Сура 29 Ал-Анкабут (Тортанак), оят 28 – 32
-
وَلُوطًا إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِ إِنَّكُمْ لَتَأْتُونَ الْفَاحِشَةَ مَا سَبَقَكُمْ بِهَا مِنْ أَحَدٍ مِنَ الْعَالَمِينَ
Ва [ёд кун аз] Лут ҳангоме ки ба қавмаш гуфт: «Воқеан, кори бисёр зиште мекунед, ки пеш аз шумо ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳон анҷом надодааст
29:28 -
أَئِنَّكُمْ لَتَأْتُونَ الرِّجَالَ وَتَقْطَعُونَ السَّبِيلَ وَتَأْتُونَ فِي نَادِيكُمُ الْمُنْكَرَ ۖ فَمَا كَانَ جَوَابَ قَوْمِهِ إِلَّا أَنْ قَالُوا ائْتِنَا بِعَذَابِ اللَّهِ إِنْ كُنْتَ مِنَ الصَّادِقِينَ
Оё бо мардон меомезед ва [ба қасди таҷовуз ба мусофирон] роҳро мебандед ва дар маҷолиси худ муртакиби корҳои нописанд мешавед»? Пас, посухи қавмаш ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Агар ростгӯӣ, азоби илоҳиро пеш овар»
29:29 -
قَالَ رَبِّ انْصُرْنِي عَلَى الْقَوْمِ الْمُفْسِدِينَ
[Лут] Гуфт: «Парвардигоро, маро дар баробари муфсидон ёрӣ кун»
29:30 -
وَلَمَّا جَاءَتْ رُسُلُنَا إِبْرَاهِيمَ بِالْبُشْرَىٰ قَالُوا إِنَّا مُهْلِكُو أَهْلِ هَٰذِهِ الْقَرْيَةِ ۖ إِنَّ أَهْلَهَا كَانُوا ظَالِمِينَ
Ва ҳангоме ки фиристодагони мо ба Иброҳим башорати [таваллуди писарашро] доданд, ба ӯ гуфтанд: «Мо сокинони шаҳри [Садум]-ро нобуд хоҳем кард, [чаро ки] бе тардид, мардуми он ҷо ситамгоранд»
29:31 -
قَالَ إِنَّ فِيهَا لُوطًا ۚ قَالُوا نَحْنُ أَعْلَمُ بِمَنْ فِيهَا ۖ لَنُنَجِّيَنَّهُ وَأَهْلَهُ إِلَّا امْرَأَتَهُ كَانَتْ مِنَ الْغَابِرِينَ
[Иброҳим] Гуфт: «Лут низ дар он ҷост». Фариштагон гуфтанд: «Мо беҳтар медонем чи касоне дар он ҷо ҳастанд. Ӯ ва хонаводаашро, ҳатман, наҷот хоҳем дод, магар ҳамсараш, ки аз бозмондагон [дар азоб] хоҳад буд»
29:32
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»