Сура 30 Ар-Рум (Румиён), оят 54 – 60
-
اللَّهُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ ضَعْفٍ ثُمَّ جَعَلَ مِنْ بَعْدِ ضَعْفٍ قُوَّةً ثُمَّ جَعَلَ مِنْ بَعْدِ قُوَّةٍ ضَعْفًا وَشَيْبَةً ۚ يَخْلُقُ مَا يَشَاءُ ۖ وَهُوَ الْعَلِيمُ الْقَدِيرُ
Аллоҳ таоло аст, ки шуморо аз [оби] беарзише офарид, сипас баъд аз нотавонӣ [даврони хурдсолӣ] нерумандӣ бахшид, он гоҳ пас аз нерумандӣ заъфу куҳансолӣ падид овард. Ӯ ҳар чи бихоҳад, меофаринад ва Ӯ донову тавоност
30:54 -
وَيَوْمَ تَقُومُ السَّاعَةُ يُقْسِمُ الْمُجْرِمُونَ مَا لَبِثُوا غَيْرَ سَاعَةٍ ۚ كَذَٰلِكَ كَانُوا يُؤْفَكُونَ
Ва рӯзе, ки қиёмат барпо гардад, гунаҳгорон савганд ёд мекунанд, ки ҷуз соате [дар гӯр] диранг накардаанд. Онон [дар дунё низ] ин гуна ба инҳироф кашида мешуданд
30:55 -
وَقَالَ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ وَالْإِيمَانَ لَقَدْ لَبِثْتُمْ فِي كِتَابِ اللَّهِ إِلَىٰ يَوْمِ الْبَعْثِ ۖ فَهَٰذَا يَوْمُ الْبَعْثِ وَلَٰكِنَّكُمْ كُنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ
Ва касоне, ки ба онон дониш ва имон дода шудааст, [ба гунаҳгорон] мегӯянд: «Бе тардид, шумо [бар асоси он чи] дар китоби Аллоҳ таоло [муқаддар будааст], то рӯзи растохез диранг кардаед. Пас, ин рӯзи растохез аст, аммо шумо намедонистед [ва инкораш мекардед]»
30:56 -
فَيَوْمَئِذٍ لَا يَنْفَعُ الَّذِينَ ظَلَمُوا مَعْذِرَتُهُمْ وَلَا هُمْ يُسْتَعْتَبُونَ
Дар он рӯз узрхоҳии касоне, ки ситам кардаанд, суде надорад ва аз онон дархости пузиш намешавад
30:57 -
وَلَقَدْ ضَرَبْنَا لِلنَّاسِ فِي هَٰذَا الْقُرْآنِ مِنْ كُلِّ مَثَلٍ ۚ وَلَئِنْ جِئْتَهُمْ بِآيَةٍ لَيَقُولَنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا إِنْ أَنْتُمْ إِلَّا مُبْطِلُونَ
Ба ростӣ, ки дар ин Қуръон барои мардум аз ҳар гуна масале овардем ва агар нишонае [дар мавриди ростгӯият] барояшон биёварӣ, касоне, ки куфр варзиданд, мегӯянд: «Шумо ботиландешоне беш нестед»
30:58 -
كَذَٰلِكَ يَطْبَعُ اللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِ الَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ
Аллоҳ таоло бар дилҳои касоне, ки [сухани ҳақро] намефаҳманд, ин гуна муҳр [-и ғафлат] мениҳад
30:59 -
فَاصْبِرْ إِنَّ وَعْدَ اللَّهِ حَقٌّ ۖ وَلَا يَسْتَخِفَّنَّكَ الَّذِينَ لَا يُوقِنُونَ
[Эй паёмбар, бар озору такзиби мушрикон] Шикебо бош, [ки] ҳатман, ваъда [-и ёрӣ]-и Аллоҳ таоло ҳақ аст ва мабодо касоне, ки [ба растохез] бовар надоранд, туро аз шикебоӣ боздоранд
30:60
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»