Сура 28 Ал-Қасас (Достон), оят 51 – 60
-
وَلَقَدْ وَصَّلْنَا لَهُمُ الْقَوْلَ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ
Ва ба ростӣ, Мо ин оёт [ва ҳикоёт]-ро яке пас аз дигаре барои онон [мушрикону яҳудиён] нозил кардем, бошад, ки панд гиранд
28:51 -
الَّذِينَ آتَيْنَاهُمُ الْكِتَابَ مِنْ قَبْلِهِ هُمْ بِهِ يُؤْمِنُونَ
Касоне, ки пеш аз ин [оёти илоҳӣ] ба онон китоб [Таврот] додаем, ба ин [Қуръон] низ имон меоваранд
28:52 -
وَإِذَا يُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ قَالُوا آمَنَّا بِهِ إِنَّهُ الْحَقُّ مِنْ رَبِّنَا إِنَّا كُنَّا مِنْ قَبْلِهِ مُسْلِمِينَ
Ва чун [оёташ] бар онон хонда мешавад, мегӯянд: «Ба он имон овардем. Яқинан, сухани ҳаққе аст аз ҷониби Парвардигорамон. Ба ростӣ, ки Мо пеш аз [нузули] он низ таслим [-и фармони Парвардигор] будаем»
28:53 -
أُولَٰئِكَ يُؤْتَوْنَ أَجْرَهُمْ مَرَّتَيْنِ بِمَا صَبَرُوا وَيَدْرَءُونَ بِالْحَسَنَةِ السَّيِّئَةَ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنْفِقُونَ
Инонанд, ки ба поси он ки шикебоӣ карданд, подошашонро ду бор мегиранд ва бо корҳои нек [гуноҳон ва] бадиҳоро дафъ мекунанд ва аз он чи ба онон рӯзӣ додаем, инфоқ менамоянд
28:54 -
وَإِذَا سَمِعُوا اللَّغْوَ أَعْرَضُوا عَنْهُ وَقَالُوا لَنَا أَعْمَالُنَا وَلَكُمْ أَعْمَالُكُمْ سَلَامٌ عَلَيْكُمْ لَا نَبْتَغِي الْجَاهِلِينَ
Ва ҳар гоҳ сухане беҳуда [ва ношоиста аз аҳли китоб] мешунаванд, [бо бетаваҷҷуҳӣ] аз он рӯй мегардонанд ва мегӯянд: «[Подоши] Корҳои мо барои мост ва [кайфари] корҳои шумо аз они шумост, [шумо аз озору носозии мо] дар амонед. Мо ба дунболи [ҳамсуҳбатӣ бо] ҷоҳилон нестем»
28:55 -
إِنَّكَ لَا تَهْدِي مَنْ أَحْبَبْتَ وَلَٰكِنَّ اللَّهَ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ ۚ وَهُوَ أَعْلَمُ بِالْمُهْتَدِينَ
[Эй Паёмбар] Бе тардид, ту ҳар киро дӯст дошта бошӣ, наметавонӣ [ба иҷбор ба роҳи рост] ҳидоят кунӣ, балки Аллоҳ таоло аст, ки ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва ٕӮ ба [ҳоли] роҳёфтагон донотар аст
28:56 -
وَقَالُوا إِنْ نَتَّبِعِ الْهُدَىٰ مَعَكَ نُتَخَطَّفْ مِنْ أَرْضِنَا ۚ أَوَلَمْ نُمَكِّنْ لَهُمْ حَرَمًا آمِنًا يُجْبَىٰ إِلَيْهِ ثَمَرَاتُ كُلِّ شَيْءٍ رِزْقًا مِنْ لَدُنَّا وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ
Ва [мушрикон] гуфтанд: «Агар ҳамроҳи ту аз ҳидоят пайравӣ кунем, моро аз сарзаминамон мерабоянд». Оё мо ононро дар ҳарами амне ҷой надодем, ки анвои маҳсулот – ба унвони рӯзие аз ҷониби Мо – ба сӯяшон сарозер мегардад? Вале бештарашон [қадри неъматҳои илоҳиро] намедонанд
28:57 -
وَكَمْ أَهْلَكْنَا مِنْ قَرْيَةٍ بَطِرَتْ مَعِيشَتَهَا ۖ فَتِلْكَ مَسَاكِنُهُمْ لَمْ تُسْكَنْ مِنْ بَعْدِهِمْ إِلَّا قَلِيلًا ۖ وَكُنَّا نَحْنُ الْوَارِثِينَ
Ва чи бисёр [мардуми] шаҳрҳоеро нобуд сохтем, ки дар ҳаққи неъматҳои илоҳӣ носипосӣ карда буданд. Ин хонаҳои [вайроншудаи] онон аст, ки пас аз эшон ҷуз андаке - [касе] дар онҳо сукунат накардааст ва Мо вориси онон будем
28:58 -
وَمَا كَانَ رَبُّكَ مُهْلِكَ الْقُرَىٰ حَتَّىٰ يَبْعَثَ فِي أُمِّهَا رَسُولًا يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِنَا ۚ وَمَا كُنَّا مُهْلِكِي الْقُرَىٰ إِلَّا وَأَهْلُهَا ظَالِمُونَ
Ва Парвардигорат ҳаргиз [мардуми] шаҳрҳоро нобуд намекунад, магар он ки дар шаҳри бузурге аз онҳо [ҳамчун Макка] паёмбаре бифиристад, ки оёти Моро бар онон бихонад. Ва Мо ҳаргиз шаҳрҳоро нобуд накардем, магар он ки сокинонаш [кофиру] ситамгор будаанд
28:59 -
وَمَا أُوتِيتُمْ مِنْ شَيْءٍ فَمَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَزِينَتُهَا ۚ وَمَا عِنْدَ اللَّهِ خَيْرٌ وَأَبْقَىٰ ۚ أَفَلَا تَعْقِلُونَ
Ва он чи ба шумо дода шудааст, баҳра [-и гузаро] ва зинати зиндагии дунёст ва он чи назди Аллоҳ таоло аст, беҳтар ва пойдортар аст. Оё намеандешед?
28:60
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»