Сура 24 Ан-Нур (Нур), оят 36 – 39

  1. فِي بُيُوتٍ أَذِنَ اللَّهُ أَنْ تُرْفَعَ وَيُذْكَرَ فِيهَا اسْمُهُ يُسَبِّحُ لَهُ فِيهَا بِالْغُدُوِّ وَالْآصَالِ

    [Ин чароғи ҳидоят] Дар масоҷидест, ки Аллоҳ таоло амр кардааст, то [қадру манзалатшон] гиромӣ дошта шавад ва номаш дар онҳо бурда шавад, [ва] дар он ҷо бомдодон ва шомгоҳон Ӯро ба покӣ биситоянд

    24:36
  2. رِجَالٌ لَا تُلْهِيهِمْ تِجَارَةٌ وَلَا بَيْعٌ عَنْ ذِكْرِ اللَّهِ وَإِقَامِ الصَّلَاةِ وَإِيتَاءِ الزَّكَاةِ ۙ يَخَافُونَ يَوْمًا تَتَقَلَّبُ فِيهِ الْقُلُوبُ وَالْأَبْصَارُ

    Мардоне, ки ҳеҷ тиҷорат ва хариду фурӯше ононро аз ёди Аллоҳ таоло ва барпо доштани намоз ва пардохти закот ғофил намекунад, [ва] аз рӯзе, ки дилҳо ва чашмҳо дигаргун мешавад, бим доранд

    24:37
  3. لِيَجْزِيَهُمُ اللَّهُ أَحْسَنَ مَا عَمِلُوا وَيَزِيدَهُمْ مِنْ فَضْلِهِ ۗ وَاللَّهُ يَرْزُقُ مَنْ يَشَاءُ بِغَيْرِ حِسَابٍ

    То Аллоҳ таоло беҳтар аз он чи анҷом додаанд, ба онон подош диҳад ва аз фазли худ низ бар подошашон бияфзояд ва Аллоҳ таоло ба ҳар ки бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад

    24:38
  4. وَالَّذِينَ كَفَرُوا أَعْمَالُهُمْ كَسَرَابٍ بِقِيعَةٍ يَحْسَبُهُ الظَّمْآنُ مَاءً حَتَّىٰ إِذَا جَاءَهُ لَمْ يَجِدْهُ شَيْئًا وَوَجَدَ اللَّهَ عِنْدَهُ فَوَفَّاهُ حِسَابَهُ ۗ وَاللَّهُ سَرِيعُ الْحِسَابِ

    Ва касоне, ки куфр варзиданд, аъмолашон ҳамчун саробе дар биёбоне ҳамвор аст, ки [аз дур инсони] ташна онро об мепиндорад, то он ки наздикаш мешавад [ва] чизе намеёбад ва [аъмоли кофир низ саробест, ки суде барояш надорад ва дар иваз] Аллоҳро назди хеш меёбад, ки ҳисобашро ба таври комил медиҳад ва Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст

    24:39

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»