Сура 30 Ар-Рум (Румиён), оят 41 – 53

  1. ظَهَرَ الْفَسَادُ فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ بِمَا كَسَبَتْ أَيْدِي النَّاسِ لِيُذِيقَهُمْ بَعْضَ الَّذِي عَمِلُوا لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ

    Ба сабаби гуноҳоне, ки мардум муртакиб шудаанд, фасод [-у табоҳӣ] дар хушкӣ ва дарё ошкор гаштааст, то [Аллоҳ таоло] ҷазои бархе аз аъмолашонро ба эшон бичашонад, бошад, ки [ба сӯйи ҳақ] бозгарданд

    30:41
  2. قُلْ سِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَانْظُرُوا كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الَّذِينَ مِنْ قَبْلُ ۚ كَانَ أَكْثَرُهُمْ مُشْرِكِينَ

    [Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Дар замин гардиш кунед, то бубинед саранҷоми касоне, ки пеш аз шумо буданд, чи гуна будааст. Бештари онон мушрик буданд [ва ба ҳамин сабаб ҳалок шуданд]»

    30:42
  3. فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ الْقَيِّمِ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَأْتِيَ يَوْمٌ لَا مَرَدَّ لَهُ مِنَ اللَّهِ ۖ يَوْمَئِذٍ يَصَّدَّعُونَ

    Пас, ба сӯйи дини мустақим [ва пойдор] рӯй овар, пеш аз он ки рӯзе аз ҷониби Аллоҳ таоло фаро расад, ки бозгаште надорад. Дар он рӯз [мардум] пароканда мешаванд [гурӯҳе ба биҳишт мераванд ва гурӯҳе ба дузах]

    30:43
  4. مَنْ كَفَرَ فَعَلَيْهِ كُفْرُهُ ۖ وَمَنْ عَمِلَ صَالِحًا فَلِأَنْفُسِهِمْ يَمْهَدُونَ

    Ҳар ки куфр биварзад, куфраш ба зиёни [худи] ӯст ва ҳар ки коре шоиста анҷом диҳад, [биҳиштро] барои худ омода месозад

    30:44
  5. لِيَجْزِيَ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ مِنْ فَضْلِهِ ۚ إِنَّهُ لَا يُحِبُّ الْكَافِرِينَ

    То [Аллоҳ таоло] касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, аз фазли худ подош диҳад. Бе тардид, Ӯ кофиронро дӯст намедорад

    30:45
  6. وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ يُرْسِلَ الرِّيَاحَ مُبَشِّرَاتٍ وَلِيُذِيقَكُمْ مِنْ رَحْمَتِهِ وَلِتَجْرِيَ الْفُلْكُ بِأَمْرِهِ وَلِتَبْتَغُوا مِنْ فَضْلِهِ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

    Аз нишонаҳои [қудрати] Ӯ ин аст, ки бодҳои башоратбахшро [бо муждаи борон] мефиристад, то аз раҳмати хеш ба шумо бичашонад ва киштиҳо ба фармонаш равон шаванд, то аз бахшиши Ӯ [рӯзӣ] биҷӯед, бошад, ки сипос гузоред

    30:46
  7. وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ رُسُلًا إِلَىٰ قَوْمِهِمْ فَجَاءُوهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ فَانْتَقَمْنَا مِنَ الَّذِينَ أَجْرَمُوا ۖ وَكَانَ حَقًّا عَلَيْنَا نَصْرُ الْمُؤْمِنِينَ

    Ва дар ҳақиқат, пеш аз ту [низ]паёмбаронеро ба сӯйи қавмашон фиристодем ва онон ба далоили равшан наздашон омаданд [вале онҳоро дурӯғ ангоштанд]. Сипас аз онон, ки муртакиби гуноҳ шуда буданд, интиқом гирифтем [ва муъминонро наҷот додем] ва ёрӣ додани [муъминон [ҳаққе] бар уҳдаи Мо буд

    30:47
  8. اللَّهُ الَّذِي يُرْسِلُ الرِّيَاحَ فَتُثِيرُ سَحَابًا فَيَبْسُطُهُ فِي السَّمَاءِ كَيْفَ يَشَاءُ وَيَجْعَلُهُ كِسَفًا فَتَرَى الْوَدْقَ يَخْرُجُ مِنْ خِلَالِهِ ۖ فَإِذَا أَصَابَ بِهِ مَنْ يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ إِذَا هُمْ يَسْتَبْشِرُونَ

    Аллоҳ таоло аст, ки бодҳоро равон мекунад ва [онҳо низ тудаи] абреро ба ҳаракат дармеоваранд ва [Аллоҳ таоло] онҳоро чунон ки мехоҳад дар [паҳнои] осмон мегустаронад ва ба сурати пораҳое дармеоварад ва боронро мебинӣ, ки аз миёни он [абрҳо] берун меояд ва чун [Парвардигори меҳрубон] ин [борони ҳаётбахш]-ро ба ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад фурӯ борад, он гоҳ аст, ки шодмон мешаванд

    30:48
  9. وَإِنْ كَانُوا مِنْ قَبْلِ أَنْ يُنَزَّلَ عَلَيْهِمْ مِنْ قَبْلِهِ لَمُبْلِسِينَ

    Ва ҳатман, пеш аз он ки бар эшон биборад. [Оре] Пеш аз он ноумед буданд

    30:49
  10. فَانْظُرْ إِلَىٰ آثَارِ رَحْمَتِ اللَّهِ كَيْفَ يُحْيِي الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا ۚ إِنَّ ذَٰلِكَ لَمُحْيِي الْمَوْتَىٰ ۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

    Пас, ба осори раҳмати илоҳӣ бингар, ки чи гуна заминро пас аз хушкӣ ва хазонаш зинда мекунад. Ба ростӣ, Ӯст, ки яқинан зиндагибахши мурдагон аст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност

    30:50
  11. وَلَئِنْ أَرْسَلْنَا رِيحًا فَرَأَوْهُ مُصْفَرًّا لَظَلُّوا مِنْ بَعْدِهِ يَكْفُرُونَ

    Агар бод [-и сӯзон]-е бифиристем ва он [киштзорҳояшон]-ро зард [-у пажмурда] бубинанд, ҳатман, аз он пас носипосӣ мекунанд

    30:51
  12. فَإِنَّكَ لَا تُسْمِعُ الْمَوْتَىٰ وَلَا تُسْمِعُ الصُّمَّ الدُّعَاءَ إِذَا وَلَّوْا مُدْبِرِينَ

    Пас, [эй Паёмбар] ту ҳаргиз наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ ва овои даъват [-и ҳақ]-ро ба гӯши карон бирасонӣ, он гоҳ ки онон пушт мекунанд ва рӯй мегардонанд

    30:52
  13. وَمَا أَنْتَ بِهَادِ الْعُمْيِ عَنْ ضَلَالَتِهِمْ ۖ إِنْ تُسْمِعُ إِلَّا مَنْ يُؤْمِنُ بِآيَاتِنَا فَهُمْ مُسْلِمُونَ

    Ва ту роҳнамои кӯрдилон аз гумроҳияшон нестӣ. Ту танҳо [сухани ҳақро] ба гӯши касоне мерасонӣ, ки ба оёти Мо имон доранд ва [дар баробари фармони Аллоҳ таоло] таслиманд

    30:53

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»