Сура 28 Ал-Қасас (Достон), оят 3 – 10

  1. نَتْلُو عَلَيْكَ مِنْ نَبَإِ مُوسَىٰ وَفِرْعَوْنَ بِالْحَقِّ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ

    [бахшҳое] аз достони Мӯсо ва Фиръавнро барои касоне, ки имон овардаанд, ба дурустӣ бар ту тиловат мекунем

    28:3
  2. إِنَّ فِرْعَوْنَ عَلَا فِي الْأَرْضِ وَجَعَلَ أَهْلَهَا شِيَعًا يَسْتَضْعِفُ طَائِفَةً مِنْهُمْ يُذَبِّحُ أَبْنَاءَهُمْ وَيَسْتَحْيِي نِسَاءَهُمْ ۚ إِنَّهُ كَانَ مِنَ الْمُفْسِدِينَ

    Бе тардид, Фиръавн дар сарзамини [Миср] бартарихоҳӣ кард ва мардумашро ба гурӯҳҳо тақсим намуд. Гурӯҳе аз ононро ба нотавонӣ [ва хорӣ] мекашонд, [чунон ки] писаронашонро мекушт ва занонашонро [барои канизӣ] зинда нигаҳ медошт. Ба ростӣ, ки ӯ аз табаҳкорон буд

    28:4
  3. وَنُرِيدُ أَنْ نَمُنَّ عَلَى الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا فِي الْأَرْضِ وَنَجْعَلَهُمْ أَئِمَّةً وَنَجْعَلَهُمُ الْوَارِثِينَ

    Ва мехостем бар Бани Исроил, ки дар он сарзамин ба нотавонӣ кашида шуда буданд, [бо нобуд кардани душманашон] миннат бигузорем ва пешвоён [-и мардум] қарорашон диҳем ва [пас аз нобудии Фиръавн] ононро ворисон [-и сарзамини Шом] намоем

    28:5
  4. وَنُمَكِّنَ لَهُمْ فِي الْأَرْضِ وَنُرِيَ فِرْعَوْنَ وَهَامَانَ وَجُنُودَهُمَا مِنْهُمْ مَا كَانُوا يَحْذَرُونَ

    Ва дар он сарзамин ҳукумат ба эшон диҳем ва он чиро Фиръавн ва [вазираш] Ҳомон ва сипоҳиёнашон ҳамвора аз он метарсиданд [суқути ҳукумат], ба онон нишон диҳем

    28:6
  5. وَأَوْحَيْنَا إِلَىٰ أُمِّ مُوسَىٰ أَنْ أَرْضِعِيهِ ۖ فَإِذَا خِفْتِ عَلَيْهِ فَأَلْقِيهِ فِي الْيَمِّ وَلَا تَخَافِي وَلَا تَحْزَنِي ۖ إِنَّا رَادُّوهُ إِلَيْكِ وَجَاعِلُوهُ مِنَ الْمُرْسَلِينَ

    Ва ба модари Мӯсо илҳом кардем, ки: «Ӯро шир бидеҳ ва ҳангоме ки [аз осеби фиръавниён] бар ӯ тарсидӣ, [кӯдакро дар сандуқе бигзор ва] ба рӯд [-и Нил] биандозаш ва натарс ва андуҳгин нашав [зеро] ҳатман, ӯро ба ту бозмегардонем ва аз паёмбарон қарораш медиҳем»

    28:7
  6. فَالْتَقَطَهُ آلُ فِرْعَوْنَ لِيَكُونَ لَهُمْ عَدُوًّا وَحَزَنًا ۗ إِنَّ فِرْعَوْنَ وَهَامَانَ وَجُنُودَهُمَا كَانُوا خَاطِئِينَ

    Пас, [чун модари Мӯсо чунин кард] хонадони Фиръавн ӯро [аз об] гирифтанд, то саранҷом [солҳо баъд ин фарзанди Бани Исроил] душман ва [мояи] андуҳашон гардад. Ба ростӣ, ки Фиръавн ва Ҳомон ва сипоҳиёнашон гунаҳгор буданд

    28:8
  7. وَقَالَتِ امْرَأَتُ فِرْعَوْنَ قُرَّتُ عَيْنٍ لِي وَلَكَ ۖ لَا تَقْتُلُوهُ عَسَىٰ أَنْ يَنْفَعَنَا أَوْ نَتَّخِذَهُ وَلَدًا وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ

    Ва [чун Фиръавн дастури қатли Мӯсоро дод, Осия] ҳамсари Фиръавн гуфт: «[Ин писар] Нури чашми ману туст. Ӯро накушед. Чи басо ба мо суде бибахшад, ё ӯро ба фарзандӣ бигирем», ҳол он ки [оқибати корро] намедонистанд

    28:9
  8. وَأَصْبَحَ فُؤَادُ أُمِّ مُوسَىٰ فَارِغًا ۖ إِنْ كَادَتْ لَتُبْدِي بِهِ لَوْلَا أَنْ رَبَطْنَا عَلَىٰ قَلْبِهَا لِتَكُونَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ

    Ва дили модари Мӯсо [аз ҳама чиз ҷуз ёди писараш] тиҳӣ гашт ва агар қалбашро қавӣ накарда будем, ки [ба ваъдаи Мо] имон дошта бошад, наздик буд он розро фош кунад

    28:10

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»