Сура 29 Ал-Анкабут (Тортанак), оят 64 – 69

  1. وَمَا هَٰذِهِ الْحَيَاةُ الدُّنْيَا إِلَّا لَهْوٌ وَلَعِبٌ ۚ وَإِنَّ الدَّارَ الْآخِرَةَ لَهِيَ الْحَيَوَانُ ۚ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ

    Ва ин зиндагии дунё [чизе] ҷуз саргармӣ ва бозича нест ва бе тардид, сарои охират зиндагонӣ [-и ростин] аст. Агар [кофирон ин ҳақиқатро] медонистанд [ба дунё дилбаста намебуданд]

    29:64
  2. فَإِذَا رَكِبُوا فِي الْفُلْكِ دَعَوُا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ فَلَمَّا نَجَّاهُمْ إِلَى الْبَرِّ إِذَا هُمْ يُشْرِكُونَ

    Вақте [мушрикон] дар киштӣ савор мешаванд, Аллоҳро бо ихлос мехонанд, аммо чун ононро ба хушкӣ мерасонад ва [аз хатари ғарқ шудан] мераҳонад, он гоҳ [боз ҳам] ширк меварзанд

    29:65
  3. لِيَكْفُرُوا بِمَا آتَيْنَاهُمْ وَلِيَتَمَتَّعُوا ۖ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ

    [Чунин мекунанд] То нисбат ба неъматҳое, ки ба эшон додаем, носипосӣ кунанд ва [аз лаззатҳои зиндагии дунё] баҳраманд бошанд. Пас, ба зудӣ [саранҷоми дарднокашонро] хоҳанд донист

    29:66
  4. أَوَلَمْ يَرَوْا أَنَّا جَعَلْنَا حَرَمًا آمِنًا وَيُتَخَطَّفُ النَّاسُ مِنْ حَوْلِهِمْ ۚ أَفَبِالْبَاطِلِ يُؤْمِنُونَ وَبِنِعْمَةِ اللَّهِ يَكْفُرُونَ

    Оё надидаанд, дар ҳоле ки мардум перомунашон [гирифтори қатлу ғорат ҳастанд ва] мавриди дастбурд қарор мегиранд, Мо ҳарами амне [барои мардуми Макка] падид овардем? Оё [боз ҳам] ба [бутҳои] ботил имон меоваранд ва нисбат ба неъмати Аллоҳ таоло носипосӣ мекунанд?

    29:67
  5. وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ افْتَرَىٰ عَلَى اللَّهِ كَذِبًا أَوْ كَذَّبَ بِالْحَقِّ لَمَّا جَاءَهُ ۚ أَلَيْسَ فِي جَهَنَّمَ مَثْوًى لِلْكَافِرِينَ

    Ва кист ситамгортар аз он ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад ё ҳақро – он гоҳ ба ӯ мерасад – дурӯғ меангорад? Оё дар дузах ҷойгоҳе барои кофирон нест?

    29:68
  6. وَالَّذِينَ جَاهَدُوا فِينَا لَنَهْدِيَنَّهُمْ سُبُلَنَا ۚ وَإِنَّ اللَّهَ لَمَعَ الْمُحْسِنِينَ

    Касоне, ки дар роҳи [хушнудии] Мо мекӯшанд, ҳатман, ба роҳҳои хеш ҳидояташон мекунем ва бе тардид, Аллоҳ таоло бо накукорон аст

    29:69

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»