Сура 29 Ал-Анкабут (Тортанак), оят 52 – 63

  1. قُلْ كَفَىٰ بِاللَّهِ بَيْنِي وَبَيْنَكُمْ شَهِيدًا ۖ يَعْلَمُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۗ وَالَّذِينَ آمَنُوا بِالْبَاطِلِ وَكَفَرُوا بِاللَّهِ أُولَٰئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ

    Бигӯ: «Ҳамин бас, ки Аллоҳ таоло миёни ману шумо гувоҳ аст. Ӯ он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, медонад ва касоне, ки ба ботил гаравидаанд ва ба Аллоҳ таоло куфр варзидаанд, ононанд, ки зиёнкоранд»

    29:52
  2. وَيَسْتَعْجِلُونَكَ بِالْعَذَابِ ۚ وَلَوْلَا أَجَلٌ مُسَمًّى لَجَاءَهُمُ الْعَذَابُ وَلَيَأْتِيَنَّهُمْ بَغْتَةً وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ

    Ва [мушрикон] ба шитоб аз ту дархости азоб мекунанд ва агар мавъиди муқарраре [дар кор] набуд, яқинан, азоби [илоҳӣ] ба [суроғи] онон меомад ва [саранҷом] дар ҳоле ки ғофиланд, ногаҳон ба суроғашон хоҳад омад

    29:53
  3. يَسْتَعْجِلُونَكَ بِالْعَذَابِ وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمُحِيطَةٌ بِالْكَافِرِينَ

    Ва [мушрикон] ба шитоб аз ту дархости азоб мекунанд, ва яқинан, дузах бар кофирон иҳота дорад

    29:54
  4. يَوْمَ يَغْشَاهُمُ الْعَذَابُ مِنْ فَوْقِهِمْ وَمِنْ تَحْتِ أَرْجُلِهِمْ وَيَقُولُ ذُوقُوا مَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ

    Рӯзе, ки азоб аз болои сару зери пояшон ононро фаро мегирад ва [Аллоҳ таоло ба онон] мефармояд: «[Кайфари] Он чиро анҷом медодед, бичашед

    29:55
  5. يَا عِبَادِيَ الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّ أَرْضِي وَاسِعَةٌ فَإِيَّايَ فَاعْبُدُونِ

    Эй бандагони ман, ки имон овардаед, бе гумон, замини Ман густарда аст [пас, барои раҳоӣ аз фишори мушрикон ҳиҷрат кунед] ва танҳо Маро парастед»

    29:56
  6. كُلُّ نَفْسٍ ذَائِقَةُ الْمَوْتِ ۖ ثُمَّ إِلَيْنَا تُرْجَعُونَ

    Ҳар касе чашандаи [таъми] марг аст; он гоҳ ба сӯи Мо бозгардонда мешавед

    29:57
  7. وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَنُبَوِّئَنَّهُمْ مِنَ الْجَنَّةِ غُرَفًا تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ نِعْمَ أَجْرُ الْعَامِلِينَ

    Ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ҳатман, ононро дар ғурфаҳое аз биҳишт ҷой медиҳем, ки ҷӯйборҳо аз зери он ҷорӣ аст. Ҷовидона дар он хоҳанд монд. Чи накуст подоши амалкунандагон!

    29:58
  8. الَّذِينَ صَبَرُوا وَعَلَىٰ رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ

    [Ҳамон] Касоне, ки шикебоӣ варзиданд ва танҳо бар Парвардигорашон таваккал мекунанд

    29:59
  9. وَكَأَيِّنْ مِنْ دَابَّةٍ لَا تَحْمِلُ رِزْقَهَا اللَّهُ يَرْزُقُهَا وَإِيَّاكُمْ ۚ وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ

    Ва чи бисёр ҷондороне, ки [наметавонанд] рӯзии худро ҳамл [ё захира] кунанд. Аллоҳ таоло ба онҳо ва шумо рӯзӣ медиҳад ва Ӯ шунавову доност

    29:60
  10. وَلَئِنْ سَأَلْتَهُمْ مَنْ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَسَخَّرَ الشَّمْسَ وَالْقَمَرَ لَيَقُولُنَّ اللَّهُ ۖ فَأَنَّىٰ يُؤْفَكُونَ

    Ва агар аз онон [мушрикон] бипурсӣ: «Чи касе осмонҳо ва заминро офарида ва хуршеду моҳро ба хидмат [-и инсон] гумоштааст?». Мусалламан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло. Пас, чи гуна [аз ҳақ] рӯйгардон мешаванд?

    29:61
  11. اللَّهُ يَبْسُطُ الرِّزْقَ لِمَنْ يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ وَيَقْدِرُ لَهُ ۚ إِنَّ اللَّهَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ

    Аллоҳ таоло [неъмату] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад густурда медорад ва [ё] танг мегирад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност

    29:62
  12. وَلَئِنْ سَأَلْتَهُمْ مَنْ نَزَّلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَحْيَا بِهِ الْأَرْضَ مِنْ بَعْدِ مَوْتِهَا لَيَقُولُنَّ اللَّهُ ۚ قُلِ الْحَمْدُ لِلَّهِ ۚ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْقِلُونَ

    Ва агар аз онон бипурсӣ: «Чи касе аз осмон борон фиристод ва ба василаи он заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш – зинда кард»? Мусалламан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло». Бигӯ: «Ҳамду ситоиш махсуси Аллоҳ таоло аст», балки бештарашон [дар ин нишонаҳо] намеандешанд

    29:63

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»