Сура 28 Ал-Қасас (Достон), оят 3 – 6

  1. نَتْلُو عَلَيْكَ مِنْ نَبَإِ مُوسَىٰ وَفِرْعَوْنَ بِالْحَقِّ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ

    [бахшҳое] аз достони Мӯсо ва Фиръавнро барои касоне, ки имон овардаанд, ба дурустӣ бар ту тиловат мекунем

    28:3
  2. إِنَّ فِرْعَوْنَ عَلَا فِي الْأَرْضِ وَجَعَلَ أَهْلَهَا شِيَعًا يَسْتَضْعِفُ طَائِفَةً مِنْهُمْ يُذَبِّحُ أَبْنَاءَهُمْ وَيَسْتَحْيِي نِسَاءَهُمْ ۚ إِنَّهُ كَانَ مِنَ الْمُفْسِدِينَ

    Бе тардид, Фиръавн дар сарзамини [Миср] бартарихоҳӣ кард ва мардумашро ба гурӯҳҳо тақсим намуд. Гурӯҳе аз ононро ба нотавонӣ [ва хорӣ] мекашонд, [чунон ки] писаронашонро мекушт ва занонашонро [барои канизӣ] зинда нигаҳ медошт. Ба ростӣ, ки ӯ аз табаҳкорон буд

    28:4
  3. وَنُرِيدُ أَنْ نَمُنَّ عَلَى الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا فِي الْأَرْضِ وَنَجْعَلَهُمْ أَئِمَّةً وَنَجْعَلَهُمُ الْوَارِثِينَ

    Ва мехостем бар Бани Исроил, ки дар он сарзамин ба нотавонӣ кашида шуда буданд, [бо нобуд кардани душманашон] миннат бигузорем ва пешвоён [-и мардум] қарорашон диҳем ва [пас аз нобудии Фиръавн] ононро ворисон [-и сарзамини Шом] намоем

    28:5
  4. وَنُمَكِّنَ لَهُمْ فِي الْأَرْضِ وَنُرِيَ فِرْعَوْنَ وَهَامَانَ وَجُنُودَهُمَا مِنْهُمْ مَا كَانُوا يَحْذَرُونَ

    Ва дар он сарзамин ҳукумат ба эшон диҳем ва он чиро Фиръавн ва [вазираш] Ҳомон ва сипоҳиёнашон ҳамвора аз он метарсиданд [суқути ҳукумат], ба онон нишон диҳем

    28:6

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»