Сура 28 Ал-Қасас (Достон), оят 79 – 80
-
فَخَرَجَ عَلَىٰ قَوْمِهِ فِي زِينَتِهِ ۖ قَالَ الَّذِينَ يُرِيدُونَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا يَا لَيْتَ لَنَا مِثْلَ مَا أُوتِيَ قَارُونُ إِنَّهُ لَذُو حَظٍّ عَظِيمٍ
Он гоҳ Қорун бо [таҷаммулоту] зинатҳояш дар баробари қавмаш зоҳир шуд. Афроде [аз атрофиёни ӯ], ки хостори зиндагии дунё буданд, гуфтанд: «Эй кош, ҳаммонанди он чи ба Қорун дода шудааст, мо низ доштем. Воқеан, ӯ баҳраи бузурге [аз моли дунё] дорад»
28:79 -
وَقَالَ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ وَيْلَكُمْ ثَوَابُ اللَّهِ خَيْرٌ لِمَنْ آمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا وَلَا يُلَقَّاهَا إِلَّا الصَّابِرُونَ
Аммо касоне, ки дониш [-и ҳақиқӣ] ёфта буданд, гуфтанд: «Вой бар шумо! Барои касе, ки имон овардааст ва корҳои шоиста мекунад, савоби илоҳӣ беҳтар аст ва ин [сухан]-ро касоне ба ҷуз шикебоён намепазиранд»
28:80
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»