Сура 29 Ал-Анкабут (Тортанак), оят 45 – 51
-
اتْلُ مَا أُوحِيَ إِلَيْكَ مِنَ الْكِتَابِ وَأَقِمِ الصَّلَاةَ ۖ إِنَّ الصَّلَاةَ تَنْهَىٰ عَنِ الْفَحْشَاءِ وَالْمُنْكَرِ ۗ وَلَذِكْرُ اللَّهِ أَكْبَرُ ۗ وَاللَّهُ يَعْلَمُ مَا تَصْنَعُونَ
[Эй Паёмбар] Он чиро аз ин китоб бар ту ваҳй шудааст, тиловат кун ва намоз барпо дор. Ба ростӣ, ки намоз инсонро аз гуноҳ ва зишткорӣ бозмедорад ва, албатта, ёди Аллоҳ таоло [аз ҳар коре] болотар аст ва Аллоҳ таоло медонад, ки чи мекунед
29:45 -
وَلَا تُجَادِلُوا أَهْلَ الْكِتَابِ إِلَّا بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ إِلَّا الَّذِينَ ظَلَمُوا مِنْهُمْ ۖ وَقُولُوا آمَنَّا بِالَّذِي أُنْزِلَ إِلَيْنَا وَأُنْزِلَ إِلَيْكُمْ وَإِلَٰهُنَا وَإِلَٰهُكُمْ وَاحِدٌ وَنَحْنُ لَهُ مُسْلِمُونَ
[Эй муъминон] Бо аҳли китоб ҷуз ба беҳтарин шева баҳсу мунозира накунед, магар касоне аз онон, ки ситам карданд [ва бо шумо ба ҷанг бархостанд] ва бигӯед: «Мо ба тамоми он чи [аз сӯйи Аллоҳ таоло] бар мо ва шумо нозил шудааст, имон овардаем ва маъбуди мо ва шумо якест ва мо таслими [фармони] Ӯ ҳастем»
29:46 -
وَكَذَٰلِكَ أَنْزَلْنَا إِلَيْكَ الْكِتَابَ ۚ فَالَّذِينَ آتَيْنَاهُمُ الْكِتَابَ يُؤْمِنُونَ بِهِ ۖ وَمِنْ هَٰؤُلَاءِ مَنْ يُؤْمِنُ بِهِ ۚ وَمَا يَجْحَدُ بِآيَاتِنَا إِلَّا الْكَافِرُونَ
Ва бад-ин гуна [ки ба паёмбарони пешин китоби осмонӣ фурӯ фиристодем] ин китобро [низ] бар ту нозил кардем, пас, касоне, ки [пеш аз ту] ба онон китоб [-и осмонӣ] додем, ба ин [Қуръон низ] имон меоваранд ва аз инон [мушрикон] касоне ҳастанд, ки ба он имон меоваранд ва ҷуз кофирон [касе] оёти Моро инкор намекунад
29:47 -
وَمَا كُنْتَ تَتْلُو مِنْ قَبْلِهِ مِنْ كِتَابٍ وَلَا تَخُطُّهُ بِيَمِينِكَ ۖ إِذًا لَارْتَابَ الْمُبْطِلُونَ
Ва пеш аз [нузули] Қуръон ту [ҳаргиз] ҳеҷ китобе намехондӣ ва бо дасти худ чизе наменавиштӣ, вагарна, ҳатман, ботиландешон [дар бораи ҳақиқати паёмбариат] тардид мекарданд
29:48 -
بَلْ هُوَ آيَاتٌ بَيِّنَاتٌ فِي صُدُورِ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ ۚ وَمَا يَجْحَدُ بِآيَاتِنَا إِلَّا الظَّالِمُونَ
Балки он [китоб муштамил бар] оёти равшанест, ки дар синаи донишварон [-и муъмин] ҷой дорад ва ҷуз ситамгорон [-и мушрик касе] оёти Моро инкор намекунад
29:49 -
وَقَالُوا لَوْلَا أُنْزِلَ عَلَيْهِ آيَاتٌ مِنْ رَبِّهِ ۖ قُلْ إِنَّمَا الْآيَاتُ عِنْدَ اللَّهِ وَإِنَّمَا أَنَا نَذِيرٌ مُبِينٌ
Ва [мушрикон] гуфтанд: «Чаро муъҷизоте аз сӯи Парвардигораш бар ӯ нозил нашудааст»? Бигӯ: «Муъҷизот назди Аллоҳ таоло аст [ва ба фармони Ӯ нозил мешавад] ва ман фақат бимдиҳандаи ошкорам»
29:50 -
أَوَلَمْ يَكْفِهِمْ أَنَّا أَنْزَلْنَا عَلَيْكَ الْكِتَابَ يُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَرَحْمَةً وَذِكْرَىٰ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ
Оё барояшон кофӣ нест, ки Мо Қуръонро бар ту нозил кардем, ки [пайваста] бар онон хонда мешавад? Бе гумон, дар ин [Қуръон] барои мардуме, ки имон меоваранд, раҳмату панд аст
29:51
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»