Сура 24 Ан-Нур (Нур), оят 35 – 40
-
اللَّهُ نُورُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ مَثَلُ نُورِهِ كَمِشْكَاةٍ فِيهَا مِصْبَاحٌ ۖ الْمِصْبَاحُ فِي زُجَاجَةٍ ۖ الزُّجَاجَةُ كَأَنَّهَا كَوْكَبٌ دُرِّيٌّ يُوقَدُ مِنْ شَجَرَةٍ مُبَارَكَةٍ زَيْتُونَةٍ لَا شَرْقِيَّةٍ وَلَا غَرْبِيَّةٍ يَكَادُ زَيْتُهَا يُضِيءُ وَلَوْ لَمْ تَمْسَسْهُ نَارٌ ۚ نُورٌ عَلَىٰ نُورٍ ۗ يَهْدِي اللَّهُ لِنُورِهِ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَيَضْرِبُ اللَّهُ الْأَمْثَالَ لِلنَّاسِ ۗ وَاللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ
Аллоҳ таоло нури осмонҳо ва замин аст. Масали нури Ӯ ҳаммонанди чароғдонест, ки дарунаш чароғе [афрӯхта] аст [ва] он чароғ дар шишае қарор дорад [ва] он шиша гӯӣ ситорае дурахшон аст. Ин чароғ бо [равғани] дарахти пурбаракати зайтун афрӯхта мешавад, ки на шарқӣ аст ва на ғарбӣ [ва хуршед ҳамвора бар он метобад]. Равғанаш [чунон зулол аст, ки] наздик аст, бидуни тамос бо оташ шуълавар гардад. Нурест афзун бар нур. [Қалби муъмин низ бо нури ҳидоят ин гуна равшан мешавад] Ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, ба нури хеш ҳидоят мекунад ва Аллоҳ таоло барои мардум масалҳо мезанад ва Аллоҳ таоло ба ҳар чиз доност
24:35 -
فِي بُيُوتٍ أَذِنَ اللَّهُ أَنْ تُرْفَعَ وَيُذْكَرَ فِيهَا اسْمُهُ يُسَبِّحُ لَهُ فِيهَا بِالْغُدُوِّ وَالْآصَالِ
[Ин чароғи ҳидоят] Дар масоҷидест, ки Аллоҳ таоло амр кардааст, то [қадру манзалатшон] гиромӣ дошта шавад ва номаш дар онҳо бурда шавад, [ва] дар он ҷо бомдодон ва шомгоҳон Ӯро ба покӣ биситоянд
24:36 -
رِجَالٌ لَا تُلْهِيهِمْ تِجَارَةٌ وَلَا بَيْعٌ عَنْ ذِكْرِ اللَّهِ وَإِقَامِ الصَّلَاةِ وَإِيتَاءِ الزَّكَاةِ ۙ يَخَافُونَ يَوْمًا تَتَقَلَّبُ فِيهِ الْقُلُوبُ وَالْأَبْصَارُ
Мардоне, ки ҳеҷ тиҷорат ва хариду фурӯше ононро аз ёди Аллоҳ таоло ва барпо доштани намоз ва пардохти закот ғофил намекунад, [ва] аз рӯзе, ки дилҳо ва чашмҳо дигаргун мешавад, бим доранд
24:37 -
لِيَجْزِيَهُمُ اللَّهُ أَحْسَنَ مَا عَمِلُوا وَيَزِيدَهُمْ مِنْ فَضْلِهِ ۗ وَاللَّهُ يَرْزُقُ مَنْ يَشَاءُ بِغَيْرِ حِسَابٍ
То Аллоҳ таоло беҳтар аз он чи анҷом додаанд, ба онон подош диҳад ва аз фазли худ низ бар подошашон бияфзояд ва Аллоҳ таоло ба ҳар ки бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад
24:38 -
وَالَّذِينَ كَفَرُوا أَعْمَالُهُمْ كَسَرَابٍ بِقِيعَةٍ يَحْسَبُهُ الظَّمْآنُ مَاءً حَتَّىٰ إِذَا جَاءَهُ لَمْ يَجِدْهُ شَيْئًا وَوَجَدَ اللَّهَ عِنْدَهُ فَوَفَّاهُ حِسَابَهُ ۗ وَاللَّهُ سَرِيعُ الْحِسَابِ
Ва касоне, ки куфр варзиданд, аъмолашон ҳамчун саробе дар биёбоне ҳамвор аст, ки [аз дур инсони] ташна онро об мепиндорад, то он ки наздикаш мешавад [ва] чизе намеёбад ва [аъмоли кофир низ саробест, ки суде барояш надорад ва дар иваз] Аллоҳро назди хеш меёбад, ки ҳисобашро ба таври комил медиҳад ва Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст
24:39 -
أَوْ كَظُلُمَاتٍ فِي بَحْرٍ لُجِّيٍّ يَغْشَاهُ مَوْجٌ مِنْ فَوْقِهِ مَوْجٌ مِنْ فَوْقِهِ سَحَابٌ ۚ ظُلُمَاتٌ بَعْضُهَا فَوْقَ بَعْضٍ إِذَا أَخْرَجَ يَدَهُ لَمْ يَكَدْ يَرَاهَا ۗ وَمَنْ لَمْ يَجْعَلِ اللَّهُ لَهُ نُورًا فَمَا لَهُ مِنْ نُورٍ
Ё [аъмолаш] ҳамчун торикиҳое дар дарёи жарф аст, ки мавҷе онро мепӯшонад ва бар фарози он мавҷе дигар аст, [ва] бар фарозаш абре [торик] қарор дорад. Торикиҳое аст, яке бар фарози дигаре [чунон ки] агар [шахси гумгашта] дасти худро берун оварад, мумкин нест онро бубинад. Ва касе, ки Аллоҳ таоло нуре [аз ҳидоят] барояш қарор надода бошад, пас, [ҳеҷ ҳидоят ва] нуре барояш нест
24:40
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»