Сура 26 Аш-Шуъаро (Шуъаро), оят 205 – 207

  1. أَفَرَأَيْتَ إِنْ مَتَّعْنَاهُمْ سِنِينَ

    Оё донистӣ, ки агар ононро солҳо [аз зиндагии дунё] баҳраманд созем

    26:205
  2. ثُمَّ جَاءَهُمْ مَا كَانُوا يُوعَدُونَ

    Сипас он чи ки ба онон ваъда дода шудааст, ба суроғашон биёяд

    26:206
  3. مَا أَغْنَىٰ عَنْهُمْ مَا كَانُوا يُمَتَّعُونَ

    Ин баҳрамандиашон [аз дунё дар ҳангоми азоб] суде барояшон нахоҳад дошт?

    26:207

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»