Сура 28 Ал-Қасас (Достон), оят 1 – 13
-
طسم
То, син, мим.
28:1 -
تِلْكَ آيَاتُ الْكِتَابِ الْمُبِينِ
Ин оёти китоби равшангар аст
28:2 -
نَتْلُو عَلَيْكَ مِنْ نَبَإِ مُوسَىٰ وَفِرْعَوْنَ بِالْحَقِّ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ
[бахшҳое] аз достони Мӯсо ва Фиръавнро барои касоне, ки имон овардаанд, ба дурустӣ бар ту тиловат мекунем
28:3 -
إِنَّ فِرْعَوْنَ عَلَا فِي الْأَرْضِ وَجَعَلَ أَهْلَهَا شِيَعًا يَسْتَضْعِفُ طَائِفَةً مِنْهُمْ يُذَبِّحُ أَبْنَاءَهُمْ وَيَسْتَحْيِي نِسَاءَهُمْ ۚ إِنَّهُ كَانَ مِنَ الْمُفْسِدِينَ
Бе тардид, Фиръавн дар сарзамини [Миср] бартарихоҳӣ кард ва мардумашро ба гурӯҳҳо тақсим намуд. Гурӯҳе аз ононро ба нотавонӣ [ва хорӣ] мекашонд, [чунон ки] писаронашонро мекушт ва занонашонро [барои канизӣ] зинда нигаҳ медошт. Ба ростӣ, ки ӯ аз табаҳкорон буд
28:4 -
وَنُرِيدُ أَنْ نَمُنَّ عَلَى الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا فِي الْأَرْضِ وَنَجْعَلَهُمْ أَئِمَّةً وَنَجْعَلَهُمُ الْوَارِثِينَ
Ва мехостем бар Бани Исроил, ки дар он сарзамин ба нотавонӣ кашида шуда буданд, [бо нобуд кардани душманашон] миннат бигузорем ва пешвоён [-и мардум] қарорашон диҳем ва [пас аз нобудии Фиръавн] ононро ворисон [-и сарзамини Шом] намоем
28:5 -
وَنُمَكِّنَ لَهُمْ فِي الْأَرْضِ وَنُرِيَ فِرْعَوْنَ وَهَامَانَ وَجُنُودَهُمَا مِنْهُمْ مَا كَانُوا يَحْذَرُونَ
Ва дар он сарзамин ҳукумат ба эшон диҳем ва он чиро Фиръавн ва [вазираш] Ҳомон ва сипоҳиёнашон ҳамвора аз он метарсиданд [суқути ҳукумат], ба онон нишон диҳем
28:6 -
وَأَوْحَيْنَا إِلَىٰ أُمِّ مُوسَىٰ أَنْ أَرْضِعِيهِ ۖ فَإِذَا خِفْتِ عَلَيْهِ فَأَلْقِيهِ فِي الْيَمِّ وَلَا تَخَافِي وَلَا تَحْزَنِي ۖ إِنَّا رَادُّوهُ إِلَيْكِ وَجَاعِلُوهُ مِنَ الْمُرْسَلِينَ
Ва ба модари Мӯсо илҳом кардем, ки: «Ӯро шир бидеҳ ва ҳангоме ки [аз осеби фиръавниён] бар ӯ тарсидӣ, [кӯдакро дар сандуқе бигзор ва] ба рӯд [-и Нил] биандозаш ва натарс ва андуҳгин нашав [зеро] ҳатман, ӯро ба ту бозмегардонем ва аз паёмбарон қарораш медиҳем»
28:7 -
فَالْتَقَطَهُ آلُ فِرْعَوْنَ لِيَكُونَ لَهُمْ عَدُوًّا وَحَزَنًا ۗ إِنَّ فِرْعَوْنَ وَهَامَانَ وَجُنُودَهُمَا كَانُوا خَاطِئِينَ
Пас, [чун модари Мӯсо чунин кард] хонадони Фиръавн ӯро [аз об] гирифтанд, то саранҷом [солҳо баъд ин фарзанди Бани Исроил] душман ва [мояи] андуҳашон гардад. Ба ростӣ, ки Фиръавн ва Ҳомон ва сипоҳиёнашон гунаҳгор буданд
28:8 -
وَقَالَتِ امْرَأَتُ فِرْعَوْنَ قُرَّتُ عَيْنٍ لِي وَلَكَ ۖ لَا تَقْتُلُوهُ عَسَىٰ أَنْ يَنْفَعَنَا أَوْ نَتَّخِذَهُ وَلَدًا وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ
Ва [чун Фиръавн дастури қатли Мӯсоро дод, Осия] ҳамсари Фиръавн гуфт: «[Ин писар] Нури чашми ману туст. Ӯро накушед. Чи басо ба мо суде бибахшад, ё ӯро ба фарзандӣ бигирем», ҳол он ки [оқибати корро] намедонистанд
28:9 -
وَأَصْبَحَ فُؤَادُ أُمِّ مُوسَىٰ فَارِغًا ۖ إِنْ كَادَتْ لَتُبْدِي بِهِ لَوْلَا أَنْ رَبَطْنَا عَلَىٰ قَلْبِهَا لِتَكُونَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ
Ва дили модари Мӯсо [аз ҳама чиз ҷуз ёди писараш] тиҳӣ гашт ва агар қалбашро қавӣ накарда будем, ки [ба ваъдаи Мо] имон дошта бошад, наздик буд он розро фош кунад
28:10 -
وَقَالَتْ لِأُخْتِهِ قُصِّيهِ ۖ فَبَصُرَتْ بِهِ عَنْ جُنُبٍ وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ
Ва [модари Мӯсо пас аз он ки ӯро дар Нил раҳо кард] ба хоҳари ӯ гуфт: «Ба дунболаш бирав», пас, [хоҳараш] аз дур ба ӯ менигарист, дар ҳоле ки онон намедонистанд [ки он духтар, хоҳари ин кӯдак аст]
28:11 -
وَحَرَّمْنَا عَلَيْهِ الْمَرَاضِعَ مِنْ قَبْلُ فَقَالَتْ هَلْ أَدُلُّكُمْ عَلَىٰ أَهْلِ بَيْتٍ يَكْفُلُونَهُ لَكُمْ وَهُمْ لَهُ نَاصِحُونَ
Ва Мо [шири] ҳамаи занони ширдеҳро аз қабл бар ӯ ҳаром кардем [чунон ки синаи ҳеҷ якро напазируфт]. Он гоҳ [хоҳараш] гуфт: «Мехоҳед хонаводаеро нишонатон диҳам, ки ӯро бароятон нигаҳ доранд ва хайрхоҳаш бошанд?»
28:12 -
فَرَدَدْنَاهُ إِلَىٰ أُمِّهِ كَيْ تَقَرَّ عَيْنُهَا وَلَا تَحْزَنَ وَلِتَعْلَمَ أَنَّ وَعْدَ اللَّهِ حَقٌّ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ
Пас, [онон пазируфтанд ва бад-ин сурат] ӯро ба модараш бозгардонидем, то чашмаш равшан гардад ва ғамгин набошад ва то бидонад, ки ваъдаи Аллоҳ таоло ҳақ аст, вале бештарашон намедонанд
28:13
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»