Сура 31 Луқмон, оят 12 – 19

  1. وَلَقَدْ آتَيْنَا لُقْمَانَ الْحِكْمَةَ أَنِ اشْكُرْ لِلَّهِ ۚ وَمَنْ يَشْكُرْ فَإِنَّمَا يَشْكُرُ لِنَفْسِهِ ۖ وَمَنْ كَفَرَ فَإِنَّ اللَّهَ غَنِيٌّ حَمِيدٌ

    Ба ростӣ, Мо ба Луқмон дониш [-и фаҳми дин ва тадбири зиндагӣ] бахшидем [ва ба ӯ гуфтем], ки: Шукри Аллоҳро ба ҷой овар, пас, ҳар ки шукр кунад, танҳо ба суди хеш шукргузоранда аст ва ҳар ки носипосӣ кунад, пас, [бидонад, ки] бе тардид, Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст

    31:12
  2. وَإِذْ قَالَ لُقْمَانُ لِابْنِهِ وَهُوَ يَعِظُهُ يَا بُنَيَّ لَا تُشْرِكْ بِاللَّهِ ۖ إِنَّ الشِّرْكَ لَظُلْمٌ عَظِيمٌ

    Ва [ёд кун аз] он гоҳ ки Луқмон ба писараш [чунин] панд медод: «Писарам, ба Аллоҳ таоло ширк наовар [ва чизеро ҳамтояш қарор мадеҳ, чаро ки] яқинан, ширк ситами бузургест»

    31:13
  3. وَوَصَّيْنَا الْإِنْسَانَ بِوَالِدَيْهِ حَمَلَتْهُ أُمُّهُ وَهْنًا عَلَىٰ وَهْنٍ وَفِصَالُهُ فِي عَامَيْنِ أَنِ اشْكُرْ لِي وَلِوَالِدَيْكَ إِلَيَّ الْمَصِيرُ

    Мо инсонро [дар бораи накуӣ] ба падару модараш супориш кардем, [аз он рӯ, ки] модараш ӯро бо нотавонии рӯзафзун бордор шуд ва [даврони ширхорагӣ ва] бозгирифтанаш аз шир ду сол тӯл мекашад. [Ба ӯ гуфтем] Ки: «шукри Ман ва падару модаратро ба ҷо овар, [ки] бозгашт [ҳама] ба сӯйи Ман аст

    31:14
  4. وَإِنْ جَاهَدَاكَ عَلَىٰ أَنْ تُشْرِكَ بِي مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ فَلَا تُطِعْهُمَا ۖ وَصَاحِبْهُمَا فِي الدُّنْيَا مَعْرُوفًا ۖ وَاتَّبِعْ سَبِيلَ مَنْ أَنَابَ إِلَيَّ ۚ ثُمَّ إِلَيَّ مَرْجِعُكُمْ فَأُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ

    Ва агар он ду [мушрик бошанд ва] талош кунанд, ки ту чизеро шарики Ман қарор диҳӣ, ки нисбат ба он донише надорӣ, пас, аз он ду итоат накун ва дар дунё бо эшон ба шоистагӣ [ва накуӣ] рафтор кун ва аз роҳи касе пайравӣ кун, ки [муваҳҳидона] ба сӯйи Ман бозомадааст. Бозгашти ҳама ба сӯйи Ман аст ва аз он чи мекардед, огоҳатон мекунам

    31:15
  5. يَا بُنَيَّ إِنَّهَا إِنْ تَكُ مِثْقَالَ حَبَّةٍ مِنْ خَرْدَلٍ فَتَكُنْ فِي صَخْرَةٍ أَوْ فِي السَّمَاوَاتِ أَوْ فِي الْأَرْضِ يَأْتِ بِهَا اللَّهُ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَطِيفٌ خَبِيرٌ

    [Луқмон гуфт] «Писарам, агар [амали нек ё бад] ҳамсанги донаи хардал бошад ва даруни тахтасанге ё дар [гӯшае аз] осмонҳо ё дар замин [нуҳуфта] бошад, Аллоҳ таоло онро [рӯзи қиёмат ба ҳисоб] меоварад. Бе тардид, Аллоҳ таоло борикбини огоҳ аст

    31:16
  6. يَا بُنَيَّ أَقِمِ الصَّلَاةَ وَأْمُرْ بِالْمَعْرُوفِ وَانْهَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَاصْبِرْ عَلَىٰ مَا أَصَابَكَ ۖ إِنَّ ذَٰلِكَ مِنْ عَزْمِ الْأُمُورِ

    Писарам, намоз барпо дор ва [мардумро] ба некӣ фармон бидеҳ ва аз нописанд боздор ва бар он чи [ки аз сахтиҳои ин кор] ба ту мерасад, шикебо бош. Бе тардид, ин аз [ҷумлаи корҳоест, ки ниёзманди иродаи қавӣ ва] азми устувор аст

    31:17
  7. وَلَا تُصَعِّرْ خَدَّكَ لِلنَّاسِ وَلَا تَمْشِ فِي الْأَرْضِ مَرَحًا ۖ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ كُلَّ مُخْتَالٍ فَخُورٍ

    Ва [бо беэътиноӣ] аз мардум рӯй нагардон ва мағрурона дар замин роҳ нарав. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло ҳеҷ мутакаббиру фахрфурӯшеро дӯст намедорад

    31:18
  8. وَاقْصِدْ فِي مَشْيِكَ وَاغْضُضْ مِنْ صَوْتِكَ ۚ إِنَّ أَنْكَرَ الْأَصْوَاتِ لَصَوْتُ الْحَمِيرِ

    Ва [дар манишу рафторат] миёнарав бош ва ба оромӣ сухан бигӯ [на бо садои баланд, чаро ки] ҳатман, зишттарин садо садои харон аст

    31:19

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»