Сура 24 Ан-Нур (Нур), оят 51 – 57
-
إِنَّمَا كَانَ قَوْلَ الْمُؤْمِنِينَ إِذَا دُعُوا إِلَى اللَّهِ وَرَسُولِهِ لِيَحْكُمَ بَيْنَهُمْ أَنْ يَقُولُوا سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا ۚ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ
Сухани муъминон, ҳангоме ки ба сӯи Аллоҳ таоло ва паёмбараш фарохонда мешаванд, то миёнашон доварӣ кунад, фақат ин аст, ки мегӯянд: «Шунидем ва итоат кардем» ва инонанд, ки растагоранд
24:51 -
وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَيَخْشَ اللَّهَ وَيَتَّقْهِ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْفَائِزُونَ
Ва ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат кунад ва аз Аллоҳ таоло битарсад ва аз [нофармонии] Ӯ бипарҳезад, пас, инон комёбанд
24:52 -
وَأَقْسَمُوا بِاللَّهِ جَهْدَ أَيْمَانِهِمْ لَئِنْ أَمَرْتَهُمْ لَيَخْرُجُنَّ ۖ قُلْ لَا تُقْسِمُوا ۖ طَاعَةٌ مَعْرُوفَةٌ ۚ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ
[Мунофиқон] Бо сахттарин савгандҳояшон ба Аллоҳ таоло савганд ёд карданд, ки агар ба онон фармон диҳӣ, [барои ҷиҳод] раҳсипор мешаванд. Бигӯ: «Савганд ёд накунед. Итоат [ва суханони дурӯғатон] шинохташуда аст. Бе тардид, Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст»
24:53 -
قُلْ أَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ ۖ فَإِنْ تَوَلَّوْا فَإِنَّمَا عَلَيْهِ مَا حُمِّلَ وَعَلَيْكُمْ مَا حُمِّلْتُمْ ۖ وَإِنْ تُطِيعُوهُ تَهْتَدُوا ۚ وَمَا عَلَى الرَّسُولِ إِلَّا الْبَلَاغُ الْمُبِينُ
Бигӯ: «Аз Аллоҳ таоло ва паёмбар итоат кунед, пас, агар сарпечӣ кардед, паёмбар масъули чизест, ки бар ӯ таклиф шудааст [иблоғи ваҳй] ва шумо низ масъули чизе ҳастед, ки ба он таклиф шудаед; аммо агар аз ӯ итоат кунед, ҳидоят мешавед; ва паёмбар вазифае ҷуз расонидани ошкоро [-и ваҳй] надорад»
24:54 -
وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا مِنْكُمْ وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَيَسْتَخْلِفَنَّهُمْ فِي الْأَرْضِ كَمَا اسْتَخْلَفَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ وَلَيُمَكِّنَنَّ لَهُمْ دِينَهُمُ الَّذِي ارْتَضَىٰ لَهُمْ وَلَيُبَدِّلَنَّهُمْ مِنْ بَعْدِ خَوْفِهِمْ أَمْنًا ۚ يَعْبُدُونَنِي لَا يُشْرِكُونَ بِي شَيْئًا ۚ وَمَنْ كَفَرَ بَعْدَ ذَٰلِكَ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ
Аллоҳ таоло ба афроде аз шумо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ваъда додааст, ки ҳатман, ононро дар замин ҷонишин [-и мушрикон] месозад. Ҳамон гуна ки касонеро, ки пеш аз онон буданд, [низ] ҷонишин [-и кофирону ситамгарон] намуд ва [фармудааст] динашонро, ки барои онон писандидааст, барояшон устувор [-у пирӯзманд] созад ва тарсашонро ба оромишу амният табдил кунад [чаро ки] танҳо Маро мепарастанд ва чизеро бо Ман шарик намесозанд ва ҳар ки аз ин пас куфр биварзад, пас, инонанд, ки нофармонанд
24:55 -
وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ
Ва намоз барпо доред ва закот бипардозед ва аз паёмбар итоат кунед, бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред
24:56 -
لَا تَحْسَبَنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا مُعْجِزِينَ فِي الْأَرْضِ ۚ وَمَأْوَاهُمُ النَّارُ ۖ وَلَبِئْسَ الْمَصِيرُ
[Эй Паёмбар] Ҳаргиз мапиндор касоне, ки куфр варзиданд, нотавонкунанда [-и Аллоҳ таоло] дар заминанд [ва метавонанд аз муҷозоти илоҳӣ бигрезанд]. Ҷойгоҳи инон оташ аст ва чи бад бозгаштангоҳест!
24:57
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»