Сура 24 Ан-Нур (Нур), оят 62 – 64
-
إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَإِذَا كَانُوا مَعَهُ عَلَىٰ أَمْرٍ جَامِعٍ لَمْ يَذْهَبُوا حَتَّىٰ يَسْتَأْذِنُوهُ ۚ إِنَّ الَّذِينَ يَسْتَأْذِنُونَكَ أُولَٰئِكَ الَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ ۚ فَإِذَا اسْتَأْذَنُوكَ لِبَعْضِ شَأْنِهِمْ فَأْذَنْ لِمَنْ شِئْتَ مِنْهُمْ وَاسْتَغْفِرْ لَهُمُ اللَّهَ ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ
Муъминони [воқеӣ] касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш имон овардаанд ва ҳангоме ки барои [иҷрои як] амри иҷтимоӣ бо ӯ [паёмбар] ҳамроҳ ҳастанд, то аз вай иҷозат нагирифтаанд, [аз ҷамъ] хориҷ намешаванд. Бе тардид, касоне, ки аз ту иҷозат мегиранд, ононанд, ки ба Аллоҳу паёмбараш имон овардаанд. Пас, агар барои анҷоми бархе корҳо [-и муҳим]-и худ аз ту иҷозат мехоҳанд, ба ҳар як аз онон, ки мехоҳӣ иҷозат бидеҳ ва аз Аллоҳ таоло барояшон омурзиш бихоҳ. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
24:62 -
لَا تَجْعَلُوا دُعَاءَ الرَّسُولِ بَيْنَكُمْ كَدُعَاءِ بَعْضِكُمْ بَعْضًا ۚ قَدْ يَعْلَمُ اللَّهُ الَّذِينَ يَتَسَلَّلُونَ مِنْكُمْ لِوَاذًا ۚ فَلْيَحْذَرِ الَّذِينَ يُخَالِفُونَ عَنْ أَمْرِهِ أَنْ تُصِيبَهُمْ فِتْنَةٌ أَوْ يُصِيبَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Фарохонии паёмбар [барои ширкат дар корҳои гурӯҳе]-ро байни худ ҳамчун фарохонии якдигар талаққӣ накунед [ки битавонед онро бипазиред ё рад кунед]. Яқинан, Аллоҳ таоло афроде аз шуморо, ки пушти дигарон пинҳон мешаванд ва махфиёна [аз назди паёмбар] мегурезанд, [ба хубӣ] мешиносад. пас касоне, ки аз фармонаш сарпечӣ мекунанд, бояд битарсанд аз ин ки андуҳ ва балое бар сарашон биёяд ё ба азобе дарднок гирифтор шаванд
24:63 -
أَلَا إِنَّ لِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ قَدْ يَعْلَمُ مَا أَنْتُمْ عَلَيْهِ وَيَوْمَ يُرْجَعُونَ إِلَيْهِ فَيُنَبِّئُهُمْ بِمَا عَمِلُوا ۗ وَاللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ
Огоҳ бошед! Бе тардид, он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они Аллоҳ таоло аст ва яқинан, Ӯ медонад, ки шумо [бар чи кору] дар чи ҳоле ҳастед ва рӯзе, ки [бандагон] ба сӯяш бозгардонда мешаванд, ононро аз он чи [дар дунё] кардаанд, огоҳ месозад ва Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност
24:64
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»