Сура 24 Ан-Нур (Нур), оят 6 – 9

  1. وَالَّذِينَ يَرْمُونَ أَزْوَاجَهُمْ وَلَمْ يَكُنْ لَهُمْ شُهَدَاءُ إِلَّا أَنْفُسُهُمْ فَشَهَادَةُ أَحَدِهِمْ أَرْبَعُ شَهَادَاتٍ بِاللَّهِ ۙ إِنَّهُ لَمِنَ الصَّادِقِينَ

    Ва касоне, ки ҳамсарони худро [ба зино] муттаҳам мекунанд ва ҷуз хештан шоҳиде [бар ин иддао] надоранд, пас, ҳар як аз онон бояд чаҳор бор ба Аллоҳ таоло савганд ёд кунад, ки ҳатман, рост мегӯяд

    24:6
  2. وَالْخَامِسَةُ أَنَّ لَعْنَتَ اللَّهِ عَلَيْهِ إِنْ كَانَ مِنَ الْكَاذِبِينَ

    Ва панҷумин бор [шавҳар бигӯяд], ки лаънати Аллоҳ таоло бар ӯ бод, агар дурӯғгӯ бошад

    24:7
  3. وَيَدْرَأُ عَنْهَا الْعَذَابَ أَنْ تَشْهَدَ أَرْبَعَ شَهَادَاتٍ بِاللَّهِ ۙ إِنَّهُ لَمِنَ الْكَاذِبِينَ

    Ва кайфари зан дар сурате бардошта мешавад, ки чаҳор бор ба Аллоҳ таоло савганд ёд кунад, ки он мард ҳатман, дурӯғгӯ аст

    24:8
  4. وَالْخَامِسَةَ أَنَّ غَضَبَ اللَّهِ عَلَيْهَا إِنْ كَانَ مِنَ الصَّادِقِينَ

    Ва панҷумин бор [бигӯяд], ки хашми Аллоҳ таоло бар ӯ бод, агар [шавҳараш] рост гуфта бошад

    24:9

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»