Сура 28 Ал-Қасас (Достон), оят 36 – 40

  1. فَلَمَّا جَاءَهُمْ مُوسَىٰ بِآيَاتِنَا بَيِّنَاتٍ قَالُوا مَا هَٰذَا إِلَّا سِحْرٌ مُفْتَرًى وَمَا سَمِعْنَا بِهَٰذَا فِي آبَائِنَا الْأَوَّلِينَ

    Пас, чун Мӯсо бо муъҷизоти равшани Мо ба сӯяшон омад, гуфтанд: «Ин [чизе] нест, магар ҷодуе сохта ва мо ҳаргиз ин [иддаои яктопарастӣ]-ро аз падаронамон нашнидаем»

    28:36
  2. وَقَالَ مُوسَىٰ رَبِّي أَعْلَمُ بِمَنْ جَاءَ بِالْهُدَىٰ مِنْ عِنْدِهِ وَمَنْ تَكُونُ لَهُ عَاقِبَةُ الدَّارِ ۖ إِنَّهُ لَا يُفْلِحُ الظَّالِمُونَ

    Ва Мӯсо гуфт: «Парвардигорам беҳтар медонад, чи касе ҳидоятро аз назди Ӯ овардааст ва [огоҳтар аст, ки] оқибати неки он саро барои кист. Бе тардид, ситамгорон росткор намешаванд»

    28:37
  3. وَقَالَ فِرْعَوْنُ يَا أَيُّهَا الْمَلَأُ مَا عَلِمْتُ لَكُمْ مِنْ إِلَٰهٍ غَيْرِي فَأَوْقِدْ لِي يَا هَامَانُ عَلَى الطِّينِ فَاجْعَلْ لِي صَرْحًا لَعَلِّي أَطَّلِعُ إِلَىٰ إِلَٰهِ مُوسَىٰ وَإِنِّي لَأَظُنُّهُ مِنَ الْكَاذِبِينَ

    Фиръавн гуфт: «Эй бузургон, маъбуде ба ҷуз худ бароятон намешиносам, пас, эй Ҳомон, бароям оташе бар гил барафрӯз [ва хишт бипаз], он гоҳ бурҷи баланде бисоз, бошад, ки аз маъбуди Мӯсо бохабар шавам. Ҳар чанд ки ҳатман, ӯро дурӯғгӯ мепиндорам»

    28:38
  4. وَاسْتَكْبَرَ هُوَ وَجُنُودُهُ فِي الْأَرْضِ بِغَيْرِ الْحَقِّ وَظَنُّوا أَنَّهُمْ إِلَيْنَا لَا يُرْجَعُونَ

    Ва ӯ [Фиръавн] ва лашкариёнаш ба ноҳақ дар сарзамин [-и Миср] саркашӣ карданд ва пиндоштанд, ки ба сӯйи Мо бозгардонда намешаванд

    28:39
  5. فَأَخَذْنَاهُ وَجُنُودَهُ فَنَبَذْنَاهُمْ فِي الْيَمِّ ۖ فَانْظُرْ كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الظَّالِمِينَ

    Пас, [мо] ӯ ва лашкариёнашро [ба азоб] фурӯ гирифтем ва ононро ба дарё андохтем. Пас, бингар, ки оқибати ситамгорон чи гуна буд

    28:40

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»