Сура 30 Ар-Рум (Румиён), оят 20 – 27

  1. وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَكُمْ مِنْ تُرَابٍ ثُمَّ إِذَا أَنْتُمْ بَشَرٌ تَنْتَشِرُونَ

    Ва аз нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки шуморо аз хок офарид, сипас инсонҳое шудед [ки таваллуди мисл кардед ва дар замин] пароканда гаштед

    30:20
  2. وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُمْ مِنْ أَنْفُسِكُمْ أَزْوَاجًا لِتَسْكُنُوا إِلَيْهَا وَجَعَلَ بَيْنَكُمْ مَوَدَّةً وَرَحْمَةً ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ

    Ва дар нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то дар канорашон ором гиред ва миёнатон муҳаббату меҳрубонӣ падид овард. Бе гумон, дар ин [неъмат] барои хирадварзон нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст

    30:21
  3. وَمِنْ آيَاتِهِ خَلْقُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَاخْتِلَافُ أَلْسِنَتِكُمْ وَأَلْوَانِكُمْ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِلْعَالِمِينَ

    Ва аз нишонаҳои Ӯ офариниши осмонҳо ва замин ва ихтилофи забонҳо ва рангҳои шумост. Бе тардид, дар ин [умур] барои донишварон нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст

    30:22
  4. وَمِنْ آيَاتِهِ مَنَامُكُمْ بِاللَّيْلِ وَالنَّهَارِ وَابْتِغَاؤُكُمْ مِنْ فَضْلِهِ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَسْمَعُونَ

    Ва аз нишонаҳои Ӯ хоби шумо дар шаб ва рӯз ва талошатон барои баҳрагирӣ аз бахшиши Парвардигор [ва таъмини маош] аст. Бе гумон, дар ин умур барои онон, ки гӯши шунаво доранд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст

    30:23
  5. وَمِنْ آيَاتِهِ يُرِيكُمُ الْبَرْقَ خَوْفًا وَطَمَعًا وَيُنَزِّلُ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَيُحْيِي بِهِ الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ

    Ва аз нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки соиқаро барои биму умед нишонатон медиҳад ва аз осмон обе мефиристад ва заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш – бо он зинда месозад. Бе гумон, дар ин умур барои онон, ки меандешанд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст

    30:24
  6. وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ تَقُومَ السَّمَاءُ وَالْأَرْضُ بِأَمْرِهِ ۚ ثُمَّ إِذَا دَعَاكُمْ دَعْوَةً مِنَ الْأَرْضِ إِذَا أَنْتُمْ تَخْرُجُونَ

    Ва аз нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки осмонҳо ва замин ба фармонаш барпост ва [рӯзи қиёмат] ҳангоме ки бо нидое шуморо аз замин фаро мехонад, ногаҳон [ҳамагӣ аз гӯрҳо] берун меоед

    30:25
  7. وَلَهُ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ كُلٌّ لَهُ قَانِتُونَ

    Ҳар ки [ва ҳар чи] дар осмонҳо ва замин аст аз они Аллоҳ таоло аст ва ҳамагӣ [таслиму] фармонбари Ӯ ҳастанд

    30:26
  8. وَهُوَ الَّذِي يَبْدَأُ الْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُ وَهُوَ أَهْوَنُ عَلَيْهِ ۚ وَلَهُ الْمَثَلُ الْأَعْلَىٰ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ

    Ӯст, ки офаринишро оғоз мекунад, сипас онро [пас аз маргаш] бозмегардонад ва ин кор барояш осонтар [аз офариниши нахустин] аст ва бартарин васф дар осмонҳо ва замин барои Ӯст ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст

    30:27

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»