلَمْ تَرَوْا أَنَّ اللَّهَ سَخَّرَ لَكُمْ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ وَأَسْبَغَ عَلَيْكُمْ نِعَمَهُ ظَاهِرَةً وَبَاطِنَةً ۗ وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يُجَادِلُ فِي اللَّهِ بِغَيْرِ عِلْمٍ وَلَا هُدًى وَلَا كِتَابٍ مُنِيرٍ

    [Эй мардум] Оё надидаед, ки Аллоҳ таоло он чиро дар осмонҳо ва замин аст, ба хидмататон гумошта ва [бахшиши] неъматҳои ошкор ва пинҳони хешро бар шумо тамом кард? [Бо ин ҳол] Аз мардум касе ҳаст, ки бидуни ҳеҷ дониш ва ҳидоят ва китоби равшангаре дар [мавриди] Аллоҳ таоло муҷодала мекунад

    31:20
  2. وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ اتَّبِعُوا مَا أَنْزَلَ اللَّهُ قَالُوا بَلْ نَتَّبِعُ مَا وَجَدْنَا عَلَيْهِ آبَاءَنَا ۚ أَوَلَوْ كَانَ الشَّيْطَانُ يَدْعُوهُمْ إِلَىٰ عَذَابِ السَّعِيرِ

    Ва ҳангоме ки ба онон гуфта мешавад: «Аз он чи Аллоҳ таоло нозил кардааст, пайравӣ кунед». Мегӯянд: «[На] Балки аз чизе пайравӣ мекунем, ки падаронамонро бар он ёфтем». Оё агар шайтон ононро ба сӯйи азоби [оташи] сӯзон даъват кунад [боз ҳам аз падаронашон пайравӣ мекунанд]?

    31:21
  3. وَمَنْ يُسْلِمْ وَجْهَهُ إِلَى اللَّهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ فَقَدِ اسْتَمْسَكَ بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقَىٰ ۗ وَإِلَى اللَّهِ عَاقِبَةُ الْأُمُورِ

    Ҳар ки [холисона] ба Аллоҳ таоло рӯ оварад ва накукор бошад, ба ростӣ, ки ба дастовези муҳкаме чанг задааст ва саранҷоми корҳо ба сӯйи Аллоҳ таоло аст

    31:22
  4. وَمَنْ كَفَرَ فَلَا يَحْزُنْكَ كُفْرُهُ ۚ إِلَيْنَا مَرْجِعُهُمْ فَنُنَبِّئُهُمْ بِمَا عَمِلُوا ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ

    Ҳар ки куфр варзад, куфраш туро ғамгин насозад. Бозгашти онон ба сӯи Мост, он гоҳ аз он чи кардаанд, огоҳашон месозем. Бе тардид, Аллоҳ таоло аз [рози] дилҳо огоҳ аст

    31:23
  5. نُمَتِّعُهُمْ قَلِيلًا ثُمَّ نَضْطَرُّهُمْ إِلَىٰ عَذَابٍ غَلِيظٍ

    Онон [кофирон]-ро андаке [аз неъматҳои дунё] баҳраманд месозем, он гоҳ ба таҳаммули азобе сахт дучорашон мекунем

    31:24
  6. وَلَئِنْ سَأَلْتَهُمْ مَنْ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ لَيَقُولُنَّ اللَّهُ ۚ قُلِ الْحَمْدُ لِلَّهِ ۚ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ

    Ва агар аз мушрикон бипурсӣ: Чи касе осмонҳо ва заминро офаридааст?», қатъан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло». Бигӯ: Сипос [-у ситоиш] махсуси Аллоҳ таоло аст [ки шуморо аз ин ҳақиқат огоҳ намуд]», балки бештарашон намедонанд

    31:25
  7. لِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ إِنَّ اللَّهَ هُوَ الْغَنِيُّ الْحَمِيدُ

    Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст. Бе тардид, Аллоҳ таоло бениёзу сутуда аст

    31:26
  8. وَلَوْ أَنَّمَا فِي الْأَرْضِ مِنْ شَجَرَةٍ أَقْلَامٌ وَالْبَحْرُ يَمُدُّهُ مِنْ بَعْدِهِ سَبْعَةُ أَبْحُرٍ مَا نَفِدَتْ كَلِمَاتُ اللَّهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

    Агар [ҳамаи] дарахтони рӯи замин қалам шавад ва дарё [ранг гардад] ва ҳафт дарёи дигар ба ёриашон биёяд [то дониши илоҳиро бинависанд], суханони Аллоҳ таоло поён намеёбад. Бе тардид, Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст

    31:27
  9. مَا خَلْقُكُمْ وَلَا بَعْثُكُمْ إِلَّا كَنَفْسٍ وَاحِدَةٍ ۗ إِنَّ اللَّهَ سَمِيعٌ بَصِيرٌ

    [Эй мардум] Офариниш ва барангехтани шумо [дар қиёмат] ҳамчун як нафар беш нест. Бе тардид, Аллоҳ таоло шунавову биност

    31:28
  10. أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّهَ يُولِجُ اللَّيْلَ فِي النَّهَارِ وَيُولِجُ النَّهَارَ فِي اللَّيْلِ وَسَخَّرَ الشَّمْسَ وَالْقَمَرَ كُلٌّ يَجْرِي إِلَىٰ أَجَلٍ مُسَمًّى وَأَنَّ اللَّهَ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ

    Оё надидӣ, ки Аллоҳ таоло аз шаб мекоҳад ва бар рӯз меафзояд ва аз рӯз мекоҳад ва бар шаб меафзояд ва хуршеду моҳро ба хидмат [-и инсон] гумоштааст, ки ҳар як то замоне муайян дар [мадори худ] равон бошад? Бе тардид, Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст

    31:29
  11. ذَٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ هُوَ الْحَقُّ وَأَنَّ مَا يَدْعُونَ مِنْ دُونِهِ الْبَاطِلُ وَأَنَّ اللَّهَ هُوَ الْعَلِيُّ الْكَبِيرُ

    Ин [тақдиру тадбир] аз он рӯст, ки Аллоҳ таоло ҳақ аст ва он чи ҷуз Ӯ мехонанд, [ҳама] ботил аст ва Аллоҳ таоло аст, ки баландмартаба [ва] бузург аст

    31:30

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»