Сура 28 Ал-Қасас (Достон), оят 83 – 88
-
تِلْكَ الدَّارُ الْآخِرَةُ نَجْعَلُهَا لِلَّذِينَ لَا يُرِيدُونَ عُلُوًّا فِي الْأَرْضِ وَلَا فَسَادًا ۚ وَالْعَاقِبَةُ لِلْمُتَّقِينَ
Ин сарои охиратро [фақат] барои касоне қарор медиҳем, ки хоҳони гарданкашӣ ва фасод дар замин нестанд ва саранҷоми нек аз они парҳезкорон аст
28:83 -
مَنْ جَاءَ بِالْحَسَنَةِ فَلَهُ خَيْرٌ مِنْهَا ۖ وَمَنْ جَاءَ بِالسَّيِّئَةِ فَلَا يُجْزَى الَّذِينَ عَمِلُوا السَّيِّئَاتِ إِلَّا مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ
[Рӯзи қиёмат] Ҳар ки некӣ биёварад, [подоше] беҳтар аз он хоҳад дошт ва ҳар ки бадӣ биёварад, [бидонад, ки] касоне, ки корҳои ношоиста кардаанд, ҷуз [ба миқдори] он чи мекарданд, кайфар намебинанд
28:84 -
إِنَّ الَّذِي فَرَضَ عَلَيْكَ الْقُرْآنَ لَرَادُّكَ إِلَىٰ مَعَادٍ ۚ قُلْ رَبِّي أَعْلَمُ مَنْ جَاءَ بِالْهُدَىٰ وَمَنْ هُوَ فِي ضَلَالٍ مُبِينٍ
Ҳамон [Парвардигоре], ки Қуръонро [нозил намуд ва таблиғашро] бар ту воҷиб кард, ҳатман, туро ба ҷойгоҳат [дар Макка] бозмегардонад. Бигӯ: «Парвардигорам беҳтар медонад, чи касе ҳидоят овардааст ва чи касе дар гумроҳии ошкор аст»
28:85 -
وَمَا كُنْتَ تَرْجُو أَنْ يُلْقَىٰ إِلَيْكَ الْكِتَابُ إِلَّا رَحْمَةً مِنْ رَبِّكَ ۖ فَلَا تَكُونَنَّ ظَهِيرًا لِلْكَافِرِينَ
Ва [пеш аз биъсат] ту орзу надоштӣ, ки ин китоб [-и осмонӣ] бар ту нозил шавад. [Ин набуд] Магар раҳмате аз ҷониби Парвардигорат. Пас, ҳаргиз пуштибони кофирон набош
28:86 -
وَلَا يَصُدُّنَّكَ عَنْ آيَاتِ اللَّهِ بَعْدَ إِذْ أُنْزِلَتْ إِلَيْكَ ۖ وَادْعُ إِلَىٰ رَبِّكَ ۖ وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ الْمُشْرِكِينَ
Ва мабодо [кофирон] туро аз [таблиғи] оёти илоҳӣ – пас аз он ки бар ту нозил шуд – боздоранд! Ва [мардумро] ба сӯйи Парвардигорат даъват кун ва ҳаргиз аз мушрикон набош
28:87 -
وَلَا تَدْعُ مَعَ اللَّهِ إِلَٰهًا آخَرَ ۘ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۚ كُلُّ شَيْءٍ هَالِكٌ إِلَّا وَجْهَهُ ۚ لَهُ الْحُكْمُ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ
Ва маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло [ба ниёиш] нахон. Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест. Ҳама чиз фанопазир аст, магар [зоти ҷовид ва] рӯйи Ӯ. Фармонравоӣ [танҳо] аз они Ӯст ва [рӯзи қиёмат ҳамагӣ] ба пешгоҳаш бозгардонда мешавед
28:88
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»