Сура 30 Ар-Рум (Румиён), оят 28 – 40

  1. ضَرَبَ لَكُمْ مَثَلًا مِنْ أَنْفُسِكُمْ ۖ هَلْ لَكُمْ مِنْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ مِنْ شُرَكَاءَ فِي مَا رَزَقْنَاكُمْ فَأَنْتُمْ فِيهِ سَوَاءٌ تَخَافُونَهُمْ كَخِيفَتِكُمْ أَنْفُسَكُمْ ۚ كَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ الْآيَاتِ لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ

    [Эй мушрикон] Аллоҳ таоло барои шумо аз худатон мисоле меоварад: «Оё аз бардагонатон касе ҳаст, ки дар амволе ба шумо додаем, шарикатон бошад, чунон ки ҳар ду [дар бархӯрдорӣ аз он амвол] яксон бошед ва ҳамон тавр ки [ба хотири тасарруфи мол] аз якдигар бим доред, аз онон низ бим дошта бошед? [Ҳол ки чунин нест, пас, чаро бандагон ва махлуқоти Аллоҳро бо Ӯ шарик медонед]? Мо оятамонро барои касоне, ки меандешанд, ин чунин ба равшани баён мекунем

    30:28
  2. بَلِ اتَّبَعَ الَّذِينَ ظَلَمُوا أَهْوَاءَهُمْ بِغَيْرِ عِلْمٍ ۖ فَمَنْ يَهْدِي مَنْ أَضَلَّ اللَّهُ ۖ وَمَا لَهُمْ مِنْ نَاصِرِينَ

    [Далели ширк камбуди далоили тавҳидӣ нест] Балки ситамгорон бидуни илму огоҳӣ аз ҳавою ҳаваси худ пайравӣ мекунанд, пас онро, ки Аллоҳ таоло гумроҳ кардааст, чи касе ҳидоят мекунад? Ва онон [дар баробари азоби илоҳӣ] ҳеҷ ёваре нахоҳанд дошт

    30:29
  3. فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا ۚ فِطْرَتَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا ۚ لَا تَبْدِيلَ لِخَلْقِ اللَّهِ ۚ ذَٰلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ

    Пас, [эй Паёмбар,] ҳақгароёна ва холисона ба ин дин рӯ овар. [Ин оини пок] Ислом аст, ки Аллоҳ таоло фитрати мардумро бар асоси он сиришта аст. Ҳеҷ тағйире дар офариниши Аллоҳ таоло нест. Ин аст [роҳи рост ва] дини устувор, вале бештари мардум [ҳақиқатро] намедонанд

    30:30
  4. مُنِيبِينَ إِلَيْهِ وَاتَّقُوهُ وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَلَا تَكُونُوا مِنَ الْمُشْرِكِينَ

    [Эй муъминон, ба даргоҳи Парвардигор тавба кунед ва] Ба сӯи Ӯ бозгардед ва аз Ӯ парво кунед ва намоз барпо доред ва аз мушрикон набошед

    30:31
  5. مِنَ الَّذِينَ فَرَّقُوا دِينَهُمْ وَكَانُوا شِيَعًا ۖ كُلُّ حِزْبٍ بِمَا لَدَيْهِمْ فَرِحُونَ

    Аз касоне [набошед], ки дар динашон тафриқа эҷод карданд ва даста-даста шуданд ва ҳар гурӯҳе ба он чи назди хеш доранд хушнуданд

    30:32
  6. وَإِذَا مَسَّ النَّاسَ ضُرٌّ دَعَوْا رَبَّهُمْ مُنِيبِينَ إِلَيْهِ ثُمَّ إِذَا أَذَاقَهُمْ مِنْهُ رَحْمَةً إِذَا فَرِيقٌ مِنْهُمْ بِرَبِّهِمْ يُشْرِكُونَ

    Ҳангоме ки ба мардум [ранҷу] зиёне бирасад, зорикунон Парвардигорашонро мехонанд, сипас чун [Аллоҳ таоло] раҳмате аз ҷониби хеш ба онон бичашонад [ва гиреҳ аз корашон бикшояд], он гоҳ гурӯҳе аз онон ба Парвардигорашон ширк меоваранд

    30:33
  7. لِيَكْفُرُوا بِمَا آتَيْنَاهُمْ ۚ فَتَمَتَّعُوا فَسَوْفَ تَعْلَمُونَ

    То ба он чи ки ба онон додаем, носипосӣ кунанд. Пас, [аз лаззатҳои дунявӣ] баҳра бигиред, ки ба зудӣ [натиҷаи кирдоратонро] хоҳед донист

    30:34
  8. أَمْ أَنْزَلْنَا عَلَيْهِمْ سُلْطَانًا فَهُوَ يَتَكَلَّمُ بِمَا كَانُوا بِهِ يُشْرِكُونَ

    Оё [дар китобҳои осмонӣ] далели муҳкаме бар онон нозил кардаем, ки аз [дурустии] он чи ба Ӯ [Аллоҳ таоло] ширк варзиданд, сухан мегӯяд [ва ин корро таъйид мекунад]?

    30:35
  9. وَإِذَا أَذَقْنَا النَّاسَ رَحْمَةً فَرِحُوا بِهَا ۖ وَإِنْ تُصِبْهُمْ سَيِّئَةٌ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ إِذَا هُمْ يَقْنَطُونَ

    Вақте раҳмате ба мардум бичашонем, аз он хушнуд мегарданд ва агар ба сазои корҳое, ки мекарданд, ранҷу мусибате ба эшон бирасад, [аз раҳмати илоҳӣ] ноумед мешаванд

    30:36
  10. أَوَلَمْ يَرَوْا أَنَّ اللَّهَ يَبْسُطُ الرِّزْقَ لِمَنْ يَشَاءُ وَيَقْدِرُ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ

    Оё надиданд, ки Аллоҳ таоло [неъмату] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад густурда медорад ва [ё] танг мегирад? Бе гумон, дар ин [кушоишу сахтӣ] барои муъминон нишонаҳое [аз лутфу раҳмати Парвардигор] аст

    30:37
  11. فَآتِ ذَا الْقُرْبَىٰ حَقَّهُ وَالْمِسْكِينَ وَابْنَ السَّبِيلِ ۚ ذَٰلِكَ خَيْرٌ لِلَّذِينَ يُرِيدُونَ وَجْهَ اللَّهِ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

    Пас, ҳаққи [силаи раҳими] хешованд ва [садақа ва закоти] мустаманду дармондаро адо кун. Ин [кор] барои касоне, ки [хушнудии] Аллоҳро металабанд, беҳтар аст ва ононанд, ки растагоранд

    30:38
  12. وَمَا آتَيْتُمْ مِنْ رِبًا لِيَرْبُوَ فِي أَمْوَالِ النَّاسِ فَلَا يَرْبُو عِنْدَ اللَّهِ ۖ وَمَا آتَيْتُمْ مِنْ زَكَاةٍ تُرِيدُونَ وَجْهَ اللَّهِ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُضْعِفُونَ

    Он чи аз амвол [-и худ, ки ба қасд]-и рибо ба мардум медиҳед, то [бо пас гирифтани он ба мизони бештаре бар амволатон] афзун гардад, назди Аллоҳ таоло афзоиш намеёбад, ва[-ле] он чи барои хушнудии Аллоҳ таоло [ба унвони] закот мепардозед, [баракату афзоиш меёбад] ва [касоне, ки чунин мекунанд] инонанд, ки подошашон [назди Аллоҳ таоло] чанд баробар мегардад

    30:39
  13. اللَّهُ الَّذِي خَلَقَكُمْ ثُمَّ رَزَقَكُمْ ثُمَّ يُمِيتُكُمْ ثُمَّ يُحْيِيكُمْ ۖ هَلْ مِنْ شُرَكَائِكُمْ مَنْ يَفْعَلُ مِنْ ذَٰلِكُمْ مِنْ شَيْءٍ ۚ سُبْحَانَهُ وَتَعَالَىٰ عَمَّا يُشْرِكُونَ

    Аллоҳ таоло аст, ки шуморо офарид ва рӯзӣ дод, он гоҳ шуморо мемиронад ва боз [дар қиёмат] зинда мекунад. Оё дар миёни шариконатон касе ҳаст, ки чизе аз ин [корҳо]-ро анҷом диҳад? Муназзаҳ аст Ӯ ва аз он чи бо Вай шарик месозанд, бартар аст

    30:40

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»