Сура 28 Ал-Қасас (Достон), оят 43 – 50
-
وَلَقَدْ آتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ مِنْ بَعْدِ مَا أَهْلَكْنَا الْقُرُونَ الْأُولَىٰ بَصَائِرَ لِلنَّاسِ وَهُدًى وَرَحْمَةً لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ
Ва ба ростӣ, пас аз он ки умматҳои пешинро нобуд намудем, ба Мӯсо китоб [Таврот] додем, ки [муштамил бар] равшангариҳо ва ҳидоят ва раҳмате барои мардум буд, бошад, ки панд пазиранд
28:43 -
وَمَا كُنْتَ بِجَانِبِ الْغَرْبِيِّ إِذْ قَضَيْنَا إِلَىٰ مُوسَى الْأَمْرَ وَمَا كُنْتَ مِنَ الشَّاهِدِينَ
Ва ту [эй Паёмбар] он гоҳ ки фармони [нубувват]-ро ба Мӯсо медодем, дар доманаи ғарбӣ [-и кӯҳи Тӯр] ҳузур надоштӣ ва аз гувоҳон [низ] набудӣ
28:44 -
وَلَٰكِنَّا أَنْشَأْنَا قُرُونًا فَتَطَاوَلَ عَلَيْهِمُ الْعُمُرُ ۚ وَمَا كُنْتَ ثَاوِيًا فِي أَهْلِ مَدْيَنَ تَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِنَا وَلَٰكِنَّا كُنَّا مُرْسِلِينَ
Ва [Мо пас аз Мӯсо] наслҳое офаридем ва солҳои тӯлонӣ бар онон гузашт [ва паймони илоҳиро фаромӯш карданд]. Ва ту дар миёни аҳли Мадян иқомат надоштӣ [ки аз достони Мӯсо бохабар бошӣ ва] оёти Моро бар онон [мардуми Макка] бихонӣ, балки Мо будем, ки [ин оётро ба сӯят] мефиристодем
28:45 -
وَمَا كُنْتَ بِجَانِبِ الطُّورِ إِذْ نَادَيْنَا وَلَٰكِنْ رَحْمَةً مِنْ رَبِّكَ لِتُنْذِرَ قَوْمًا مَا أَتَاهُمْ مِنْ نَذِيرٍ مِنْ قَبْلِكَ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ
Ва он гоҳ ки [ба Мӯсо] нидо додем, ту дар канори кӯҳи Тӯр набудӣ, вале ба унвони раҳмате аз сӯйи Парвадигорат [ба ту ваҳй намудем], то гурӯҳеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае ба суроғашон наомадааст, [бо ин оёт] бим диҳӣ, бошад, ки панд пазиранд
28:46 -
وَلَوْلَا أَنْ تُصِيبَهُمْ مُصِيبَةٌ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ فَيَقُولُوا رَبَّنَا لَوْلَا أَرْسَلْتَ إِلَيْنَا رَسُولًا فَنَتَّبِعَ آيَاتِكَ وَنَكُونَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ
[Бо кофирон итмоми ҳуҷҷат кардем] То вақте ба кайфари корҳое, ки дар гузашта муртакиб шудаанд, мусибате ба онҳо мерасад, нагӯянд: «Парвардигоро, чаро паёмбаре бар мо нафиристодӣ, то аз оётат пайравӣ кунем ва аз муъминон бошем»?
28:47 -
فَلَمَّا جَاءَهُمُ الْحَقُّ مِنْ عِنْدِنَا قَالُوا لَوْلَا أُوتِيَ مِثْلَ مَا أُوتِيَ مُوسَىٰ ۚ أَوَلَمْ يَكْفُرُوا بِمَا أُوتِيَ مُوسَىٰ مِنْ قَبْلُ ۖ قَالُوا سِحْرَانِ تَظَاهَرَا وَقَالُوا إِنَّا بِكُلٍّ كَافِرُونَ
Вале ҳангоме ки [Паёмбари] ҳақ аз ҷониби Мо ба суроғашон омад, [яҳудиён аз сари лаҷоҷат] гуфтанд: «Чаро муъҷизоте ҳаммонанд Мӯсо ба ӯ дода нашудааст»? [Дар посухашон бигӯ] «Магар [яҳудиён] дар гузашта муъҷизоти Мӯсоро инкор накарданд»? Онон гуфтанд: «[Қуръону Таврот] ду ҷоду ҳастанд, ки якдигарро таъйид мекунанд» ва гуфтанд: «Мо тамоми [матолиби] онҳоро инкор мекунем»
28:48 -
قُلْ فَأْتُوا بِكِتَابٍ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ هُوَ أَهْدَىٰ مِنْهُمَا أَتَّبِعْهُ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ
Бигӯ: «Агар ростгӯед, аз ҷониби Аллоҳ таоло китобе ҳидоятбахштар аз ин ду [китоб] биёваред, то ман низ аз он пайравӣ кунам»
28:49 -
فَإِنْ لَمْ يَسْتَجِيبُوا لَكَ فَاعْلَمْ أَنَّمَا يَتَّبِعُونَ أَهْوَاءَهُمْ ۚ وَمَنْ أَضَلُّ مِمَّنِ اتَّبَعَ هَوَاهُ بِغَيْرِ هُدًى مِنَ اللَّهِ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ
Пас, агар [Қурайш] ба дархостат посухе надоданд, бидон, ки онон фақат аз ҳавои нафсашон пайравӣ мекунанд ва кист гумроҳтар аз он ки бидуни раҳнамуде аз сӯи Аллоҳ таоло аз ҳавои нафсаш пайравӣ мекунад? Бе тардид, Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгорро ҳидоят намекунад
28:50
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»