Сура 24 Ан-Нур (Нур), оят 58 – 61
-
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لِيَسْتَأْذِنْكُمُ الَّذِينَ مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ وَالَّذِينَ لَمْ يَبْلُغُوا الْحُلُمَ مِنْكُمْ ثَلَاثَ مَرَّاتٍ ۚ مِنْ قَبْلِ صَلَاةِ الْفَجْرِ وَحِينَ تَضَعُونَ ثِيَابَكُمْ مِنَ الظَّهِيرَةِ وَمِنْ بَعْدِ صَلَاةِ الْعِشَاءِ ۚ ثَلَاثُ عَوْرَاتٍ لَكُمْ ۚ لَيْسَ عَلَيْكُمْ وَلَا عَلَيْهِمْ جُنَاحٌ بَعْدَهُنَّ ۚ طَوَّافُونَ عَلَيْكُمْ بَعْضُكُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ ۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمُ الْآيَاتِ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ
Эй касоне, ки имон овардаед, бардагонатон ва касоне аз [кӯдакони] шумо, ки ба синни булуғ нарасидаанд, бояд дар се вақт аз шумо иҷозат [-и вуруд] бигиранд: пеш аз намози субҳ ва нимрӯз – ҳангоме ки либосҳоятонро берун меоваред – ва пас аз намози хуфтан. [Ин] Се [вақт] ҳангоми хилвати шумост. Ба ҷуз ин [cе вақт] бар шумо ва бар онон ҳеҷ гуноҳе нест [ки бидуни иҷозат ворид шаванд, чаро ки] онон перомунатон дар рафту омаданд, [ва] бо якдигар [муошират мекунед]. Аллоҳ таоло инчунин оёт [-и худ]-ро бароятон баён мекунад ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
24:58 -
وَإِذَا بَلَغَ الْأَطْفَالُ مِنْكُمُ الْحُلُمَ فَلْيَسْتَأْذِنُوا كَمَا اسْتَأْذَنَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ ۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمْ آيَاتِهِ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ
Ва ҳангоме ки кӯдаконатон ба синни булуғ расиданд, бояд [барои вуруд ба хонаҳои дигарон] иҷозат бигиранд, чунонки бузургсолоне, ки [аҳкомашонро] пеш аз онҳо [шарҳ додем низ] бояд иҷозат мегирифтанд. Аллоҳ таоло инчунин оёташро бароятон баён мекунад ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
24:59 -
وَالْقَوَاعِدُ مِنَ النِّسَاءِ اللَّاتِي لَا يَرْجُونَ نِكَاحًا فَلَيْسَ عَلَيْهِنَّ جُنَاحٌ أَنْ يَضَعْنَ ثِيَابَهُنَّ غَيْرَ مُتَبَرِّجَاتٍ بِزِينَةٍ ۖ وَأَنْ يَسْتَعْفِفْنَ خَيْرٌ لَهُنَّ ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ
Ва бар занон [-и бознишаставу пир ва] аз кор афтодае, ки [дигар майлу] умеди заношӯӣ надоранд, гуноҳе нест, ки пӯшиш [-и сару сурат]-и хешро канор гузоранд, [ба шарти он ки ороиш ва] зинатеро ошкор накунанд ва агар иффат биварзанд [ва худро бипӯшонанд] барояшон беҳтар аст. Ва Аллоҳ таоло шунавои доност
24:60 -
لَيْسَ عَلَى الْأَعْمَىٰ حَرَجٌ وَلَا عَلَى الْأَعْرَجِ حَرَجٌ وَلَا عَلَى الْمَرِيضِ حَرَجٌ وَلَا عَلَىٰ أَنْفُسِكُمْ أَنْ تَأْكُلُوا مِنْ بُيُوتِكُمْ أَوْ بُيُوتِ آبَائِكُمْ أَوْ بُيُوتِ أُمَّهَاتِكُمْ أَوْ بُيُوتِ إِخْوَانِكُمْ أَوْ بُيُوتِ أَخَوَاتِكُمْ أَوْ بُيُوتِ أَعْمَامِكُمْ أَوْ بُيُوتِ عَمَّاتِكُمْ أَوْ بُيُوتِ أَخْوَالِكُمْ أَوْ بُيُوتِ خَالَاتِكُمْ أَوْ مَا مَلَكْتُمْ مَفَاتِحَهُ أَوْ صَدِيقِكُمْ ۚ لَيْسَ عَلَيْكُمْ جُنَاحٌ أَنْ تَأْكُلُوا جَمِيعًا أَوْ أَشْتَاتًا ۚ فَإِذَا دَخَلْتُمْ بُيُوتًا فَسَلِّمُوا عَلَىٰ أَنْفُسِكُمْ تَحِيَّةً مِنْ عِنْدِ اللَّهِ مُبَارَكَةً طَيِّبَةً ۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمُ الْآيَاتِ لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ
Бар [афроди] нобино ва лангу бемор [ки аз таколифи иҷтимоӣ – ҳамчун ҷиҳод – маоф шудаанд] гуноҳе нест ва [ҳамчунин] бар худи шумо гуноҳе нест, ки аз хонаҳои худ [ё фарзандону ҳамсаронатон ғизое] бихӯред ё аз хонаҳои падаронатон ё хонаҳои модаронатон ё хонаҳои бародаронатон ё хонаҳои хоҳаронатон ё хонаҳои амуҳоятон ё хонаҳои аммаҳоятон ё хонаҳои тағоҳоятон ё хонаҳои холаҳоятон ё хонае, ки калидаш дар ихтиёри шумост ё [аз хонаҳои] дӯстонатон. Бар шумо гуноҳе нест, ки дастаҷамъӣ ё ҷудогона [ғизо] бихӯред ва ҳангоме ки ба хонаҳо ворид мешавед, ба якдигар салом кунед, ки дуруде муборак [ва] писандида аз сӯйи Аллоҳ таоло аст. Аллоҳ таоло ин гуна оёти [хеш]-ро бароятон ба равшанӣ баён мекунад, бошад, ки биандешед
24:61
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»