Сура 24 Ан-Нур (Нур), оят 41 – 50

  1. أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّهَ يُسَبِّحُ لَهُ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَالطَّيْرُ صَافَّاتٍ ۖ كُلٌّ قَدْ عَلِمَ صَلَاتَهُ وَتَسْبِيحَهُ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِمَا يَفْعَلُونَ

    Оё надидӣ, ҳар ки дар осмонҳо ва замин аст ва [ҳатто] паррандаҳои дар осмон паркушода [дар осмон ҳамагӣ] Аллоҳро ба покӣ меситоянд. Ҳар як аз онон ниёишу ситоиши хешро медонад ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунанд, огоҳ аст

    24:41
  2. وَلِلَّهِ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ وَإِلَى اللَّهِ الْمَصِيرُ

    Ва фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Аллоҳ таоло аст

    24:42
  3. أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّهَ يُزْجِي سَحَابًا ثُمَّ يُؤَلِّفُ بَيْنَهُ ثُمَّ يَجْعَلُهُ رُكَامًا فَتَرَى الْوَدْقَ يَخْرُجُ مِنْ خِلَالِهِ وَيُنَزِّلُ مِنَ السَّمَاءِ مِنْ جِبَالٍ فِيهَا مِنْ بَرَدٍ فَيُصِيبُ بِهِ مَنْ يَشَاءُ وَيَصْرِفُهُ عَنْ مَنْ يَشَاءُ ۖ يَكَادُ سَنَا بَرْقِهِ يَذْهَبُ بِالْأَبْصَارِ

    Оё надидӣ, ки Аллоҳ таоло абрҳоеро ба оромӣ меронад, сипас байни [аҷзои] он пайванд медиҳад, он гоҳ тӯдаи анбӯҳе падид меоварад, пас, қатраҳои боронро мебинӣ, ки аз миёнаш таровиш мекунад ва аз кӯҳҳое [аз анбӯҳи абрҳо], ки дар осмон аст, донаҳои жола фурӯ меборад, пас, онро ба ҳар ки бихоҳад фурӯ мерезад ва аз ҳар ки бихоҳад бозмедорад. Наздик аст, дурахшандагии барқаш чашмҳоро [аз байн] барад

    24:43
  4. يُقَلِّبُ اللَّهُ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَعِبْرَةً لِأُولِي الْأَبْصَارِ

    Аллоҳ таоло шабу рӯзро мегардонад [ва паёпай меоварад]. Яқинан, дар ин [гардиш] ибрате барои аҳли басират аст

    24:44
  5. وَاللَّهُ خَلَقَ كُلَّ دَابَّةٍ مِنْ مَاءٍ ۖ فَمِنْهُمْ مَنْ يَمْشِي عَلَىٰ بَطْنِهِ وَمِنْهُمْ مَنْ يَمْشِي عَلَىٰ رِجْلَيْنِ وَمِنْهُمْ مَنْ يَمْشِي عَلَىٰ أَرْبَعٍ ۚ يَخْلُقُ اللَّهُ مَا يَشَاءُ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

    Ва Аллоҳ таоло ҳар мавҷуди зиндаеро аз об офарид, пас, бархе аз онон бар шиками худ мераванд ва бархе бар ду по роҳ мераванд ва бархе аз онон чаҳор [по] роҳ мераванд. Аллоҳ таоло ҳар чи бихоҳад меофаринад. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳама чиз тавоност

    24:45
  6. لَقَدْ أَنْزَلْنَا آيَاتٍ مُبَيِّنَاتٍ ۚ وَاللَّهُ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ

    Ба ростӣ, ки [Мо] оёти равшангаре нозил кардем ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад

    24:46
  7. وَيَقُولُونَ آمَنَّا بِاللَّهِ وَبِالرَّسُولِ وَأَطَعْنَا ثُمَّ يَتَوَلَّىٰ فَرِيقٌ مِنْهُمْ مِنْ بَعْدِ ذَٰلِكَ ۚ وَمَا أُولَٰئِكَ بِالْمُؤْمِنِينَ

    Ва [мунофиқон] мегӯянд: «Ба Аллоҳ таоло ва паёмбар [-и Ӯ] имон овардем ва [аз фармонашон] итоат кардем», аммо пас аз ин [иддао] гурӯҳе аз онон рӯйгардон мешаванд ва инон [дар ҳақиқат] муъмин нестанд

    24:47
  8. وَإِذَا دُعُوا إِلَى اللَّهِ وَرَسُولِهِ لِيَحْكُمَ بَيْنَهُمْ إِذَا فَرِيقٌ مِنْهُمْ مُعْرِضُونَ

    Ва ҳангоме ки ба сӯйи Аллоҳ таоло ва паёмбараш фарохонда мешаванд, то дар миёнашон доварӣ кунад, ногоҳ гурӯҳе аз онон рӯйгардон мешаванд

    24:48
  9. وَإِنْ يَكُنْ لَهُمُ الْحَقُّ يَأْتُوا إِلَيْهِ مُذْعِنِينَ

    Ва агар ҳақ ба онон бошад, мутеона [фурӯтанона] ба сӯйи ӯ меоянд

    24:49
  10. أَفِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ أَمِ ارْتَابُوا أَمْ يَخَافُونَ أَنْ يَحِيفَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ وَرَسُولُهُ ۚ بَلْ أُولَٰئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ

    Оё дар дилҳояшон беморӣ аст ё [дар бораи рисолаташ] тардид доранд? Ё метарсанд, ки Аллоҳ таоло ва паёмбараш бар онон ситам кунанд? [На] Балки онон худ ситамгоранд

    24:50

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»