Сура 28 Ал-Қасас (Достон), оят 61 – 75
-
أَفَمَنْ وَعَدْنَاهُ وَعْدًا حَسَنًا فَهُوَ لَاقِيهِ كَمَنْ مَتَّعْنَاهُ مَتَاعَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ثُمَّ هُوَ يَوْمَ الْقِيَامَةِ مِنَ الْمُحْضَرِينَ
Оё касе, ки ба ӯ ваъдаи наку додаем ва ба он хоҳад расид, ҳамчун касест, ки ӯро аз баҳраи зиндагии дунё бархӯрдор сохтаем ва рӯзи қиёмат аз [ҷумлаи] эҳзоршудагон [дар оташи дузах] аст?
28:61 -
وَيَوْمَ يُنَادِيهِمْ فَيَقُولُ أَيْنَ شُرَكَائِيَ الَّذِينَ كُنْتُمْ تَزْعُمُونَ
Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки Аллоҳ таоло ба онон нидо медиҳад ва мегӯяд: «Афроде, ки шарикони ман [дар парастиш] мепиндоштед, куҷо ҳастанд?»
28:62 -
قَالَ الَّذِينَ حَقَّ عَلَيْهِمُ الْقَوْلُ رَبَّنَا هَٰؤُلَاءِ الَّذِينَ أَغْوَيْنَا أَغْوَيْنَاهُمْ كَمَا غَوَيْنَا ۖ تَبَرَّأْنَا إِلَيْكَ ۖ مَا كَانُوا إِيَّانَا يَعْبُدُونَ
Касоне [аз сарони кофирон], ки азоб барояшон ҳатмӣ аст, мегӯянд: «Парвардигоро, инҳо касоне ҳастанд, ки мо гумроҳашон кардем. [Оре] Ононро гумроҳ кардем, чунон ки [худ низ] гумроҳ шудем. Аз [ширку тавассули] эшон ба сӯят безорӣ меҷӯем. [Дар ҳақиқат] Онон моро намепарастиданд [балки шайтонро парастиш мекарданд]»
28:63 -
وَقِيلَ ادْعُوا شُرَكَاءَكُمْ فَدَعَوْهُمْ فَلَمْ يَسْتَجِيبُوا لَهُمْ وَرَأَوُا الْعَذَابَ ۚ لَوْ أَنَّهُمْ كَانُوا يَهْتَدُونَ
Ва [ба мушрикон] гуфта мешавад: «Шариконатонро [ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастидед] фаро бихонед [то ёриатон кунанд]». Пас, ононро мехонанд, вале посухе ба эшон намедиҳанд ва азоби [дузах]-ро мебинанд [ва орзу мекунанд], кош ҳидоятёфта буданд
28:64 -
وَيَوْمَ يُنَادِيهِمْ فَيَقُولُ مَاذَا أَجَبْتُمُ الْمُرْسَلِينَ
Ва рӯзе, ки [Аллоҳ таоло] ононро нидо медиҳад ва мефармояд: «Ба [даъвати] паёмбарон чи посухе додед?»
28:65 -
فَعَمِيَتْ عَلَيْهِمُ الْأَنْبَاءُ يَوْمَئِذٍ فَهُمْ لَا يَتَسَاءَلُونَ
Дар он рӯз ҳамаи далоил [ва баҳонаҳое, ки барои тавҷеҳ доранд] аз онон пинҳон мегардад ва аз [шиддати азоб аз ҳоли] якдигар намепурсанд
28:66 -
فَأَمَّا مَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا فَعَسَىٰ أَنْ يَكُونَ مِنَ الْمُفْلِحِينَ
Аммо касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, умед аст, ки аз растагорон бошад
28:67 -
وَرَبُّكَ يَخْلُقُ مَا يَشَاءُ وَيَخْتَارُ ۗ مَا كَانَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ ۚ سُبْحَانَ اللَّهِ وَتَعَالَىٰ عَمَّا يُشْرِكُونَ
Ва Парвардигорат ҳар чи бихоҳад, меофаринад ва [ҳар киро бихоҳад ба парастиш ва паёмбарӣ] бармегузинад. Мушрикон ихтиёре надоранд [ки дар ин маврид эътироз кунанд]. Аллоҳ таоло муназзаҳ ва бартар аст аз он чи бо Ӯ шарик медонанд
28:68 -
وَرَبُّكَ يَعْلَمُ مَا تُكِنُّ صُدُورُهُمْ وَمَا يُعْلِنُونَ
Ва Парвардигорат он чи дар синаҳояшон пинҳон мекунанд ва он чи ошкор месозанд, [ҳамаро] медонад
28:69 -
وَهُوَ اللَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۖ لَهُ الْحَمْدُ فِي الْأُولَىٰ وَالْآخِرَةِ ۖ وَلَهُ الْحُكْمُ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ
Ва Ӯ Аллоҳ таоло аст, ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳақ] ҷуз Ӯ нест. Ситоиш дар дунёву охират барои Ӯст ва ҳукм [-у фармонравоӣ низ] аз они Ӯст ва [ҳамагӣ] ба сӯйи Ӯ бозгарданда мешавед
28:70 -
قُلْ أَرَأَيْتُمْ إِنْ جَعَلَ اللَّهُ عَلَيْكُمُ اللَّيْلَ سَرْمَدًا إِلَىٰ يَوْمِ الْقِيَامَةِ مَنْ إِلَٰهٌ غَيْرُ اللَّهِ يَأْتِيكُمْ بِضِيَاءٍ ۖ أَفَلَا تَسْمَعُونَ
[Ба мушрикон] бигӯ: «Ба ман бигӯед, агар Аллоҳ таоло [торикии] шабро то рӯзи қиёмат бар шумо поянда гардонад, кадом маъбуд ба ҷуз Аллоҳ таоло бароятон равшанӣ меоварад? Оё [сухани ҳақро] намешунавед?
28:71 -
قُلْ أَرَأَيْتُمْ إِنْ جَعَلَ اللَّهُ عَلَيْكُمُ النَّهَارَ سَرْمَدًا إِلَىٰ يَوْمِ الْقِيَامَةِ مَنْ إِلَٰهٌ غَيْرُ اللَّهِ يَأْتِيكُمْ بِلَيْلٍ تَسْكُنُونَ فِيهِ ۖ أَفَلَا تُبْصِرُونَ
Бигӯ “Ба ман бигӯед, агар Аллоҳ таоло [рӯшноии] рӯзро то рӯзи қиёмат бар шумо поянда гардонад, кадом маъбуд ба ҷуз Аллоҳ таоло бароятон шабе меоварад, ки дар он ором бигиред? Оё [ин нишонаҳои қудрати илоҳиро] намебинед?
28:72 -
وَمِنْ رَحْمَتِهِ جَعَلَ لَكُمُ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ لِتَسْكُنُوا فِيهِ وَلِتَبْتَغُوا مِنْ فَضْلِهِ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
Ва Аллоҳ таоло аз раҳмати хеш шабу рӯзро бароятон қарор дод, то дар шаб ором гиред ва дар рӯз [талош кунед ва] аз бахшиши Ӯ [рӯзӣ] биҷӯед ва бошад, ки сипос гузоред
28:73 -
وَيَوْمَ يُنَادِيهِمْ فَيَقُولُ أَيْنَ شُرَكَائِيَ الَّذِينَ كُنْتُمْ تَزْعُمُونَ
Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки Аллоҳ таоло ба онон нидо медиҳад ва мегӯяд: «Афроде, ки шарикони ман [дар парастиш] мепиндоштед, куҷо ҳастанд?»
28:74 -
وَنَزَعْنَا مِنْ كُلِّ أُمَّةٍ شَهِيدًا فَقُلْنَا هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ فَعَلِمُوا أَنَّ الْحَقَّ لِلَّهِ وَضَلَّ عَنْهُمْ مَا كَانُوا يَفْتَرُونَ
Ва аз ҳар уммате гувоҳе бармегузинем [ки паёмбари онон аст ва дар мавриди куфрашон шаҳодат медиҳад]. Сипас ба онон мегӯем: «Далели [куфру ширки] хешро биёваред», пас, медонанд, ки ҳақ аз они Аллоҳ таоло аст ва дурӯғҳое, ки мебофтанд [ва он чи мушрикона мепарастиданд], маҳву нобуд гаштааст
28:75
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»