Сура 28 Ал-Қасас (Достон), оят 22 – 28

  1. وَلَمَّا تَوَجَّهَ تِلْقَاءَ مَدْيَنَ قَالَ عَسَىٰ رَبِّي أَنْ يَهْدِيَنِي سَوَاءَ السَّبِيلِ

    Ва чун ба шаҳри Мадян рӯ овард, гуфт: «Умед аст, Парвардигорам маро ба роҳи рост ҳидоят кунад»

    28:22
  2. وَلَمَّا وَرَدَ مَاءَ مَدْيَنَ وَجَدَ عَلَيْهِ أُمَّةً مِنَ النَّاسِ يَسْقُونَ وَوَجَدَ مِنْ دُونِهِمُ امْرَأَتَيْنِ تَذُودَانِ ۖ قَالَ مَا خَطْبُكُمَا ۖ قَالَتَا لَا نَسْقِي حَتَّىٰ يُصْدِرَ الرِّعَاءُ ۖ وَأَبُونَا شَيْخٌ كَبِيرٌ

    Ва ҳангоме ки ба [чоҳи] оби Мадян расид, бар сари чоҳ гурӯҳе аз мардумро дид, ки [чаҳорпоёни худро] об медиҳанд ва наздики онон ду занро дид, ки [гӯсфандонашонро] канор мекашиданд [ва аз дигарон фосила мегирифтанд. Мӯсо] гуфт: «Шумо чи мекунед? [Чаро гӯсфандони худро об намедиҳед.] Онон гуфтанд: «Мо [ба рамаи худ] об намедиҳем, то ин чӯпонҳо бозгарданд [ва музоҳимамон набошанд]. Падарамон пирамарде куҳансол аст [ва тавоноии ин корро надорад]»

    28:23
  3. فَسَقَىٰ لَهُمَا ثُمَّ تَوَلَّىٰ إِلَى الظِّلِّ فَقَالَ رَبِّ إِنِّي لِمَا أَنْزَلْتَ إِلَيَّ مِنْ خَيْرٍ فَقِيرٌ

    Мӯсо барои он ду нафар [гӯсфандонашонро] об дод, он гоҳ сӯйи соя бозгашт ва гуфт: «Парвардигоро, ба ҳар хайре, ки бароям бифиристӣ, сахт ниёзмандам»

    28:24
  4. فَجَاءَتْهُ إِحْدَاهُمَا تَمْشِي عَلَى اسْتِحْيَاءٍ قَالَتْ إِنَّ أَبِي يَدْعُوكَ لِيَجْزِيَكَ أَجْرَ مَا سَقَيْتَ لَنَا ۚ فَلَمَّا جَاءَهُ وَقَصَّ عَلَيْهِ الْقَصَصَ قَالَ لَا تَخَفْ ۖ نَجَوْتَ مِنَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ

    Он гоҳ яке аз он ду [зан], дар ҳоле ки бо шарму ҳаё гом бармедошт, наздаш омаду гуфт: «Падарам даъватат мекунад [ки наздаш биравӣ], то музди он ки [гӯсфандон]-ро бароямон об додӣ, ба ту пардохт кунад». Чун [Мӯсо] назди ӯ рафту саргузашташро барои ӯ ҳикоят кард, вай гуфт: «Натарс, ки аз гурӯҳи ситамгор наҷот ёфтаӣ»

    28:25
  5. قَالَتْ إِحْدَاهُمَا يَا أَبَتِ اسْتَأْجِرْهُ ۖ إِنَّ خَيْرَ مَنِ اسْتَأْجَرْتَ الْقَوِيُّ الْأَمِينُ

    Яке аз он ду [духтар] гуфт: «Падарҷон, ӯро истихдом кун, [зеро] бе тардид, беҳтарин касе, ки метавонӣ ба кор бигирӣ он аст, ки неруманду амонатдор бошад [ва ӯ чунин аст]»

    28:26
  6. قَالَ إِنِّي أُرِيدُ أَنْ أُنْكِحَكَ إِحْدَى ابْنَتَيَّ هَاتَيْنِ عَلَىٰ أَنْ تَأْجُرَنِي ثَمَانِيَ حِجَجٍ ۖ فَإِنْ أَتْمَمْتَ عَشْرًا فَمِنْ عِنْدِكَ ۖ وَمَا أُرِيدُ أَنْ أَشُقَّ عَلَيْكَ ۚ سَتَجِدُنِي إِنْ شَاءَ اللَّهُ مِنَ الصَّالِحِينَ

    [Пирамард ба Мӯсо] Гуфт: «Мехоҳам яке аз ду духтарамро ба ҳамсариат дароварам, ба ин [шарт] ки ҳашт сол бароям кор кунӣ ва агар [ин корро] то даҳ сол идома диҳӣ, лутфу муҳаббате аз сӯйи туст. Ман намехоҳам бар ту сахтгирӣ кунам. Ин шоал-л-лоҳ маро шоиста [ва накукор] хоҳӣ ёфт»

    28:27
  7. قَالَ ذَٰلِكَ بَيْنِي وَبَيْنَكَ ۖ أَيَّمَا الْأَجَلَيْنِ قَضَيْتُ فَلَا عُدْوَانَ عَلَيَّ ۖ وَاللَّهُ عَلَىٰ مَا نَقُولُ وَكِيلٌ

    [Мӯсо] Гуфт: «Ин [қарордод] миёни ману ту бошад, ки ҳар кадом аз ин ду муддат [ҳашт ё даҳ сол]-ро, ки анҷом додам, [ба аҳди худ вафо кардаам], пас, ситаме бар ман набошад [ва нахоҳӣ, ки бештар бимонам] ва Аллоҳ таоло бар он чи мегӯем, гувоҳ аст»

    28:28

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»