Сура 28 Ал-Қасас (Достон), оят 29 – 42
-
فَلَمَّا قَضَىٰ مُوسَى الْأَجَلَ وَسَارَ بِأَهْلِهِ آنَسَ مِنْ جَانِبِ الطُّورِ نَارًا قَالَ لِأَهْلِهِ امْكُثُوا إِنِّي آنَسْتُ نَارًا لَعَلِّي آتِيكُمْ مِنْهَا بِخَبَرٍ أَوْ جَذْوَةٍ مِنَ النَّارِ لَعَلَّكُمْ تَصْطَلُونَ
Ҳангоме ки Мӯсо [он] муддат [-и муайян]-ро ба поён расонд ва ҳамроҳи хонаводааш [аз Мадян ба сӯйи Миср] ҳаракат кард, [ногаҳон дар торикии шаб] аз сӯйи [кӯҳи] Тӯр оташе дид, ба хонаводааш гуфт: «Биистед, ки ман оташе [аз дур] дидам. Шояд хабаре аз он бароятон биёварам ё шуълаи оташе [биёварам], то гарм шавед»
28:29 -
فَلَمَّا أَتَاهَا نُودِيَ مِنْ شَاطِئِ الْوَادِ الْأَيْمَنِ فِي الْبُقْعَةِ الْمُبَارَكَةِ مِنَ الشَّجَرَةِ أَنْ يَا مُوسَىٰ إِنِّي أَنَا اللَّهُ رَبُّ الْعَالَمِينَ
Пас, вақте ба он оташ наздик шуд, дар канораи рости он сарзамини дар минтақаи пурбаракат [-и Тӯр] аз [миёни] як дарахт нидо дода шуд, ки: «Эй Мӯсо, бе тардид, ман Аллоҳ таоло–Парвардигори ҷаҳониёнам
28:30 -
وَأَنْ أَلْقِ عَصَاكَ ۖ فَلَمَّا رَآهَا تَهْتَزُّ كَأَنَّهَا جَانٌّ وَلَّىٰ مُدْبِرًا وَلَمْ يُعَقِّبْ ۚ يَا مُوسَىٰ أَقْبِلْ وَلَا تَخَفْ ۖ إِنَّكَ مِنَ الْآمِنِينَ
Ва асоятро биафкан». Пас, чун [Мӯсо чунин карду] онро дид, ки ҳамчун море [босуръат] мехазад, [аз тарс] пушт карду гурехт ва бознагашт. [Нидо омад] «Эй Мӯсо, пеш о ва натарс. Ҳатман, ту аз [осеби хатарҳо] эмин шудаӣ
28:31 -
اسْلُكْ يَدَكَ فِي جَيْبِكَ تَخْرُجْ بَيْضَاءَ مِنْ غَيْرِ سُوءٍ وَاضْمُمْ إِلَيْكَ جَنَاحَكَ مِنَ الرَّهْبِ ۖ فَذَانِكَ بُرْهَانَانِ مِنْ رَبِّكَ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ وَمَلَئِهِ ۚ إِنَّهُمْ كَانُوا قَوْمًا فَاسِقِينَ
Ва дастро дар гиребонат фурӯ бар [то] сапеду бидуни айб [ва бемории песӣ] хориҷ шавад ва [барои раҳоӣ] аз ин тарс дастонатро ба самти худ ҷамъ кун [ва ба синаат бичаспон]. Ин ду [муъҷизаи асо ва яди байзо] ду далели [равшан] аз сӯи Парвардигорат барои Фиръавн ва бузургони [қавми] ӯст. Ба ростӣ, ки онон гурӯҳе нофармонанд»
28:32 -
قَالَ رَبِّ إِنِّي قَتَلْتُ مِنْهُمْ نَفْسًا فَأَخَافُ أَنْ يَقْتُلُونِ
[Мӯсо] Гуфт: «Парвардигоро, ман яке аз ононро [бидуни амд] куштаам, метарсам, ки [ба қасоси он қатл] маро бикушанд
28:33 -
وَأَخِي هَارُونُ هُوَ أَفْصَحُ مِنِّي لِسَانًا فَأَرْسِلْهُ مَعِيَ رِدْءًا يُصَدِّقُنِي ۖ إِنِّي أَخَافُ أَنْ يُكَذِّبُونِ
Ва бародарам – Ҳорун – забонаш аз ман шевотар аст, пас, ӯро ҳамроҳам бифирист, то ёварам бошад ва ростгӯиямро таъйид кунад, зеро метарсам, маро дурӯғгӯ ангоранд»
28:34 -
قَالَ سَنَشُدُّ عَضُدَكَ بِأَخِيكَ وَنَجْعَلُ لَكُمَا سُلْطَانًا فَلَا يَصِلُونَ إِلَيْكُمَا ۚ بِآيَاتِنَا أَنْتُمَا وَمَنِ اتَّبَعَكُمَا الْغَالِبُونَ
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Туро бо [пайвастани] бародарат тақвият хоҳем намуд ва бароятон тасаллуте қарор медиҳем, ки [фиръавниён ҳаргиз] ба шумо даст наёбанд ва ба [баракати] муъҷизотамон [ки дар ихтиёр доред] шумо ва ҳар ки аз шумо пайравӣ кунад, пирӯзед»
28:35 -
فَلَمَّا جَاءَهُمْ مُوسَىٰ بِآيَاتِنَا بَيِّنَاتٍ قَالُوا مَا هَٰذَا إِلَّا سِحْرٌ مُفْتَرًى وَمَا سَمِعْنَا بِهَٰذَا فِي آبَائِنَا الْأَوَّلِينَ
Пас, чун Мӯсо бо муъҷизоти равшани Мо ба сӯяшон омад, гуфтанд: «Ин [чизе] нест, магар ҷодуе сохта ва мо ҳаргиз ин [иддаои яктопарастӣ]-ро аз падаронамон нашнидаем»
28:36 -
وَقَالَ مُوسَىٰ رَبِّي أَعْلَمُ بِمَنْ جَاءَ بِالْهُدَىٰ مِنْ عِنْدِهِ وَمَنْ تَكُونُ لَهُ عَاقِبَةُ الدَّارِ ۖ إِنَّهُ لَا يُفْلِحُ الظَّالِمُونَ
Ва Мӯсо гуфт: «Парвардигорам беҳтар медонад, чи касе ҳидоятро аз назди Ӯ овардааст ва [огоҳтар аст, ки] оқибати неки он саро барои кист. Бе тардид, ситамгорон росткор намешаванд»
28:37 -
وَقَالَ فِرْعَوْنُ يَا أَيُّهَا الْمَلَأُ مَا عَلِمْتُ لَكُمْ مِنْ إِلَٰهٍ غَيْرِي فَأَوْقِدْ لِي يَا هَامَانُ عَلَى الطِّينِ فَاجْعَلْ لِي صَرْحًا لَعَلِّي أَطَّلِعُ إِلَىٰ إِلَٰهِ مُوسَىٰ وَإِنِّي لَأَظُنُّهُ مِنَ الْكَاذِبِينَ
Фиръавн гуфт: «Эй бузургон, маъбуде ба ҷуз худ бароятон намешиносам, пас, эй Ҳомон, бароям оташе бар гил барафрӯз [ва хишт бипаз], он гоҳ бурҷи баланде бисоз, бошад, ки аз маъбуди Мӯсо бохабар шавам. Ҳар чанд ки ҳатман, ӯро дурӯғгӯ мепиндорам»
28:38 -
وَاسْتَكْبَرَ هُوَ وَجُنُودُهُ فِي الْأَرْضِ بِغَيْرِ الْحَقِّ وَظَنُّوا أَنَّهُمْ إِلَيْنَا لَا يُرْجَعُونَ
Ва ӯ [Фиръавн] ва лашкариёнаш ба ноҳақ дар сарзамин [-и Миср] саркашӣ карданд ва пиндоштанд, ки ба сӯйи Мо бозгардонда намешаванд
28:39 -
فَأَخَذْنَاهُ وَجُنُودَهُ فَنَبَذْنَاهُمْ فِي الْيَمِّ ۖ فَانْظُرْ كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الظَّالِمِينَ
Пас, [мо] ӯ ва лашкариёнашро [ба азоб] фурӯ гирифтем ва ононро ба дарё андохтем. Пас, бингар, ки оқибати ситамгорон чи гуна буд
28:40 -
وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ ۖ وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ لَا يُنْصَرُونَ
Ва ононро пешвоёне қарор додем, ки [пайравонашонро] ба оташи [дузах] даъват мекарданд ва рӯзи қиёмат ёрӣ намешаванд
28:41 -
وَأَتْبَعْنَاهُمْ فِي هَٰذِهِ الدُّنْيَا لَعْنَةً ۖ وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ هُمْ مِنَ الْمَقْبُوحِينَ
Дар ин дунё ба дунболашон лаънат равон кардем ва рӯзи қиёмат [низ] зиштманзаранд
28:42
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»