Сура 28 Ал-Қасас (Достон), оят 18 – 21
-
فَأَصْبَحَ فِي الْمَدِينَةِ خَائِفًا يَتَرَقَّبُ فَإِذَا الَّذِي اسْتَنْصَرَهُ بِالْأَمْسِ يَسْتَصْرِخُهُ ۚ قَالَ لَهُ مُوسَىٰ إِنَّكَ لَغَوِيٌّ مُبِينٌ
[Мӯсо] Шабро бо тарсу нигаронӣ дар шаҳр ба субҳ расонд, ки ногоҳ марде, ки дирӯз аз ӯ ёрӣ хоста буд, боз ба фарёд аз ӯ ёрӣ хост. Мӯсо ба ӯ гуфт: «Воқеан, ошкор аст, ки ту [моҷароҷӯ ва] гумроҳӣ»
28:18 -
فَلَمَّا أَنْ أَرَادَ أَنْ يَبْطِشَ بِالَّذِي هُوَ عَدُوٌّ لَهُمَا قَالَ يَا مُوسَىٰ أَتُرِيدُ أَنْ تَقْتُلَنِي كَمَا قَتَلْتَ نَفْسًا بِالْأَمْسِ ۖ إِنْ تُرِيدُ إِلَّا أَنْ تَكُونَ جَبَّارًا فِي الْأَرْضِ وَمَا تُرِيدُ أَنْ تَكُونَ مِنَ الْمُصْلِحِينَ
Пас, ҳангоме ки [Мӯсо] хост, ба касе, ки душмани ҳар дуи онон буд, ҳамла кунад, [он марди қибтӣ] гуфт: «Эй Мӯсо, оё мехоҳӣ ҳамон гуна ки дирӯз касеро куштӣ, [имрӯз низ] маро бикушӣ? Қасди ту фақат зӯргӯӣ дар ин сарзамин аст ва намехоҳӣ аз ислоҳгарон [байни афрод] бошӣ»
28:19 -
وَجَاءَ رَجُلٌ مِنْ أَقْصَى الْمَدِينَةِ يَسْعَىٰ قَالَ يَا مُوسَىٰ إِنَّ الْمَلَأَ يَأْتَمِرُونَ بِكَ لِيَقْتُلُوكَ فَاخْرُجْ إِنِّي لَكَ مِنَ النَّاصِحِينَ
Ва [дар ин ҳангом] марде [ки аз дӯстони Мӯсо буд] аз дуртарин нуқтаи шаҳр шитобон омад [ва] гуфт: «Эй Мӯсо, бузургон [-и қавми Фиръавн] дар бораи куштанат ба машварат нишастаанд, пас, бедиранг [аз шаҳр] хориҷ шав, [ки] ман ҳатман, хайрхоҳат ҳастам»
28:20 -
فَخَرَجَ مِنْهَا خَائِفًا يَتَرَقَّبُ ۖ قَالَ رَبِّ نَجِّنِي مِنَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ
Пас, Мӯсо бо тарсу нигаронӣ аз шаҳр берун рафт ва гуфт: «Парвардигоро, маро аз [осеби] ситамгорон наҷот бидеҳ»
28:21
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»